Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом, хоҳар. "Бе никоҳи расмӣ талоқ гирифтам. Чӣ кор кунам?"


Зане, ки бе никоҳи расмӣ оила бунёд карда, баъди муддате бо чанд фарзанд талоқ мегирад, ба чӣ ҳақ дорад? Ё аслан ҳақ дорад даъвои молу мулк ё хона кунад?   

Ҳар рӯз дар ҳавои мусиқии шод дар Тоҷикистон беш аз 40 ҷуфт бо ҳам издивоҷ мекунанд ва тақрибан 27 оила аз ҳам мепошанд. Ин танҳо омори ақди никоҳ ва талоқи расмӣ аст. Шумори оилаҳое, ки бо никоҳи мусалмонӣ иктифо мекунанд ва ба идораи САҲШ-и давлатӣ намераванду баъдан ҷудо мешаванд, аслан маълум нест. Ин гуна никоҳҳо ҷое сабт намешаванд ва пас аз пош хӯрдан, сарнавишти занону кӯдакон чӣ мешавад?

Дар ин нашри барнома «Салом, хоҳар» ба мавзӯе рӯ меорем, ки бисёр муҳим ва шояд барои бархе аз шумо ошно бошад. Зане, ки бе никоҳи расмӣ оила бунёд карда, баъди муддате бо чанд фарзанд талоқ мегирад, ба чӣ ҳақ дорад? Ё аслан ҳақ дорад даъвои молу мулк ё хона кунад?

Қаҳрамони барномаи мо яке аз даҳҳо занонест, ки, ба гуфтааш, танҳо бо никоҳи мусалмонӣ ба хонаи бахт гусел шудааст. Он лаҳза ғарқи орзуву умедҳо тасаввур ҳам намекард, ки сарнавишт барояш нақшаҳои дигар дорад. Бо рӯзгори ин зан, ки мегӯяд, ҳоло ба танҳоӣ масъулияти таъмину нигоҳубини се фарзандро ба дӯш дорад, шинос мешавем.

Мастона аз адолат дар Тоҷикистон ноумед шудааст ва бовар надорад, ки ба додаш бирасанд.

Салом, хоҳар. "Бе никоҳи расмӣ талоқ гирифтам. Чӣ кор кунам?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:07 0:00

Солона ба додгоҳҳои Тоҷикистон садҳо ариза ворид мешавад, ки дар он занҳо барои рӯёндани “алимент” ё талаби сарпаноҳ барои фарзандон аз ҳамсарони собиқ додхоҳӣ мекунанд. Бархе аз ин занҳо никоҳи расмӣ надоранд ва аксаран танҳо фарзандони онҳо ҳамчун исботи зиндагии муштарак далел мешаванд. Танҳо дар панҷ рӯз ва фақат дар як додгоҳи шаҳри Душанбе тақрибан 20 парвандаи вобаста ба баҳси хона ва тақсими молу мулку маскун кардани занон баррасӣ шудааст. Чунин парвандаҳо дар ҳама додгоҳҳои кишвар зиёданд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, санади муҳиме, ки пас аз талоқ ҳуқуқи занҳоро бо он мешавад ҳимоя кард, ақди никоҳи давлатӣ аст. Заноне, ки ин санадро надоранд ва фақат бо никоҳи исломӣ иктифо кардаанд, ба чӣ ҳақ доранд?

Қонун мегӯяд, агар зан ақди никоҳи расмӣ ҳам надоранд, аммо бо мард фарзанд ва зиндагии муштарак дар як хона доштанд, дар сурати ҷудо шудан, ҳақ дорад, бо фарзандон аъзои оилаи молик дониста шавад ва дар ҳамон хона бимонад.

Гулчеҳра Ҳасанова, раҳбари як созмони ҷамъиятӣ дар ноҳияи Айнӣ солҳои тӯлонӣ бо занон кор мебарад. Аз ӯ пурсидем, ки зани бе ақди никоҳи расмӣ баъди ҷудо шудан ба чизе ҳақ дорад?

Гулчеҳра Ҳасанова гуфт:

“Бале, ӯ ҳақ дорад. Агар чандин сол зиндагии муштарак кардаву кӯдакони худро ба дунё оварда бошад, ҳам ба молу мулк ва ҳам ба алимент ҳақ дорад. Аввалаш ин, ки бояд занон қонунро нақз накунанд ва ақди никоҳи расмӣ талаб намоянд, аммо дар сурати набуди никоҳи давлатӣ ҳам, ӯ ҳақ дорад. Агар ин моликият дар замони зиндагии муштарак ба даст оварда шудааст.

Агар ҳатто (мард) бигӯяд, ки «кӯдакон аз ман нестанд», вале фарзандон ному насаби ӯро дошта бошанду ҳамсояҳо шоҳидӣ диҳанд, ки онҳо зиндагии якҷоя доштанд, зан дар тақсими хона ва моликият ҳақ дорад. Агар дар ин маврид нофаҳмӣ ё мушкилие доранд, дар Душанбе бисёранд марказҳои бӯҳронии вобаста ба занон аст. Дар тамоми Тоҷикистон 14 маркази махсуси вобаста ба занон дорем, ки дар назди СММ фаъолият мекунанд. Занон бо чунин масъалаҳо метавонанд ба ин марказҳо муроҷиат кунанд, он ҷо машваратҳои бепули ҳуқуқӣ дода мешавад”.

