Дар ҳоле ки фишор ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва тафтиши ҳамарӯзаи онҳо дар Русия идома дорад, Думаи Давлатӣ қонунеро қабул кард, ки харҷу мушкилоти муҳоҷиронро зиёдтар мекунад.
Бар асоси қонуне, ки вакилони рус рӯзи 10-уми июн қабул карданд, аз ин пас шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, барои гирифтани шиносномаи Русия на 4200 рубл, балки бояд 50 ҳазор рубл бипардозанд.
Аз муҳоҷироне, ки барои ҳаққи иқомати муваққатӣ ё РВП ариза додаанд, на 2 ҳазор рубл, балки 15 ҳазор рубл ситонида мешавад. Онҳое, ки мехоҳанд, ҳаққи иқомати доимии Русияро бигиранд, ба ҷойи 6 ҳазор рубл, акнун 30 ҳазор рубл месупоранд, ки барои як муҳоҷир пули фавқулода зиёд ба ҳисоб меравад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия, рӯзи 10-уми июн қабули ин қонунро ба нафъи кишвараш хонд ва гуфт: "Мо бо зиёд кардани боҷҳо аз 5 то 12 баробар, аз ҷумла ба сатҳи ихтисоси афроде, ки ба кишвар меоянду мехоҳанд иҷозаи кору иқомат ва шаҳрвандӣ гиранд ё дар кишвари мо таҳсил кунанд, таъсир мерасонем. Ҳамзамон онҳо бояд як шахси муваффақ ва соҳиби дастовардҳои зиёд бошанд."
Володин эътироф кард, ки аз ҳисоби ин қонун ба буҷаи Русия 15 миллиард рубли изофӣ ворид мешавад. Русия, ки зери таҳримҳои сахти байнулмилалӣ қарор дорад ва хароҷоташ барои ҷанг дар Украина зиёд мешавад, саъй дорад, камбуди пули буҷаро аз ҳисоби табақаи осебпазире мисли муҳоҷирон пур кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Коршиносоне, ки қонунро хондаанд, мегӯянд, ин санад танҳо ҷанбаи иқтисодӣ надорад, балки бахше аз сиёсати маҳдудсозии ҳузури хориҷиён дар Русия аст. Айни замон, ба гуфтаи онҳо, санади мазкур барои муҳоҷирони тоҷик пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.
Аз ҷумла, вақте харҷи расмиёт ва ҳуҷҷатгузорӣ аз тавони молии як коргари одӣ боло меравад, хоҳиши кори қонунӣ коҳиш меёбад. Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик, ки музди корашон шояд баробари қимати як санади ҳаққи иқомат бошад, маҷбур мешаванд, ғайриқонунӣ кор кунанд. Ин ҳам заминаро барои фиреби онҳо, ришваситонии кормандони пулис ва азияти муҳоҷирон бештар мекунад.
Қонуни нав дар Русия як имтиёзи махсусро пешбинӣ кардааст ва он ҳам инки касоне, ки бо артиши Русия қарордод мебанданд ва ба ҷанги Украина мераванд, аз супоридани боҷҳои гарон озоданд. Банди мазкурро як талоши мақомоти Русия барои он медонанд, ки муҳоҷиронро аз Осиёи Марказӣ аз ин роҳ ба дом афканда, ба ҷанге бибаранд, ки мардуми худи Русия аз он безор шудаанд.