Роҳи 8 ҳазор марди дигари тоҷикро ба хориҷа бастаанд

Ин зан шикоят дорад, ки шавҳари собиқаш алимент намепардозад

"Судиҷрочӣ гуфт, ки се сол шуд роҳаш бастааст. Агар омад, дастгир мекунем." Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, се сол боз наметавонад пули алименти ягона фарзандашро аз шавҳари собиқаш бигирад. Бо далели пеш наомадани мушкил дар хонавода нахост чеҳрааш нишон дода шавад.

Ӯ афзуд: “Чӣ хел мешавад, ки ин мард моҳи сентябр омада, моҳи ноябр аз Тоҷикистон баромада рафт ва касе дастгир накард? Ин ҷо айби шумо аст ё сарҳад? Ин дар куҷо рост меояд? Ман кофта баромадам, вай дар маҳдудият нест."

Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон наздик ба 180 миллион сомонӣ пули алимент ситонида шудааст, ки нисбат ба як сол қабл беш аз 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳамзамон аз афзоиши чашмраси шумори қарздороне хабар дод, ки аз ҷумла барои напардохтани пули алимент муваққатан роҳашон ба хориҷи кишвар баста шудааст.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро, рӯзи 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Дар соли 2025 нисбат ба 11 ҳазору 553 шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати берун нарафтан аз ҳудуди ҷумҳурӣ маҳдудият қабул шуд. Нисбат ба соли гузашта ин рақам 7 ҳазору 579 нафар зиёд аст.”

Аҳтам Абдуллозода

Ба қавли ӯ, аз ин омор бештар аз 8 ҳазораш ба напардохтани алимент ва боқимонда ба қарзҳои бонкӣ рост меояд. Ба иттилои Хадамоти иҷро, ҳамзамон роҳи 976 нафар баъди пардохти беш аз 10 миллион сомонӣ қарзи алимент ба хориҷ боз шудааст.

Бар асоси муқаррарот, агар қарзи алимент аз 780 сомонӣ зиёд шуд, қарори маҳдудияти сафар ба берун аз Тоҷикистон бароварда мешавад.

Дар Хадамоти иҷро гуфтанд, бинобар барқсадона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 270 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 753 тани дигарро барои пинҳон намудани суроғаи ҷои зисташон ва сари вақт напардохтани пули алимент дар ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Ин ниҳод барои ҳалли ин мушкил як ситоди вижае таъсис додааст, вале маълум нест кори он то куҷо метавонад баҳсҳои печидаи пардохти алиментро ҳал намояд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила ва бавижа хонаводаи ҷавонон аз ҳам мепошад. Масъалаи алимент, ки бахусус аз ҷониби падарон баъд аз ҷудошавӣ аз ҳамсар барои фарзандон пардохта мешавад, солҳо боз ҳалли худро наёфтааст.

Таҳмина, қаҳрамони гузориши мо, мегӯяд, дахолати хонаводаи мард, аз ҷумла хушдомани собиқ, бетаваҷҷӯҳӣ ё бемасъулятии мардон боис мешавад, ки пули алимент сари вақт дода нашавад. Баъзе аз мардҳо инро ба вазъи молӣ ё маоши ночиз рабт медиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷазо барои надодани алимент сахттар мекунанд