Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам? ВИДЕО


Ду хонавода барои соҳибии фарзанде ҷанҷолу кашмакаш доранд. Модар мехоҳад, бар тибқи қонуну амрҳои додгоҳ, ки соле пеш содир шудааст, фарзандашро аз падар пас бигираду худаш тарбия кунад, вале наметавонад.

Чаро? Барои посух гирифтан ба ин саволу сабаби ҷангу даъво ба деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, ба назди модари ғамзадаи тифл меравем.

Гулбаҳор Раҳимова, сокини деҳаи Меҳнатободи Кушониён аст. Ӯ мегӯяд:

“Бисёр ёд кардам, бисёр мехоҳам, ки фарзандам дар наздам бошад. Шаб хоб надорам, ҳар дафъае, ки меравам, фақат гиря мекунад. Ҳатто фарзандамро ба оғӯш гирифта наметавонам.”

Гулбаҳор барои Анас, тифли хурсолаш мегиряд, чун якуним сол аст, ӯро ба сахтӣ ба модар нишон медиҳанд. На аз ҳаққи модарӣ маҳрум аст, на ба ӯ зулму бадрафторӣ кардааст, ки аз дасташ гирифтаанд.

“Фарзандамро намедиҳанд, чанд дафъа бо суд рафтем, - мегӯяд Гулбаҳор Раҳимова. - Санад тартиб дода буданд. Падараш намедиҳад. Мегӯяд, ки "онҳо шароит надоранд, қишлоқианд". Гапҳои дағал мезанад. "Ман намедиҳам, ки бо модараш таълиму тарбия бигирад". Гапҳои қабеҳ мезанад, доду вой мекунад. Зӯрӣ мекунад.”

Қарори додгоҳ иҷро намешавад

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ соли 2022 амр додааст, Анаси он замон 5-сола ва Атҳияи 3-соларо аз дасти падарашон Фарҳод Бобокалонов бигиранду ба модар бидиҳанд, чун падар ба кори давлату хона банд асту вақти тарбияи кӯдаконро надорад. Дар санад омадааст:

“Аз ин рӯ суд меҳру муҳаббати даъвогарро нисбат ба фарзандонаш ва дигар хусусиятҳои хоси оиладорӣ ва фарзанддориро ба инобат гирифта, лозим донист, кӯдаконро ба модараш баргардонад.”

Бар хилофи қарори додгоҳ, Фарҳод Бобокалонов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки нахост моҷароро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад, духтарро ба модар баргардонду писарро не.

Гулбаҳор Раҳимова дар бораи бархӯрди шавҳари собиқаш мегӯяд: “Намедиҳам", мегӯяд. Намебарад фарзандамонро. Зӯрӣ карда мегӯяд, ки "меравам, мегирам, дигарашро ҳам мегирам". Мегӯяд, "бо ман зиндагӣ мекунад". Ӯ марди кӯча аст, ӯ чӣ гуна тарбия мекунад. Модараш зери 70 сол дорад. Ӯ кӯдаки маро чӣ гуна таълим медиҳад. Ҳарчи кӣ набошад, таълими модар дигар аст, тарбияи модар дигар аст.”

Барои сарпечӣ аз иҷрои қарори додгоҳ ва барнагардонидани Анас додситонӣ ба зидди падари кӯдакон парванда боз кардааст, ҷарима ва ё ҳабси 15-рӯзиро дар назар дорад. Баъди ин ҳам Анасро надоданд. Гулбаҳор мегӯяд, ҳар вақт ба суроғи кӯдакаш меравад, ҷангу даъво мешунаваду гирён бармегардад. Мисли ин лаҳза.

“Буро, дафъ шав! Ту изо намекашӣ? Иди... шав аз инҷо. Чӣ мегӯӣ, баро аз инҷо! Э сагбача, инҷо касе сагбача нест“.

Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:59 0:00

"Модар ба хотири фарзанд зиндагӣ мекунад"

Гулбаҳор, ки аз ин ҷангу даъвоҳо хаста шудааст, мегӯяд, ҳеч гоҳ намехоҳад, фарзандонро аз падар зиндаҷудо кунад.

Гулбаҳор Раҳимова: “Ман ҷудо карданӣ нестам, на аз падар, на аз авлодаш, аз аммааш. Рафтуомад кунад. Намехоҳам, ҷудо кунам, биравад, падарашро бинад. Донад, падараш кӣ ҳасту чӣ ҳаст. Бираваду биёяд, лекин мехоҳам бо ман бошад. Дар тарбияи ман бошанд, биёяду бинад, падараш. Барад хонаашон, боз биёрад. Мехоҳам муросои хуб кунад. Чанд дафъа гуфтам, дар суд ҳам гуфтам. Суд шоҳид аст. Ба хонаашон ҳам рафтам, "биё, муросо кунем, биё, фарзандҳоро барему биёрем. Якдигарро бифаҳмем.”

