Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки Миллӣ


Гурӯҳе аз хабарнигорон ва фаъолони тоҷик муқими Аврупо бо нашри як изҳорот, аз ворид шудани номи худ ба "феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм"-и Бонки Миллии Тоҷикистон, нигаронӣ карда ва онро маҳкум намудаанд. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд ва талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмӣ то ин лаҳза бенатиҷа будааст. Дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо бо мактуби расмӣ дар ин бора посух медиҳанд.

Бонки Миллии Тоҷикистон ду ҳафта қабл дар торнамои расмии худ феҳристи нави "ашхоси алоқаманд ба терроризм"-ро, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молияии ин ниҳод омода шуд, нашр кард, ки тақрибан 2 ҳазору 400 нафарро дар бар мегирад.

Дар баробари садҳо ном, дар ин рӯйхат рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик Мавҷуда Соҳибназарова, Амруллоҳи Низом, Ҳумайрои Бахтиёр, Шӯҳрати Раҳматуллоҳ ва Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ низ ҷой дода шудаанд.

Ин афрод дар изҳороте, ки субҳи сешанбеи 29-уми октябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и Амруллоҳи Низом ба нашр расид, ворид кардани номи худ ба ин феҳраст бидуни эълони айбнома ва таҳқиқу баррасиро, "камоли ноадолатӣ ва беинсофӣ" хонданд. Изҳороти ин рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик мегӯяд, ки ин кори худи Бонки Миллӣ набуда, бо дастури ниҳодҳои интизомӣ сурат гирифтааст.

Ин рӯзноманигорон ва фаъолон, ки бархе аз онҳо бо созмону ниҳодҳои дар Тоҷикистон манъшудаи мухолифон рабт дода мешаванд, дар поёни изҳороти худ хостори узрхоҳии расмии Бонки Миллӣ шуда, талаб кардаанд, ки дар ин феҳристи нашркардааш бознигарӣ намояд ва номи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро, ки то ба ҳол алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ айбнома эълон нашудааст, ҳазф кунад. Онҳо гуфтаанд, ки дар ғайри он ба додгоҳҳои кишвар ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.

Ҳанӯз ба таври расмӣ эълон нашудааст, ки ин панҷ нафар ба кадом иттиҳомот гумонбар дониста мешаванд ва далели аслии дар рӯйхати Бонки Миллӣ ҷой гирифтанашон чист. Бонки Миллии Тоҷикистон низ ҳанӯз рӯйхати "сиёҳ"-и худро шарҳ надодааст.

Рӯйхати Бонки Миллӣ бори аввал се сол пеш таҳия шуд ва ҳар сол сафи "афроди алоқаманд ба терроризм” дар он бештар мешавад. Баъзе афроде, ки номи худро дар ин рӯйхати "сиёҳ" ёфтаанд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Ин ашхос мегӯянд, "дар як гуруҳ ҷой додани террористон ва мухолифин аз рӯи адолат нест".

Бонки Миллӣ дар ҳоле рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро нашр кард, ки соли гузашта Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, номи 14 нафарро аз ин рӯйхат берун кунанд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, дар миёни афроди муттаҳам ба терроризм номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст, ки матолиби интиқодӣ ба нашр расонидаанд.

Феҳрасти созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG