Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

270$ барои вагони платскарт! Нархи сафар бо роҳи оҳан 20% боло рафт


Қимати сафар бо қатори роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Русия 20 дарсад афзудааст. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, дар 8 соли охир бори аввал нархи сафарро бо қатор боло мебарад.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, сабаби афзоиши нархҳо “ боло рафтани коэффисенти ҳисоби харҷи роҳ аз тарафи ширктаи роҳҳои оҳани Русия” аст.
Усмон Қаландаров гуфт, ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ нархи чиптаи сафар ба самти Русияро боло набурда буд, аммо аз 15 феврал, ба гуфтаи ӯ, ин нархҳо 20 дарсад боло рафтанд.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нархномаи ҷадид, қимати чиптаи сафар дар масири Душанбе – Маскав дар вагони платскарт 1 358 сомонӣ, муодили тақрибан 270 доллар муқаррар шудааст. Қаблан чунин чипта 1 130 сомонӣ қимат дошт.

Ҳамин тавр, нархи чиптаи сафар дар вагони купедор низ 200 сомонӣ боло рафта, ба 1 700 сомонӣ, муодили 340 доллар расидааст. Қаблан чунин чипта 1500 сомонӣ нарх доштааст.

Ин дар ҳолест ки як намояндаи ширкати роҳҳои оҳани Русия аз боло рафтани коэффисенти харҷи роҳҳояш барои қаторҳои Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард ва ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, болову пойин бурдани нархи чиптаи сафар дар қаторҳои ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар салоҳияти худи Душанбест. Вале ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, дар айни замон нархи чиптаи сафар бо қаторҳои роҳи оҳан дар дохили қаламрави Русия баръакс 10 дарсад пойин бурда шудааст ва ӯ намедонад, ки мақомоти тоҷик гапи афзоиши коэффисенти харҷи роҳҳои оҳани Русияро аз куҷо гирифтаанд.

Онишенко ҳангоми тафтиши қатори Тоҷикистон
Онишенко ҳангоми тафтиши қатори Тоҷикистон
Дар моҳи апрели соли 2013 баъди як тафтиши ногаҳонии муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин ва санитари беҳдоштии ин кишвар Геннадий Онишенко мақомоти Русия қаторҳои Тоҷикистонро ба сарфи назар кардани меъёрҳои санитарӣ айбдор ва таҳдид карданд, ки равуои қаторҳои Душанберо манъ хоҳанд кард. Матбуоти Русия низ ба дунбол қаторҳои Тоҷикистонро як манбаи қочоқи маводи мухаддир ба Русия номид. Аммо дар ниҳоят он моҷаро бо муҷозоти ҳамагӣ 4 вагон, аз ҷумла вагон-ресторане, ки мавриди тафтиши Рогозин қарор гирифт, хатм шуд.

Масири роҳи оҳан дар гузашта яке аз роҳҳои умдаи равуои муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва роҳи асосии бошгашти онҳо ба ватан маҳсуб мешуд. Вале бо афзоиши шумори парвозҳо ва вуруди ширкати бештари ҳавопаймоӣ ба бозори мусофиркашонии Тоҷикистон саҳми роҳи оҳан дар интиқоли муҳоҷирон коҳиш ёфт. Дар моҳи августи соли гузашта ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон эълон кард, ки ба далели коҳиши мизони мусофиркашонӣ шумораи қаторҳои машғул ба ин кор дар масири Душанбе – Маскавро аз 5 то 3 фаровардааст.

Ҳоло ҳамин тавр, ҳафтае як маротиба қатори Хуҷанд - Маскав ҳаракат мекунад. Аммо ҳаракати қаторҳо дар масири Хуҷанд – Саратов ва Душанбе – Конибодом муваққатан манъ шудааст. Ҳамин тавр, баъди бастани роҳи оҳани Амӯзанг имкони ҳаракати қаторҳо аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз байн рафт, ки ин ҳам ба тавони мусофиркашонии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъсир гузошт.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ
Раҳбари собиқи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар поёни моҳи январ дар охирин нишасти хабариаш ба ҳайси раҳбари ин ширкат гуфта буд, ки дар соли 2013 бо роҳҳои оҳан 509 700 мусофир кашондаанд, ки назар ба як соли қабл 43 900 нафар камтар аст. Парки ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар аввали соли 2013 аз 2 269 вагони боркаш, 441 вагони мусофиркаш ва 56 тепловоз иборат буд.

Дар поёни моҳи январ Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, яке аз шахсиятҳои мутанаффиз дар Тоҷикистон ва аз қудоҳои раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи интиқодоти зиёди матбуот аз мақом барканор шуд ва ба ҷои ӯ Асадулло Зоиров таъин шуд. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар давраи раҳбариаш асосан ба боркашонӣ таваҷҷӯҳ дошт ва ба гуфтаи собиқадорони роҳи оҳан, ба мусофиркашонӣ ҳамчун ба як риштаи даромадаш ночиз, вале пур аз ҷанҷол нигоҳ мекард. Ҳоло умедворанд, ки ин бархӯрд дигар мешавад.
XS
SM
MD
LG