Гулбаҳор мегӯяд, азбаски дар хонаи шавҳар азоби зиёд кашиду таҳқири зиёд шунид, дигар ҳаваси баргаштан ба онҷоро надорад. Ягона орзуяш баргардонидани Анас аст.

“Мехоҳам дар тарбияи худам бошад, назди худам калон шавад. Модар ба хотири фарзанд зиндагӣ мекунад, барои фарзанд зиндагӣ мекунад. Ширинии ҳаёт барои модар ин фарзанд аст. Фарзандат набошад, зиндагӣ карда наметавонӣ. Хушбахтиамро бо фарзандонам мебинам. Хушбахтии ман фарзандони ман ҳастанд. Мехоҳам, фарзандон пеши худам калон шаванд. Мактабҳои хуб бидиҳам, худам барам, худам биёрам. Худам ёд бидиҳам, худам гапзаниро ёд бидиҳам", мегӯяд ӯ.

Модароне, мисли Гулбаҳор дар Тоҷикистон кам нестанд. Танҳо дар ду моҳи соли 2023 дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 10 баҳсу шикоят дар бораи бо кӣ мондани фарзанд баррасӣ шудааст. Соли 2022 бошад, 22 нафар аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон хостаанд, ки кумак кунад, то фарзанди худро бубинанду аз ӯ бипурсанд, чӣ ҳол дорад. Маълум нест, чанд нафари онҳо то ҳол мисли Гулбаҳор саргардонанд.

Гулбаҳор Раҳимова мегӯяд: “Ҳалномаи судро дорам. Тамоми мақомот ба фоидаи ман ҳал кардаанд. Лекин (падараш) гӯш намекунад, қонунро. Умуман нописандӣ мекунад. Хоҳиш мекунам, ки фарзанди маро баргардонанд.”

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазорҳо ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд ва гоҳо ҷанҷолу даъвои ҳамсарон барои бо кӣ мондани фарзанд дер идома мекунад. Бар тибқи қонун фарзанд то 10-солагӣ бояд бо модар бошад. Баъзан ҳукму амру қарори додгоҳ ҳам наметавонад, кӯдакро ба оғӯши модар баргардонад. Ва гоҳо бо фоҷиа ҳам меанҷомад.

Мисли қазияи Моҳира Ятимова, як сокини Душанбе, ки барои ҳаққи дидор бо фарзандонаш даъво дошт ва соли 2018 шавҳари собиқаш ӯро дар пеши чашми фарзандонаш, 13 корд зада кушт ва 18 сол паси панҷара рафт.

Ҳуқуқшинос: Хадамоти иҷро масъул бояд дастба кор шаванд

Барои посух гирифтан ба суоли модароне мисли Гулбаҳор Раҳимова дар ин барнома ба суроғи ҳуқуқдон рафтем, то бифаҳмонад, ки чӣ гуна модаре, ки додгоҳ ба нафъи ӯ қарор содир кардааст, аз кадом роҳе биравад, ки бачаашро бе ҷангу даъво баргардонанд.

Суоли аввал ҳам ин аст, ки Қонун ба нафъи модар қарор баровардааст, ки бояд фарзандро ба ӯ бидиҳанд, аммо падар қарорро ба инобат намегирад ва намедиҳад. Инҷо модар чӣ кор бояд кунад?

Ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев: “Вақте, ки суд қарор мебаронад, суд ҳалномаи худро мебарорад, оид ба муаяйн кардани ҷойи истиқомати кӯдак. Он ҷое, ки модараш зиндагӣ мекунад, ҳамроҳи модараш зиндагӣ кунад. Барои иҷрои он, иҷроварақа аз тарафи суд навишта мешавад. Иҷрочиёни суд, уҳдадор ва ё вазифадоранд, ки кӯдакро гирифта ба модараш бидиҳанд. Хадамоти иҷро ҳамаи ҳуқуқро дорад, барои гирифтани кӯдак. Аввал муҳлат медиҳад, ба тариқи ихтиёрӣ, агар иҷро накунад, ба тариқи маҷбурӣ иҷро мекунад. Агар монеъ шуданд, муқобилият кунад, ба кормандони мақомоти иҷро. Мақомоти иҷро бояд мактуб кунад, ба шуъбаи корҳои дохилӣ ва кормандони шуъбаи корҳои дохилиро ҳамроҳ гирифта меравад ва онҳо мусоидат мекунад, кӯдакро бо роҳи маҷбурӣ ва ё зӯрӣ мегиранд. “

Радиои Озодӣ: Дар қазияи Гулбаҳор кор то ба додситонӣ рафтааст ва ҳатто ба зидди падар барои саркашӣ аз иҷрои қарор парванда боз кардаанд, вале писар боз ҳам дар дасти уст? Дар инҷо қонун чӣ мегӯяд ва модар чӣ кор бояд кунад?

