Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Магар фарзандони зани дувум фарзанд нестанд?" Салом, хоҳар. ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар моҳи июни соли 2023 дар Тоҷикистон мардеро ба иттиҳоми қатли зани дуюмаш боздошт карданд. Мақомот гуфтанд, шавҳар пас аз ҷанҷолу даъвои хонаводагӣ ҳамсарашро оташ задааст.

Дар моҳи июл аз марги як зани 23-сола хабар расид, ки ба қавли наздиконаш, бехабар зани дувум шуд ва бо гузашти вақте, таҳти фишори ҳамсари аввали шавҳар ва хонаводаи ӯ худро кушт. Соли 2021 ҳам ингуна хабарҳо мерасид ва чанд мисол аз фарҷоми фоҷиабори дузанагӣ ва сарнавишти занони дувум дар Тоҷикистон буд. Ин мавзӯест, ки имрӯз дар “Салом хоҳар” дар борааш суҳбат мекунем.

Дар Тоҷикистон дузанагӣ ё чандҳамсарӣ манъ аст ва барои он ҷазо таъйин кардаанд, аммо кам нестанд мардоне, ки ҳамзамон ду зан доранд. Омор дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо мақомдорон ҳам инро эътироф кардаанд.

САРНАВИШТИ ПАРВИНА

Парвина Ғаниева
Парвина Ғаниева

“Мегуфт, Парвина, биё, оиладор шавем, зиндагӣ кунем, кӯдаконатро мисли фарзандони худам нигоҳубин мекунам. Ту ҳам шавҳар надорӣ, ман ҳам зан надорам. Ҳамин хел мегуфт. Хайр, гирифтем.”

Бо ҳамин ваъдаҳои умедбахш ва барои ояндаи фарзандони нимаятимаш, Парвина Ғаниева, сокини шаҳри Душанбе, розӣ шуд, ки дигарбора шавҳар кунад. Ҳамсари собиқаш телефонӣ аз Русия ӯро талоқ дода буд. Бо ду фарзанд дар хонаи волидон мезист. Мегӯяд, баъд аз чанд сол, вақте дубора пешниҳоди издивоҷ гирифт, намедонист, ки зани дуюм мешавад. Фикр мекард, шавҳари наваш низ аз ҳамсар ҷудо шудааст.

“Меомаду мегуфт, ки ба хонаи хоҳарам меравам. Як хонаро ба иҷора гирифта будем, вале ҳамеша бо ман набуд. Мегуфт, ба хонаи модарам меравам. Баъдан фаҳмидам, ки дар поёни бозори "Корвон" ҳавлӣ дорад. Як рӯз ҳамсараш омад. Доду вой кард, ҷанг кардем. Фаҳмидам, ки зан дорад. Ҳамон вақт дар батнам аз ӯ тифл доштам.”

Ба нақли Парвина Ғаниева, пас аз ин моҷаро шавҳараш як муддат ӯро суроғ накард, аммо баъдан баргашту зиндагиашон агарчӣ ба сахтӣ идома кард. Шавҳари Парвина дар бозори "Корвон" тиҷорат дорад. Он ҷо бо ҳам ошно шуданд ва пас аз чанд соли кор, ба гуфтаи Парвина, якҷо пул ҷамъ карда, хона хариданд. Шавҳараш фақат ҳафтае як ё ду бор дар ин хонаи муштарак меҳмон мешуд.

Мегӯяд, баъд аз таваллуди ду фарзанд аз ин шавҳар зиндагияш талхтар шуд. Ба қавли ӯ, худашро мезад ва фарзандонашро бад мегуфт. Айни бисёре аз занони дувум, ки бо таваллуди фарзанд ва зиёд шудани ташвишҳо, муносибати шавҳар бо онҳо тағйир мекунаду дар ниҳоят танҳо мемонанд,

Ҳоло аз шавҳар ҷудо шудаст. Ба нақли ӯ, мард бо зани дигаре издивоҷ карду онҳоро аз хонаи муштарак ронд. Назари Бобоназар Шерхонов, шавҳари Парвина, дар бораи иддаоҳои зан маълум нест. Ӯ нахост, ба саволҳои мо посух диҳад.

Барномаро дар инҷо бинед:

Салом хоҳар. Фарзандони зани дувум фарзанд нестанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:39 0:00

Парвина мегӯяд, барои бесаробон намондани кӯдакон бо ҷангу ҷанҷол дубора ба хона баргашт ва акнун чор сол боз баҳси онҳо бар сари манзил дар додгоҳ идома дорад. Дар ин муддат аз сӯйи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва Додгоҳи шаҳри Душанбе се дафъа ҳалнома содир шудааст, ки комилан аз ҳам фарқ доранд.

Як бор баҳс ба фоидаи мард ҳал шудаву зан бо амри додгоҳ аз хона маҳрум шуд. Қарори дуюм ба фоидаи зан анҷом ёфт ва бори сеюм қарор шуд, ки хонаи муштараки онҳо, ки ҳамагӣ аз як ҳуҷра иборат аст, байни зану шавҳар баробар тақсим шавад. Парвина ба амри додгоҳ розӣ нест, мегӯяд, фарзандони зани ду ҳам фарзанданд ва бо вуҷуди он ки насаби падарро доранд, дар додгоҳ ҳаққи онҳо ба назар гирифта нашудааст.

“Ҳаштуним квадрат (метри мураббаъ) ба ӯ расидааст ҳаштуним квадрат ба ман. Ҳозир ӯро биёранду маскун кунанд, мо соз мегирем? Наход то ин ҳад зан беҳуқуқ бошад. Ман 4 фарзанд калон карда истодаам. Мегӯянд, ҳаққи хонаашро деҳ. 53 ҳазор деҳ. Бояд мо пул дошта бошем, ки гапи мо дар мақомот гузарад?”

Хонаро дар ҳоле ба зан бо 4 фарзандаш ва мард баробар тақсим кардаанд, ки бар асоси хулосаи Кумисюни ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Фирдавсӣ, ин хонаи танг барои зиндагии кӯдакон номуносиб аст.

“КӮДАКОН ҲАҚ ДОРАНД, ҲАМСАРОНИ ДУВУМ НЕ”

Дар Тоҷикистон фарҷоми сарнавишти бисёре аз занҳои дувуму саввум тақрибан чунин аст. Ба гуфтаи ҷомешиносон, дар аксар ҳолат умри оилаи онҳо дароз нест. Агар ҷудо ҳам нашаванд, зан ва фарзандон пинҳон мемонанд, агар ҷудо шаванд, ба далели қонунӣ набудани издивоҷ, занони дувум ва дар бархе маврид фарзандони онҳо ҳам аз ҳимояти қонун маҳруманд.

Тибқи омори Вазорати адлия, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро барои издивоҷ бо ду зан ва ё ҳатто бештар аз он ҷазо додаанд. Тибқи моддаи 170-уми Кодекси ҷиноӣ барои бисёрҳамсарӣ ҷарима ё то 5 сол зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Издивоҷи дувум аксаран замоне ошкор мешавад, ки занон аз шавҳар ҷудо шуда, барои додхоҳӣ ба мақомот ва ҳуқуқшиносон муроҷиат мекунанд. Ба маркази боварии Кумитаи занон ҳам маъмулан занони дуюм ва сеюм баъд аз талоқ гирифтан муроҷиат мекунанд ва мехоҳанд, ҳаққи фарзандони худро бидонанду аз онҳо ҳимоят кунанд.

Маҳбуба Азимова, равоншинос, гуфт: “Бисёре аз занҳои дуюм махфиянд. Шояд ин тарсу ҳароси мардҳо аст, ки оилаи якумашон вайрон нашавад, фарзандон нафаҳманд, ки аз падар дилхунук нашаванд. То ҳатто ба онҳо таҳдид мекунанд, ки агар ту ҳаминро ифшо кунӣ, аз баҳри ту мегузарам. Ҳастанд занони дуюме, ки меоянд барои муқаррар кардани падарӣ ё талаби алимент. Мо мегӯем, чаро сари вақт ин масъаларо дар назди шавҳар нагузоштед. Мегӯянд, онҳо таҳдид карданд. Ба ҳамин ҳолат тоқат карда, то даме ки мард онҳоро партофта наравад, муроҷиат намекунанд. Кӯдакон зери ҳимояти давлат ҳастанд ва онҳо бо муқаррар кардани падарӣ ному насаби падарро мегиранд. Аммо ҳамсарони дуюм аз баъзе ҳуқуқ маҳруманд.”

Аз ҳуқуқшиноси Кумитаи занон Наргис Муродова пурсидем, чӣ занонро водор мекунад зани дуюм шаванд?

“Бо як ё ду фарзанд танҳо дар нимароҳи зиндагиянд. Дар оилаҳои осебпазир зиндагӣ мекунанду мушкилоти зиндагӣ водор мекунанд, ки зани дувум шаванд. Мо аз онҳо мепурсем, ки барои чӣ ба ҳамин розӣ шудед, шумо медонистед, ки оилаи касеро вайрон мекунед. Онҳо мегӯянд, бо кӯдакон дар кӯча мондам ё дар хонаи падару модар нағунҷидам, ё баҳонаҳои дигаре доранд, ки кор намекардам ё илме надоштам, ки ҷое кор кунам ва зани дуюм шудам.”

Наргис Муродова, ҳуқуқдони Кумитаи занон
Наргис Муродова, ҳуқуқдони Кумитаи занон

“МЕХОҲЕД, КИ ЗАНҲО ҲАМ ДУ ШАВҲАР ДОШТА БОШАНД?”

Ба гуфтаи муттахассисон, баъзе аз занон ба доми фиреб меафтанд. Афзоиши азҳампошии оилаҳо ва занони танҳо аз сабабҳои дигари бисёрҳамсарӣ гуфта мешавад.

“Қисми зиёде ҳастанд, ки аз оилаи якум ҷудо шудаанд ва маҷбур ҳастанд, ки боз оила барпо кунанд. Мутаассифона, духтарони ҷавон, аз 21 то 30-35 сола, аз оила маҳрум мешаванд ба ҳамин роҳи хато мераванд. Агар мо фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода карда, баъд ба шавҳар диҳем ва интихоби онҳоро пазируфта оиладор кунем, шояд ҷудошавии оилаҳо ҳам кам шавад. Заноне ҳастанд, ки аз оилаи якум меҳру муҳаббату садоқат надидаанд, фикр мекунанд, ки агар оилаи дигар барпо кунанд, зиндагияшон хуб мегузарад,” – гуфт равоншинос Маҳбуба Азимова.

Чанд сол пеш як пурсиш миёни садҳо зан дар Тоҷикистон маълум карда буд, ки 50 дар сад тарафдори чандҳамсариянд. Тарафдорони бисёрҳамсарӣ маъмулан ба дини ислом такя мекунанд, ки ба мардон издивоҷ бо чор занро ҳам иҷоза медиҳад.

Маҳбуба Азимова, равоншинос
Маҳбуба Азимова, равоншинос

Равоншинос Маҳбуба Азимова мегӯяд, мухолифони ин шакли никоҳу зиндагӣ хеле зиёданд ва ба бовари ӯ пайомади чандҳамсариро боз ҳам занон мекашанд: “Дар бинои бадбахтии як кас бинои хушбахтӣ сохта намешавад. Ба фикри ман ягон зан намехоҳад, ки шавҳараш ба болои ӯ зани ду ё сеюм бигирад. Ин ҷо занони аввал меоянд, ки хеле дар ҳолати бади руҳӣ қарор доранд. Дар байни имомхатибони масҷиди ҷомеъ дар бораи сиёсати гендерии Тоҷикистон дарс мегуфтам. Имомхатибе савол дод, ки муаллима ҳастанд муроҷиатҳое, ки барои зани дуюм шудан ҷонибдорӣ карда бошанд. Ман гуфтам, не, танҳо аз ҷониби мардҳо буд, ки зани дуюм иҷоза дода шавад. Ман баъдан як савол додам. Гуфтам, “домулло, мехоҳед, ки занҳо ҳам ду шавҳар дошта бошанд? