Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қабул кард, гирифтани “патент” дар Русия осон мешавад?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 8-уми апрел тарҳи санадеро тасвиб карданд, ки иҷоза медиҳад бисёре аз расмиёти муҳоҷират ва гирифтани ҳаққи кор дар Русия дар дохили кишвар анҷом дода шавад.

Дар сурати қабул шудани ин ҳуҷҷат дар Думаи давлатӣ, довталабони ҳаққи кор дар Русия метавонанд, дар Тоҷикистон муоинаи тиббӣ шаванд ва шаҳодатномаи сиҳатӣ бигиранд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон изи ангушт супоранд, акс ва гувоҳинома бигиранд, ки дар гузашта ҷинояте накардаанд ё барои кадом қонуншикание ҷустуҷӯ намешаванд.

Супурдани имтиҳони забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон сурат мегирифтааст, вале онгуна, ки расонаҳои русӣ навиштаанд, ин кор таҳти назорати мутахассисони Русия анҷом мешавад.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии санад дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ҳадаф “ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирон ва кам кардани хароҷоти онҳо” мебошад. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба Русия танҳо патент мегиранд ва мустақим ба кор шуруъ мекунанд.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, харҷи муҳоҷирон ҳам аз ин пас кам мешавад ва масалан арзиши муоинаи тиббӣ ва санади саломатӣ дар кишвар фақат 300 сомонӣ мешавад, дар Русия муҳоҷирони тоҷик барои ин санад то 12 000 рубли русӣ (1492 сомонӣ) медодаанд.

Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, гуфтааст, тадбире, ки андешиданд, “на танҳо маблағи муҳоҷиронро сарфа мекунад, балки аз "саргардониҳои эҳтимолӣ" ва ихроҷи онҳо ба сабаби кадом беморӣ пешгирӣ менамояд.”

Рафтан бо санадҳои омода аз Тоҷикистон шояд раванди гирифтани патентро суръат бахшад, вале ин ҳам эҳтимолан ба корманди маркази муҳоҷиратии Русия вобаста хоҳад буд, ки ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик агар дилаш нахост, бо ҳар баҳона онҳоро пас мегардонаду пулу вақташонро талаф мекунад.

Аммо ин ёддошт бештар ба он довталабони кор дар Русия иртибот дорад, ки ба воситаи системаи кор дар Русия ё "Работа в России" мустақим ба назди корфармое мераванд, ки онҳоро интизор аст ва шароити зисту корашон то ҳадде кафолат дода мешавад.

Айни замон протокол маънои онро надорад, ки ҳар кас хоҳад, ба осонӣ ба Русия меравад. Баръакс, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масалан дар фурудгоҳи Душанбе ё Хуҷанд мебинад, ки агар муҳоҷир доғи судӣ дошта бошад ё изи ангушташ дар манбаи афроди мавриди ҷустуҷӯ бошад, ӯро аз фурудгоҳ бармегардонанд.

Дар умум, ин санад барои муҳоҷироне, ки қонунӣ мераванд ва соҳибкасб ҳастанд, сабукӣ меорад ва сарсонии онҳоро дар Русия кам мекунад. Аммо барои онҳое, ки мехоҳанд "таваккалӣ" ва бе санад ба Русия рафта, пинҳонӣ кор кунанд, шароиту зиндагӣ сахттар мешавад.

Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ин омор эътироз накард, вале ӯ соли 2022 гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.

Тоҷикистон санадеро дар бораи муҳоҷирон қабул кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG