Русия беш аз 4500 нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардааст. Чаро?

Акс аз бойгонӣ

Дар муддати камтар аз се соли гузашта мақомоти Русия беш аз 4500 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд. Омори навро Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, 11-уми август эълон карда, сабаби онҳоро низ як-як баршумурд.

Вебсайти Думаи давлатӣ ё порлумони Русия аз қавли Володин навишт, ки бештар аз 3000 нафарро бо қарори додгоҳҳо ва барои ҷиноят аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.

Вячеслав Володин

Шиносномаи 400 нафарро ҳам барои он гирифтаанд, ки худро дар комиссариатҳои низомии Русия сабти ном накардаанд, то ҳангоми зарурат, масалан, ба ҷанги Украина бираванд. Як шарти ҳатмӣ пас аз шаҳрванди Русия шудан ин аст, ки бояд шахс дар муддати ду ҳафта дар идораҳои Вазорати дифоъ ҳамчун нерӯи захиравӣ сабти ном шавад.

Воқеан, дар яке аз видеоҳо, ки соли 2024 нашр шуд, мақомоти Русия ба як ҷавони тоҷик намоишкорона гуфтаанд, ки шиносномаашро бояд супорад ва ба ватанаш баргардад. Ин навор яке аз видеоҳои пурбинандатарин дар миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва бахусус муҳоҷирони тоҷик шуд. Дар он дида мешавад, ки ҷавони тоҷик чӣ гуна пас аз шунидани шарҳи афсари идораи муҳоҷиратии Русия бо алам барои шиносномааш мегиряд.

Ба қавли Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, дар 300 мавриди дигар афроди маҳрумшуда аз ҳаққи шаҳрвандии Русия ба амалу ҳаракатҳое даст задаанд, ки барои амнияти ин кишвар хатар доштааст. Аммо маълум нест, ки онҳо чӣ кор кардаанд.

Дар баёнияе кӯтоҳе ва бо ҳарфҳои бузург Вячеслав Володин гуфтааст, ҳар касе, ки мехоҳад, шаҳрванди Русия шавад, бояд онро муҳофизат кунад, қонунҳояшро риоят намояд ва забони русиро донад.

Инро ҳам бихонед:

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. Фоидаву зиёнаш чист?

Ҳадаф аз тағйири қонун чист?

Омори дақиқ ва алоҳидаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи маҳрум шудани зодагони Тоҷикистон аз ҳаққи шаҳрвандии он кишвар вуҷуд надорад. Вазорат танҳо омори умумиро оварда, дар бораи тобеияти ин гурӯҳи мардум ва ба сабаби кадом қонуншиканӣ ё ҷиноят маҳрум шудани онҳоро аз ҳаққи шаҳрвандӣ намегӯяд.

Аз ин омор фақат фаҳмидан мумкин аст, ки чанд нафар пас аз соли 2023, яъне баъд аз қабули қонуни нав “Дар бораи шаҳрвандии Русия” аз шиносномаҳои худ маҳрум шудаанд. Вале тахмин кардан мумкин аст, ки теъдоди тоҷикистониён дар байни онҳо кам нест. Мақомоти интизомии Русия дар оғози моҳи августи имсол хабар доданд, ки як зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби ақидаҳои исломи ифротӣ ва боло гузоштани миллати тоҷик аз миллатҳои дигар аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд. Аз он пеш ҳам иттилои монанд нашру паҳн шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шиносномаи Русия барои тоҷикон: Баргаи имтиёз ё абзори фишор?

Агарчӣ мақомоти расмӣ соли 2023 мегуфтанд, ки ҳадаф аз тағйири қонун дар бораи шаҳрванди Русия сахттар кардани меъёрҳои пазируфтани хориҷиён ба сафи шаҳрвандони комилҳуқуқи ин кишвар буд, сабаби асосиро ҳамон ҷанги Украина медонанд, ки Русия барои пешбурди он ба сарбоз эҳтиёҷ дорад. Баъд аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки табааи Русия ҳам буданд, бо зӯрӣ ё ихтиёрӣ ба ин ҷанг рафта, куштаву захмӣ шуданд.

Бар иловаи осонтар кардани қоидаҳои маҳрумсозӣ аз шаҳрвандии Русия дар солҳои 2024-2025 Русия ҳамчунин назорат бар муҳоҷирони корӣ ва бахусус муҳоҷирони тоҷикро сахттар кард. Худи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон имсол гуфт, танҳо соли гузашта аз Русия бештар аз 36 ҳазор тоҷикистониро берун кардаанд.

Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Бино бар омори Русия, дар даҳ соли охир беш аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ин тақрибан ба нӯҳ дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст. Чизе, ки ҷомеашинос Шуҳрат Латифӣ дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ “на танҳо имтиёз, балки мояи хатар, аз ҷумла фишори Русия”, вале вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, Солеҳа Холмуҳаммадзода, “хоҳиши ҳар шаҳрванд” донист.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия шиносномаи беш аз 4500 касро лағв кардааст