Бахтиёр Насруллоев: “Ин тавр мумкин нест, ки иҷрочиён гӯянд, ки "мо иҷро карда наметавонем". Онҳо вазифадор ҳастанд, то санади судӣ иҷро нашавад, он дар истеҳсолоти онҳо қарор мегирад. Уҳдадории иҷро дар уҳдадории иҷрочиёни суд қарор мегирад. Ҳамон ноҳия ва ё шаҳр. Модар бояд нисбати кормандони Хадамоти иҷро шикоят кунад, аз онҳо талаб кунад, ки санади судӣ бояд пурра иҷро шавад ва кӯдакро гирифта диҳанд.“

Радиои Озодӣ: Зан бояд ба куҷо равад, то ба додаш бирасанду мушкилашро ҳал кунанд?

Бахтиёр Насруллоев: “Ба мақомоти иҷро, ба он шахсе, ки аз тарафи Хадамоти иҷро, уҳдадории иҷрои ҳамон санади судӣ ба зиммаи ҳамон корманди мақомоти иҷро гузошта шудааст. Кадом шаҳру ноҳияе, ки набошад. Аз ҳамонҳо бояд талаб кунад. Агар онҳо иҷро накунанду саҳлангорӣ кунанд, нисбати ҳамон амалҳои кормандони мақомоти иҷро, шахси масъул, ба мақомоти прокуратура ва ё мақомоти болоии Хадамоти иҷро шикоят кунад, ки (қарори судро) иҷро намекунанд. Ин муаммои кормандони Хадамоти иҷро аст, ки онҳо бояд аз кадом роҳе набошад, ҳукми судро иҷро кунанд. Қонун механизмҳои кофӣ ва ҳуқуқи кофӣ ба кормандони мақомоти иҷро додааст, ки санадҳои судиро иҷро кунанд. “

Радиои Озодӣ: Дар умум қонун дар бораи васояти фарзандон чӣ мегӯяд, вақте ки ҷуфте аз ҳам ҷудо мешавад, фарзандонро бояд ба кӣ диҳанд?

Бахтиёр Насруллоев: “Аз рӯи қазияе, ки шумо гуфтед, қонун масъаларо пурра ба тарафи зан ҳал кардааст. Қонунгузор пешбинӣ мекунад, вақте оила барҳам мехӯрад, ҷойи зисти кӯдак, ё тарбияи кӯдак бо назардошти манфиати худи кӯдак суд муаяйн мекунад. Агар байни зану шавҳар муросо барои тарбияи кӯдак ба вуҷуд наомада бошад, қонунгузор аввал ба ихтиёри худи зану шавҳар мегузорад, ки ба тариқи созиш ва муросо ҳама масъалаҳоро ҳал кунед. Вақте ин масъалаҳо ҳал нашуд ва муроҷиат ба суд шуд, суд тибқи қонун санади худро мебарорад. Қонун пешбинӣ мекунад, ки бояд ҳама ҳолатҳо, шароити зист, дигар масъалаҳои тарбия ва он чизро, ки ба манфиати кӯдак аст ва зиёновар нест, ба эътибор гирифта, ҷойи зисти кӯдакро муайян кунад, ки ҳамроҳи падараш мебошад, ё модараш? Боз илова кардан зарур аст, ки агар аз синни 10 гузашта бошад, ҳангоми баровардани қарори худ, суд фикри кӯдакро пурсида, онро ба инобат мегирад. “

Радиои Озодӣ: Як тавсияи хос ва ё роҳи ҳалли осонтаре ҳаст, ки волидоне, ки аз ҳам ҷудо шуданд, бе баҳсу даъво, бе осеб ба равони кудак, сари масъалаи васояту тарбияи фарзанд ба мувофиқа бирасанд?

Бахтиёр Насруллоев: “Тавре гуфтам, қонунгузор пешбинӣ мекунад, ки бояд ба тариқи созиш ва муросои зану шавҳар ин масъалаҳо ҳал карда шавад. Зану шавҳар уҳдадоранд дар масъалаи таъмини маънавиёти кӯдак, фарҳанг, тарбия ва саломатии кӯдак, ҳарду тараф уҳдадоранд. Ҳангоми қабули қарор кӯдак бо кӣ мемонад, ҳамаи ин чизҳоро бояд ба эътибор гиранд. Лекин, албатта, вақте ин чизҳо намешавад, қонунгузор механизмҳои муайянро пешбинӣ мекунад, ки ин масъала бе зарар расонидан ба кӯдак ҳал карда шавад.”

-------------------------------------------------------------------------------------------

Хоҳари азиз ва ё ҳар кадоми шумо, ки ин барномаро мебинед, агар дар борае мушкилу масъалае, ки дар миён гузоштем, назаре дорад, бе ҳеч истиҳолаву худдорӣ зери барномаи "Салом, хоҳар" бинависед. Барои шарҳу назарҳо дар бораи барномаи пешин бисёр сипосгузорем ва саъй мекунем, мутобиқ ба хостаи шумо барнома бисозем. То дидор дар барномаҳои дигар.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG