Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо доллари Бонки аврупоӣ ба Роҳи оҳани Тоҷикистон. ВИДЕО


15 апрели соли 2013. Раҳбари вақти Роспотребнадзор вазъи қатори мусофирбари Маскав-Душанберо мавриди санҷиш қарор медиҳад
15 апрели соли 2013. Раҳбари вақти Роспотребнадзор вазъи қатори мусофирбари Маскав-Душанберо мавриди санҷиш қарор медиҳад

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) дар садад аст, ба идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 26 миллион доллар бидиҳад. Ин маблағ, қарор аст, барои харидани вагон ва локомотивҳо сарф шавад.

Рогозин он замон вагони қаторҳои Тоҷикистонро фарсуда номид ва гуфт, онҳо набояд дар қаламрави Русия ҳаракат кунанд.

26 миллион долларе, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба “Роҳи оҳан” ихтисос доданист, танҳо қисмате аз барномаи навсозии вагону локомотивҳои ин ширкати давлатӣ мебошад. Барномаи куллии навсозии вагону локомотивҳои “Роҳи оҳан” 109 миллион доллар муайян шудааст.

Антон Усов, раҳбари дафтари матбуоти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар оғози барнома бонк барои иҷрои ин тарҳ ихтисос додани 26 миллион долларро пешбинӣ кардааст. Ин барнома ба шӯрои роҳбарони бонк пешниҳод шудааст, ки рӯзи 28-уми феврали соли 2018, яъне баъди ду моҳ, тасдиқ хоҳанд кард.

“Ин маблағ барои харидории вагон ва локомотивҳои дизелӣ равона хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, барнома навсозии 2 ҳазор вагон ва 40 локомотиви дизелиро дар бар мегирад. Аммо чун идораи “Роҳи оҳан” давлатӣ аст, давлат ҳам бояд дар ин барнома саҳм бигирад. То ҷое иттилоъ дорам, ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худаш аллакай 900 вагони боркашон ва 8 локомотиви дизелӣ харидааст”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Роҳи оҳани Тоҷикистон барои қатораҳои нав сармоя пайдо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Рейди қатори Тоҷикистон дар чор соли пеш

Ин иқдоми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳолест, ки 4 сол қабл мақомоти Русия равуои қатораҳои Тоҷикистонро ба хотири куҳнаву фарсуда будани вагонҳо ва “вазъи антисанитарӣ дар дохили он” барои як муддат қатъ карда буданд.

Қатъи равуои вагонҳо дар пайи тафтиши таҳти раҳбарии ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар вилояти Астрахан сурат гирифт. Рогозин он замон қаторҳои Тоҷикистонро фарсуда номид ва гуфт, онҳо набояд дар қаламрави Русия ҳаракат кунанд.

Геннадий Онишенко, он замон раиси "Роспотребнадзор", ки дар ин рейд Рогозинро ҳамроҳӣ мекард, низ гуфта буд, идораи ӯ тафтиши мӯшикофонаи қаторҳои Тоҷикистонро идома хоҳад дод ва дар ғайри сурати рафъи камбудҳо, аз пешниҳоди қатъи ҳаракати ин қаторҳо ҳимоят хоҳад кард. Онишенко беш аз ҳама аз вазъи ошхона нигаронӣ карда гуфта буд: “Дар ошхонаи қатор яхдон нест, чӣ гуна хӯроки солим омода карда мешавад? Бояд кулли зарфҳои вагон доимо иваз шавад. Беҳтар аст, ки ин вагон – ошхонаро аз қатор хориҷ кунанд.”

Пас аз ин моҷаро идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон як локомотив ва вагонҳои як қаторро нав кард. Аммо қаторҳои дигари ин ширкат умдатан боқимонда аз замони Шӯравӣ ҳастанд, ки аксаран куҳнаву фарсуда шудаанд.

Зубайдулло Зуҳриддинов, як роҳбалади собиқ, ки таҷрибаи чандсолаи кор дар масири Душанбе-Маскавро дорад, гуфт, қаторҳои Тоҷикистон пештар дар пайи тафтишҳои марзбонону гумрукчиёни кишварҳои дигар зуд фарсуда мешуд. Ӯ гуфт, “то расидан ба Маскав марзбонони ҳар кишвар вагонҳои моро тафтиш карда, маводи мухаддир меҷустанд. Кор то ҷое мерасид, ки сақф, фанераҳои ду тарафи вагонро мекушоданд, мурватҳо гум мешуд. Мо талош мекардем ҳамаро дубора ҷо ба ҷо кунем, вале баъд аз ним соли равуо вагонҳои нав ҳам куҳнаву фарсуда мешуданд”.

Идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ягона ширкати роҳи оҳан дар кишвар аст, ки ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул аст. Ин ширкати давлатӣ айни замон танҳо дар масири “Душанбе-Маскав” ва “Душанбе- Кӯлоб” равуо ва мусофиркашонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG