Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 1 млн рубл. "Ҳар рӯз меоянд, ки писаратро бигӯ, пули моро баргардонад"


Ҳасан Ҳайдаров
Ҳасан Ҳайдаров

Баҳси беш аз як миллион рубл миёни корфармо, миёнарав ва коргарони тоҷик дар сохтмоне дар Маскав зиндагии хонаводаи Марҳиламо Ҳайдарова, як сокини ноҳияи Лахши Тоҷикистонро талх кардааст. Пайвандони ҳудуди 20 муҳоҷири меҳнатӣ аз Марҳиламо Ҳайдарова, сокини деҳаи Соседбулоқи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), бо талаби пуле меоянд, ки фарзандонашон дар Русия кор кардаанд. Ин деҳа 300 хонавода дорад, ки пайвандони аксарашон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Ҳар рӯз меоянд, ки писаратро бигӯ, то пули моро баргардонад. Писарам худаш шаш моҳ боз пул нафиристодааст. Шавҳарам ҳафт моҳ пеш даргузашт

Пойи ӯ дар баҳси беш аз як миллион рубли муҳоҷирони тоҷик дар Маскав пас аз он кашида шуд, ки давоми шаш моҳ писараш ба ҳайси миёнарав натавонист пули ҳамдеҳагонашро аз корфармо бигирад. Ҳасан Ҳайдар, писари 30-солаи Марҳиламо, дар пайи ин моҷаро дар Русия дармондааст ва шаш моҳ боз ҳеҷ пуле ба хонавода намефиристад.

Марҳиламоҳ Ҳайдарова рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд моҳ боз наздикони муҳоҷироне, ки бо миёнаравии писари ӯ дар сохтмон кор мекарданд ва маош нагирифта буданд, пушти дараш меоянд ва фишор меоранд, ки писараш пули фарзандони онҳоро баргардонад. Бархеи онҳо ба пулиси маҳаллӣ низ шикоят кардаанд. Ӯ гуфт, “ҳар рӯз меоянд, ки писаратро бигӯ, то пули моро баргардонад. Писарам худаш шаш моҳ боз пул нафиристодааст. Шавҳарам ҳафт моҳ пеш даргузашт. Фишорам баланд шудааст. Аз ман талаб мекунанд, ки писаратро гӯй, то пули моро диҳад.”

Пайвандони муҳоҷирон бар ин боваранд, ки писари ин зан онҳоро фиреб додааст ва ҳоло аз муҳоҷироне, ки зери дасти онҳо кор мекард, фирор карда, ҷое пинҳон шудааст. Хосият Алиева, як зане, ки писараш зери дасти писари ин зан кор кардааст, гуфт, вақте дар Русия писари ин занро пайдо намекунанд, назди модараш мераванд, то писарашро пайдо кунад ва пули онҳоро баргардонад. Ӯ гуфт, моҳҳо боз бидуни маблағи писараш ба сахти рӯзгорро пеш мебаранд.

“Корфармо мегӯяд, ки пулро ба Ҳасан додааст, вале Ҳасан мегӯяд, ки нагирифтам. Мо ҳам зиндагӣ дорем. Ин бача аз аввал ваъда карда буд, пулро гирифтааст ва медиҳад, вале ҳоло аз он гапаш гаштааст. Барои ҳамин, модарашро мегӯем, ки ба писараш расонад, то пулро диҳад”, - гуфт ӯ.

Ҳасан: “Бандие дар озодиам”

Ҳасан Ҳайдаров, писари 30-солаи Марҳиламоҳ, 12 сол собиқаи кор дар Русияро дорад. Бинобар сабаби хуб донистани забони русӣ чанд соли охир ба миёнаравӣ машғул аст. Ҳасан рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи апрел дар сохтмоне кор пайдо кард ва ҳамдеҳагонашро барои кор ҷалб намуд. Ӯ гуфт, ҳар моҳ корфармо ваъдаи пардохти пул мекард, вале то ҳанӯз пулро надодааст. Ин ҷавон баръакси иддаои ҳамдеҳагон худро низ қурбонӣ медонад.

Ӯ гуфт, “шиносномаамро як нафар бо баҳонаи қайд гирифт ва гум шуд. Корфарморо ҳам дигар намеёбам. Панҷ моҳ шуд, аз хона берун рафта наметавонам. Аввал инки пуле надорам, то берун бароям. Дувум, бидуни ҳуҷҷат ба ҳеҷ ҷое ҳаракат карда наметавонам. Онҳое, ки бо миёнаравии ман кор кардаанд, мефаҳмам, вале ҳеҷ чиз аз дастам намеояд.”

Ҳасан мегӯяд, дар як тамоси телефонӣ ба пулиси маҳалли зисташ дар Тоҷикистон ин мушкилро фаҳмонд ва зоҳиран, онҳо дарк карданд, ки напардохтани пули муҳоҷирон айби ӯ нест.

Александр Михайлович, раиси ширкати “Еврострой”, ҳамдеҳагони Ҳасан дар онҷо кор мекарданд, гуфт, Ҳасанро мешиносад ва назди ӯ аз кор дар сохтмон 600 ҳазор рубл қарздор аст. Ӯ гуфт, “намедонам 1 миллиону 200 ҳазор рубл аз куҷост, аммо шашсад ҳазор рублро бояд баргардонам. Мушкил дар ин аст, ки пулро фармоишгари сохтмон ҳанӯз ба ҳисоби ширкати мо нагузарондааст. Ваъда карданд, ки ҳафтаи дигар пулро медиҳанд. Дар сурати гузаштани пул мо фаврӣ онро ба Ҳасан медиҳем”, - афзуд Михайлович.

Миёнаравҳои ғайрирасмӣ кистанд?

Миёнаравҳо дар Русия аксаран онҳое ҳастанд, ки забони русиро хуб медонанд ва бо пайдо кардани кор ба дигар муҳоҷирони корӣ даромад мегиранд. Аммо мисли қазияи Ҳасан Ҳайдаров ҳамеша миёни миёнравҳо ва муҳоҷирон дар Русия сари пул баҳс аст.

Қурбоналӣ Эмомов, муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, бо сабаби онки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ забони русӣ ва қонунҳои ин кишварро намедонанд, ба миёнарав ниёз пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, бархе муҳоҷирони собиқадор аз ин роҳ даромад ба даст меоранд. “Бархеашон бо муҳоҷирон кор мекунанд, вале бархе фақат миёнаравӣ мекунанд ва корфармо низ ба дасти ӯ пулро медиҳад”, - гуфт Эмомов.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Хадамоти муҳоҷират: бовар накунед

Шумораи дақиқи миёнаравҳо дар миёни тоҷикон маълум нест, вале ба гуфтаи мақомоти масъул дар миёни ҳар гурӯҳи даҳнафарии муҳоҷирон дар Русия як миёнарав қарор дорад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, “ҳолатҳое буданд, ки маблағро аз корфармо гирифта, ғайб мезананд. Хоҳиши мо ин аст, ки ҳар ҷое муҳоҷир кор мекунад, бо воситаи миёнрав аст ё мустақим бояд шартнома дошта бошанд”, - гуфт Аҳмадов.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, муҳоҷирони зиёде бо чунин мазмун ба онҳо шикоят мекунанд. Дар як соли охир онҳо беш аз 50 миллион рублро аз корфармоён ба муҳоҷирон баргардондаанд. Баргардонидани пул дар ҳоле имконпазир аст, ки муҳоҷирон бояд ба корфармо шартномаи меҳнатӣ дошта бошанд. Дар сурати ғайр, мушкили Марҳиламоҳ ва писараш бо сокинони як деҳа такрор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG