Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон аз 90 ба 30 рӯз кам карда мешавад. Феълан муҳоҷирон баъди ворид шудан ба Русия, бояд то 90 рӯз аз муоинаи ҳатмии пизишкон гузаранд, то маълум шавад, ки гирифтори бемориҳои хатарнок нестанд.
Аммо бар асоси тарҳе, ки 3-юми июн аз сӯи Шӯрои Федератсия қабул шуд, муҳлати гузаштан аз ташхиси тиббӣ то 30 рӯз муқаррар шудааст. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.
Ин қоида аз 1-уми сентябри имсол иҷроӣ мешавад.
Қонуни нав ҳамчунин барои саркашӣ аз супоридани ташхиси ҳатмӣ аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз Русияро пешбинӣ кардааст.
Расонаҳои русӣ гузориш доданд, ки тартиби нав барои ҳама хориҷиён, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва гурезаҳо амал мекунад.
Хароҷоти супоридани муоинаи тиббӣ бояд аз сӯи худи муҳоҷир ё корфармои ӯ пардохт шавад.
Ин қонун шифохонаву озмоишгоҳҳои тиббиро ӯҳдадор мекунад, ки маълумотро дар бораи сиҳатии муҳоҷирон ба вазорати корҳои дохилӣ бифристанд ва агар муҳоҷири бемории сироятӣ дошт, ҳатман ба идораи "Роспотребнадзор" хабар диҳанд.
Қонун дар бораи ташхиси ҳатмии муҳоҷирон баъди тасдиқ аз сӯи вакилони ҳарду палатаи порлумони Русия, бояд аз сӯи президент Владимир Путин имзо шавад.
Кам кардани муҳлати ташхиси ҳатмӣ барои муҳоҷирон ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ буд, ки моҳи январи имсол эълон шуд.
Вячеслав Володин, раиси дума ва аз сиёсатмадорони муҳоҷирситез дар Русия он вақт гуфта буд, ҳамаи ин тадбирҳоро барои сахттар кардани назорат бар муҳоҷирон ва таъмини амният дар кишвар меандешанд.
Думаи давлатии Русия танҳо соли гузашта бо қабули бештар аз 25 қонун кору зиндагӣ барои муҳоҷирон аз ҷумла садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро сахт кард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки вакилони мардумии Русия тақрибан ҳар моҳе масъалаи муҳоҷиронро доман мезананд, то таваҷҷуҳи мардумро аз мушкилоти фаровони иқтисодии дохилӣ, зиндагии сахти мардуми таҳҷоӣ ва ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба дигар тараф бикашанд.
Ҳамасола ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд.