Пайвандҳои дастрасӣ

Де Леон: "Тоҷикистон барои амрикоиҳо бозори ношинос, вале ҷаззоб аст"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Амрико Доналд Трамп. Арабистони Саудӣ, 21-уми майи соли 2017

Як ҳайати тиҷоратии Амрико ба Душанбе омадааст. Филипп де Леон, раҳбари Шӯрои тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл гуфт, ки ҳадафи аслии онҳо шиносоӣ бо вазъи иқтисод ва фазои сармоягузорист. Ба ҳайати мазкур масъулини тақрибан 10 ширкат, аз ҷумла Baker&McKenzie, General Electric, Amity Technology ва The Coca Cola Company шомиланд.

  • Сафари ҳайати соҳибкорони амрикоӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як соли ахир чанд ширкати истеҳсоливу тиҷоратии хориҷӣ тарки кишвар карда, дипломатҳои Русияву Аврупо қоидаҳои нонавиштаи кор дар муҳити соҳибкории Тоҷикистонро интиқод кардаанд.

"Хостем, Тоҷикистонро бо чашми худ бубинем"

Вақте ба Вашингтон бармегардем, ба ҷамъияти соҳибкорон ва ширкатҳои хусусӣ мерасонем, ки мардум ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо мо алоқаманд аст.

Раҳбари ҳайати тоҷирону соҳибкорони амрикоӣ рӯзи 13-уми июл хушбинии худро аз шиносоӣ бо муҳити бозори Тоҷикистон баён кард ва гуфт, ин кишвар барои соҳибкорони амрикоӣ як бозори ношинос, вале ҷаззоб ба ҳисоб меравад. “Ин сафари нахустини ҳайати тиҷоратии Амрико ба Тоҷикистон аст. Мо тасмим гирифтем, ки бо чашми худ бо вазъи Тоҷикистон шинос шуда, маълумоти заруриро дар бораи ин кишвар ба ширкатҳо бирасонем. Сафари мо ба тасмими бизнесменҳои Амрико бетаъсир нахоҳад буд. Онҳо фикр мекунанд, модоме ки ҳайат дар Тоҷикистон қарор дорад, вазъият барои бизнес дар ин мамлакат хуб аст", - шарҳ дод ӯ.

"Амрико сармоя дорад, Тоҷикистон нирӯи арзону маводи хом"

Парчами Тоҷикистону Амрико
Парчами Тоҷикистону Амрико

Ин сафар бо даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Мақомоти кишвар гуфтаанд, ки тарафдори фарохтар шудани бозори тиҷоратӣ аз ҳисоби ширкатҳои амрикоӣ мебошанд. Ба гуфтаи де Леон, ҷониби Амрико сармоя ва технологияи пешрафта ва Тоҷикистон нерӯи кори арзону маводи хом дорад. Аз ин лиҳоз ҷонибҳо метавонанд дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, маъдани кӯҳӣ ва ҷаҳонгардӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд барпо кунанд.

Зимнан, ба ҳайати тиҷоратии Амрико ширкатҳои маъруфе чун, AGCO Co- содиркунандаи техникаи кишоварзӣ, Baker&McKenzie - ироакунандаи хадамоти ҳуқуқӣ, GeneralElectric тавлидкунандаи ашё ва таҷҳизот барои бахшҳои энергетика, тандурустӣ, нақлиёт ва ширкати WHITE64 - ироакунандаи хидматҳои сайёҳӣ шомил буда ва онҳо эълон карданд, ки омодаанд ҳам бо бахши давлатӣ ва ҳам хусусии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Некрӯй Забирзода
Некрӯй Забирзода

"Мо ба ширкатҳои амрикоӣ хоҳем гуфт, ки..."

Елена Сон, ҳамоҳангсози Шӯрои тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон гуфт, “рӯзи гузашта аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара дидан кардем. Ин минтақа бо имконот ва ҳудуди худ моро дар ҳайрат гузошт. Вақте ба Вашингтон бармегардем, ба ҷамъияти соҳибкорон ва ширкатҳои хусусӣ мерасонем, ки мардум ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо мо алоқаманд аст.”

Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки сафари ошноии соҳикборони амрикоӣ аз муҳити тиҷоратии кишварашон натиҷа медиҳад ва роҳи сармояҳои амрикоӣ ба бозори ин кишвар боз хоҳад шуд. Некрӯй Забирзода, раиси ширкати “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, гуфт, дар бизнес-форуми Амрикову Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 14-уми июл дар Душанбе барпо шавад, имкониятҳои ҳамкории ширкатҳои ватаниву амрикоӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Бишчевич мегӯяд, 35 ширкати хориҷӣ шикоят карданд

Дар ҳоле, ки аъзои ҳайати тиҷоратии Амрико мегӯянд, аз натиҷаҳои музокирот дар Тоҷикистон хушбинанд, дар як соли охир фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва шароити кори ширкатҳои хориҷиву ниҳодҳои молии байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Дар изҳороти матбуотии сафирони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо аз вуҷуди қоидаҳои нонавишта барои кори ширкату соҳибкорони хориҷӣ, вуҷуди фасод ва баланд будани мизони андозбандӣ интиқод шудааст.

Ҳидоят Бишчевич
Ҳидоят Бишчевич

Аз ҷумла, моҳи феврал Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, дар шикояти 35 ширкати аврупоӣ, ки дар миёни онҳо "Tcell", “Акссесбанк” ва меҳмонхонаҳои "Серена" ва "Шератон" мебошанд, аз тафтишҳои батакрори ниҳодҳои молӣ ва мизони баланди молиёт шикоят карда гуфтаанд, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъ бозорро тарк хоҳанд кард.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи феврали имсол мунташир шуд, низ ба кундии раванди ислоҳоти иқтисодӣ, монеаҳо дар самти рушди бахши хусусӣ ва афзоиши мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ишора шуда буд. ​Аммо масъулони давлати Тоҷикистон ҳамеша ин гуна ин арзёбиҳоро “ғайривоқеӣ” унвон карда ва мегӯянд, маълумоти мавҷуда дар гузоришҳо танҳо ҷанбаи манфӣ дорад.

Шӯрои тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон як ниҳоди мустақили тиҷоратӣ буда, моҳи октябри соли гузашта дар Иёлоти Муттаҳида ба ибтикори ширкатҳои AGCO Co, Baker&McKenzie ва GeneralElectric таъсис шудааст. Ҳоло теъдоди аъзои он ба 16 расидааст ва дар он ширкатҳои маъруфи Амрико узвият доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG