Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: "Пулдорӣ ҳунар нест, сарфи оқилонаи пул ҳунар аст” ВИДЕО


Як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки танҳо 29 дарсади пурсидашудаҳо саводи кофии молӣ дошта, маблағҳои худро ҳадафмандона истифода мекунанд. Ин пажӯҳиш аз тарафи ширкати “ZET analytics grоup” дар миёни 1053 нафар аз афроди касбу кори гуногун анҷом шудааст.

Дахлу харҷи Ҳилолбӣ

Ба онҳо роҳҳои дурусти истифодаи пулро меомӯзонем. Зеро шарт нест, ба маблағи гирифтаашон зуд либоси қимат харида, давоми моҳ бепул монанд

Ҳилолбӣ Саидова, сокини шаҳри Истаравшан, ҳар моҳ аз ду писару набераи муҳоҷираш тақрибан ҳазор сомонӣ дарёфт мекунад. Аммо, ба қавли ӯ, ин маблағ то чанд вақти пеш ба зиндагиаш намерасид ва ӯ ночор хабар медод, ки боз пул фиристанд. Чанд моҳи пеш, ҳангоми пулгириаш дар бонки “Эсхата”, масъулон гуфтанд, ки шеваи дурусти истифодаи маблағҳояшро омӯзиш медиҳанд. Тӯли чаҳор рӯз Саидова ба ин бонк рафта, тарзи тақсими дурусти маблағҳои мегирифтаашро омӯхт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бонки Ҷаҳонӣ: “Пулдорӣ ҳунар нест, сарфи оқилонаи пул ҳунар аст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ӯ рӯзи 14-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар гуфт, “дар бонк як дафтарчаи харҷу дахлро ба ман дода, хоҳиш карданд, ҳамаи харидҳоямро бинависам. Баъд аз як моҳ маро даъват карда, нишон доданд, ки кадоме аз харҷҳоям нодуруст буд. Ҳамин хел сарфаи пулро ёд гирифтам ва акнун маблағи интиқолии фарзандон ба зиндагиамон мерасад.”

"Шарт нест, ба маблағи гирифтаашон зуд либоси қимат харанд"

Зарина Бобоева
Зарина Бобоева

Заррина Бобоева, як масъули бонки “Спитамен”, низ мегӯяд, ҳар рӯз бо чунин муштариҳо рӯбарӯ мешаванд. Ӯ гуфт, тибқи як барномаи Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори бархе аз муассисаҳо вазифадор шудаанд, ки дониши молиявии муштариёни худро баланд бардоранд.

"Ҳолати зиёд мешавад, ки занҳои солхӯрда интизори гирифтани пули фарзандонашон мешаванд. Як хонумеро дидам, ки баъд аз ду рӯзи гирифтани пули фарзанди муҳоҷираш дубора ба назди бонк омад. Мо ба онҳо роҳҳои дурусти истифодаи пулро меомӯзонем. Зеро шарт нест, ба маблағи гирифтаашон зуд либоси қимат харида, давоми моҳ бепул монанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Бобоева дар ин давраи омузишӣ ба ҳар як ширкаткунанда дафтар дода мешавад ва аз онҳо талаб мешавад, то харҷҳои рӯзонаашонро сабт намуда, барои як моҳ маблағи дар дасташон бударо дуруст тақсим кунанд. Ҳамин тавр, тибқи ин тақсимбандӣ онҳо метавонанд аз бозору дӯкон харид намоянд, ки дар натиҷа маблағҳоро сарфакорона истифода хоҳанд бурд.

"71% саводи молӣ надоранд"

Дафтари дахлу харҷ
Дафтари дахлу харҷ

Зимнан, давраҳои омӯзишӣ муддати як моҳ бо муштариёни бонк ва бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ ройгон сурат мегирад. Масъулони бонкҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, омӯзиши донишҳои молиявӣ барои ҳар як муштарӣ ҳамагӣ бо ҳазинаи 0,5 доллар анҷом шудааст, ки ин пасттарин арзиш дар таҷрибаи Бонки Ҷаҳонӣ дониста мешавад. Аммо ба гуфтаи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ давраҳои омӯзишии донишҳои молиявӣ барои ҳар муштарӣ аз 15 то 20 доллар ҳазина шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми декабр тарҳи “Саводи молии” Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе аз натиҷаи миёндаврии ин тарҳ, ки соли 2013 оғоз шуда буд, натиҷагирӣ кард. Зарина Одинаева, мутахассиси ин тарҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи пажӯҳиши тозаи онҳо танҳо 29 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон саводи кофии молӣ доранд ва метавонанд даромадҳои худро мақсаднок истифода кунанд. Одинаева афзуд, дар се соли ахир ин шумора танҳо ду дарсад афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки то 75 дарсади аҳолии кишварҳои аврупоӣ аз донишҳои молӣ бархӯрдоранд ва дар Афғонистон ин рақам 13 дарсад будааст.

"Дар ғайри сурат, аз фақр баромадан хеле душвор хоҳад буд"

Зарина Одинаева
Зарина Одинаева

Заррина Одинаева афзуд, яке аз сабабҳои фақр дар миёни сокинони Тоҷикистон ба надоштани саводи кофии молиявӣ дар миёни мардум рабт мегирад. “Як донишманди амрикоӣ гуфтааст, ки зиндагии одам на ба маблағи дар дасташ буда, балки аз донишҳои бардоштааш дар бораи истифодаи он марбут аст. Талоши мо ба он аст, ки ҳарчанд наметавонем одамро аз кӯдакӣ аз лиҳози саводи молиявӣ дониш дода тавонем, вале бояд ҳарчӣ бештар калонсолонро бо ин саводнокӣ фаро бигирем. Дар ғайри ин сурат баромадани сокинони Тоҷикистон аз ҳолати фақр хеле душвор хоҳад буд”, - афзуд ӯ.

Масъулони бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи омӯзиши донишҳои молӣ афроди камбизоат батадриҷ кам шуда, онҳо пасандоз ҳам ҷамъ мекунанд. Тибқи натоиҷи ин пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ танҳо 3,2 дарсади сокинони Тоҷикистон пасандозҳояшонро барои тиҷорат истифода мекунанд. 31 дарсади пурсидашудаҳо аз фоизи баланди қарзҳои бонкӣ тарс доранд.

XS
SM
MD
LG