Қонун мардро новобаста аз шакли издивоҷ пеши фарзандон вазифадор мекунад, вале то куҷо ин қонунҳо дар Тоҷикистон риоя мешаванд?

Аксари занон мегӯянд, бо сабаби маҳдуд будани имкони молӣ ва бовар надоштанашон ба натиҷаи мусбати қазия, барои расидан ба ҳадаф то охир дар баҳсҳои додгоҳӣ истодагарӣ намекунанд.

Як омил ин будааст, ки кормандони ниҳодҳои масъул нисбати муроҷиату даъвои онҳо бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд ва ин парвандаҳо метавонанд моҳҳову солҳо дар баррасӣ бимонанд. То куҷо ин гуфтаҳо асос дорад?

Гулчеҳра Ҳасанова гуфт:

“Медонед, ҳолати зиёде шудааст дар мо ҳам. Вақте оид ба масъалаи хушунати хонаводагӣ муроҷиат мекунӣ, додрасу додситонҳо чандон намехоҳанд, ки бо чунин қазияҳо кор кунанд. Барои онҳо ин ҷолиб нест, зеро аксар сокинон баъди он ки шикоят менависанд, метавонанд баъд аз чанд рӯз боз омада, аризаи худро пас бигиранд.

Зери таъсири шавҳару хешу табор ва ҳамсояҳо, ки мегӯянд, «ин корат дурусту хуб нест ва набояд гапи оиларо ба кӯча барорӣ», онҳо аризаҳои худро мегиранд. Барои ҳамин додрасу додситонҳои мо ба ин чиз ҷиддӣ муносибат намекунанд ва баррасии чунин парвандаҳоро дар навбати аз ҳама охир мегузоранд. Аз сӯйи дигар, аксари занон аз гапи мардум метарсанд ва сабр мекунанд. Зеро ҷойи рафт надоранд.”

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон никоҳи мусалмонӣ танҳо дар сурате баста мешавад, ки зану мард никоҳи расмиро гузашта бошанд. Ходимони дин бояд аввал аз навхонадорон шаҳодатномаи никоҳро талаб кунад. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, ходимони дин ӯҳдадоранд, ки пеш аз никоҳи мусалмонӣ аз навхонадорон нусхаи никоҳи расмиро талаб кунанд.

Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки сокинон ба муллоҳое муроҷиат мекунанд, ки ягон масъулият надоранд ва бе ин шарту талаб ҳам хутбаи никоҳро мехонанд.

Сабаби розӣ шудани занон ба никоҳҳои ғайрирасмӣ мухталиф аст. Дар бархе ҳолатҳо барои марду зан ин аллакай издивоҷи дуввум аст. Сабаби дигарро вазъи иҷтимоӣ медонанд.

Гулчеҳра Ҳасанова гуфт:

“Як сабаб кам будани мардҳо аст. Албатта, зани дуввум доштан мумкин нест, тибқи қонун, аммо занон худашон ҳамин роҳро интихоб мекунанд. Вақте дар як хона чанд духтар аст, онҳо бояд шавҳар кунанд, вақте хостгор нест, ӯ маҷбур аст зани дуввум шавад. Бархе ҳатто худ мехоҳанд зани дуюм бошанд, чун зани аввал дар хизмати хонаводаи падару модар ва фарзандони мард аст, зани дуввум - барои худаш.

Ҳолатҳои мухталиф аст. Дар ҷойи мо ҳоло никоҳи ғайрирасмӣ кам аст, мо бо идораи САҲШ ҳамкорӣ дорем ва ҳамеша назорат мебарем, ки кӣ ақди никоҳи расмӣ мебананд. Вақте фаҳмем, ки мард оиладор аст ва дубора издивоҷ кардан мехоҳад, бо духтарон сӯҳбат мекунем ва онҳоро огоҳ мекунем. Бархе мегӯянд, «ман медонам, ман чӣ кор кунам? Ман алалкай аз ӯ фарзанд дорам.”

Ҳосили талоқ аз чунин издивоҷҳо ранҷу азобест, ки бештар занону кӯдакон мекашанд.

Мисли фарзанди қаҳрамони барномаи мо Мастона, ки ҳоло яке аз модар ҷудо дар Тоҷикистон ва дигарон бо ӯ дар муҳоҷират саргардонанд.

Фаъолоне, ки дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, мегӯянд, барои наафтодан ба чунин мушкил занон бояд қадри худро бидонанд, дониши ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва огоҳии бештар аз паёмадҳои тасмимҳояшон дошта бошанд, то тавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ ва сарнавиштсоз барои ояндаи худ тасмими дуруст бигирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG