Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти талхи Ситора дар нахустин барномаи "Салом, хоҳар" ВИДЕО


Гоҳо як ҳодиса ё ҳолате дар зиндагӣ сабаб мешавад, ки кас дар чорроҳаи ҳайёт самти ҳаракатро гум мекунад. Дар ҳар самте барои худ хатар мебинад. Роҳгум мезанад.

Салом, хоҳар. Ин барномаи нави махсуси Радиои Озодӣ барои бонувон аст ва дар он қиссаи занонеро, ки роҳ ёфтанд, ё роҳгум заданд, чун дарси роҳнамое пешниҳоди шумо мекунем.

Дар мисоли зиндагии як зан ва бо кӯмаки муттахасисон мекӯшем, дар бораи сиҳатӣ ва шикасту комёбиҳои занону духтарон сӯҳбат кунему тавсияҳои муҳиму муфидро пешниҳод кунем.

Дар барномаи нахустин шуморо бо зиндагии ҷавонзане ошно мекунем, ки фоҷиае дар наврасӣ сарнавишташро тағйир дод. Ӯ дар зиндагӣ роҳ гум кард.

Ситора: “Аз кӯдакиам модарам дар хонаи бибиву бобоям партофт, рафт, шавҳар кард. Мо шароит надоштем, дар хонаи момаам, янгаам моро калон кард. Аҳамият надод, як рӯз танҳо будам, дар хона бачаи холам маст омад, ҳаётамро сӯзонд.”

Ситора, ки номи мустаори ин духтар аст, он замон фақат 13 сол дошт. Писархолаи 28-солааш дастдарозӣ ба ӯро идома дод. Ҳарчанд баъзе атрофиён огаҳ буданд, аммо аз тарси бадномӣ сукутро пеша карданд:

“Ман намедонистам, чӣ кор кунам. Тарсидам ба модарам нагуфтам. Меомад янгаамро дур медид омада азобам дод. Мерафтам коркунӣ хонаи янгам меомад, янгаамро дур медид меқапид маҷбурӣ мерасид. Дастонамро мебаст даҳонамро меқапид, ки дод назанам баъд таҷовуз мекард. Бобои худораҳматиям дида буд. Ба тағоям гуфтем, гуфт нобудаш. Ба ман таҳдид карда буд, ки ба касе нагӯ, ки калаатро мегирам.”

Ситора муддате аз тарс ба касе лаб накушод, вале дар ниҳоят аз азияту озори ҷинсӣ ҷонаш ба лаб омад, ки хонаи бобову бибиро тарк кард: “Азоб кашидам. Ҷое намеёфтам, ки хоб кунам. Шабҳо мешуд, дар болои танӯрҳо мехобидам. Метарсидам. Бачаҳои куча ғам медоданд.”

Идомаи достони Ситора ва роҳҳои кумак ба ҷабрдидагоне мисли Ситораро дар ин барнома худатон бубинед:

Салом хоҳар. Ноболиғи таҷовузшударо чӣ гуна дармон мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:12 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG