Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD 11 ширкат ва афроди алоҳидаи Тоҷикистонро танбеҳ дод


Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ё EBRD
Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ё EBRD

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд (EBRD) 11 муассиса ва афроди алоҳида аз Тоҷикистонро ба далели тақаллубкорӣ ва муомилаҳои ғайриқонунӣ то соли 2020 аз ҳаққи ҳамкорӣ бо ин бонк маҳрум кардааст.

  • Тамоми ин афроду муассиса ва корхонаҳоро бонк ба феҳрасти ба қавле сиёҳ ва ё феҳрасти “Таъсисоти ғайриқобили эътимод” ворид кардааст, ки ҳақ надоранд, ба иҷрои ҳеҷ яке аз тарҳҳои ин муассисаи байналмилалии молӣ ҷалб шаванд.
Баъзе аз ин муассисаҳо ҳангоми иҷрои тарҳ санадҳои қалбакӣ пешниҳод кардаанд ваё бо зиёд нишон додани қимати баъзе аз маҳсулот пули зиёдтар ба даст овардаанд

Чаро танбеҳ гирифтанд? ​

“Меҳроби Хуҷанд”, “Хуҷандроҳ”, ҷамъияти саҳҳомии “Роҳи Ваҳдат”, “Суғд-Техно-Сервис” аз ҷумлаи ширкатҳое ҳастанд, ки то соли 2020 ҳақ надоранд, ба тарҳҳои Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд наздик шаванд. Ширкат ва ҷамъиятҳои саҳомии мазкурро барои он танбеҳ додаанд, ки “барои ҳадафҳои ношоиста” бо дигар тарафҳо муомила кардаанд.

Дар Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои хоси маҳрум кардани ин муассисаву афрод аз ҳамкорӣ гуфтанд, “дар бораи ширкату афроди алоҳида шарҳ намедиҳанд”.

Дар посухи катбии сухангӯи бонк Антон Усов ба Радиои Озодӣ омадааст, “ҳар ширкату афроде, ки ҳангоми иҷрои тарҳҳои бонк дар фаъолиятҳои мухолиф ба сиёсатҳои Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд саҳм мегирад, ё бо тарафи саввум даъво дорад, ё аз ҳаққи ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои байналмилалӣ маҳрум шудааст, ба феҳрасти “Таъсисоти ғайриқобили эътимод” шомил мешавад.”

Яке аз мутахассисони огоҳ аз қазияи танбеҳ гирифтани ин ширкатҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъзе аз ин муассисаҳо ҳангоми иҷрои тарҳ санадҳои қалбакӣ пешниҳод кардаанд ваё бо зиёд нишон додани қимати баъзе аз маҳсулот пули зиёдтар ба даст овардаанд.”

То соли 2020 иҷоза надоранд, ки...

Баъди тафтиш ва маълум шудани қонуншиканиву муомилоти ғайриқонунӣ Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, бо қабули қароре ҳамаи онҳоро аз иҷрои тарҳҳо дур кард ва онҳо то соли 2020 иҷоза надоранд, ба ҳеҷ яке аз тарҳҳои бонк ҷалб шаванд.

Ҳарчанд дар бораи муомилаҳои алоҳида чизе гуфта нашудааст, аммо дар яке аз ин ширкатҳо, ҷамъияти саҳомии “Хуҷандроҳ” дар соли 2016 додситонӣ сӯиистифодаи маблағҳоро ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ ошкор кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ҳангоми тафтиши фаъолияти ин ширкат дар соли 2016 маълум карданд, ки корхона ба ҳайси таъмиркунандаи роҳҳо бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ кор анҷом дода ва раҳбарони он “аз роҳи гаронтар нишон додани масолеҳ ва сохтакории санадҳои хароҷот беш аз 81 ҳазор сомониро аз они худ кардаанд.”

Бо вуҷуди ин, муомилоти ғайриқонунӣ, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мегӯяд, ин муассисаву афрод метавонанд, дигарбора ба иҷрои тарҳҳо умед банданд, вале ба ин шарт, ки “ислоҳ шаванд ва фаъолияти худро ба меъёрҳои бонк муносиб кунанд”.

Мушкил: Гаронтар нишон додани нархи маҳсулот

Намояндагони ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо ҳозир нашуданд, доир ба ин масъала бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Аммо танбеҳи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, 11 муассисаву афроди алоҳидаи Тоҷикистонро на фақат аз ҳамкорӣ бо ин созмон маҳрум мекунанд, балки оқибатҳои сахттар ҳам доранд. Бар асоси як мувофиқатномае, ки байни муассисаҳои байналмилалии молӣ имзо шудааст, ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо ҳақ надоранд, ба тарҳҳои бонкҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон иҷро мешавад, саҳм бигиранд. Аз ҷумла, дар тарҳҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигар муассисаҳои молӣ.

Муомилоти ғайриқонунӣ дар тарҳҳои муассисаҳои байналмилалии молӣ ҳарфи наве нест. Дар гузашта Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ҳам чанд ширкату муассисаҳои Тоҷикистонро барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бахусус “гаронтар нишон додани қимати маҳсулот аз нархи аслӣ ва пешниҳоди санадҳои тақаллубӣ” аз иҷрои тарҳҳо барканор кардаанд.

XS
SM
MD
LG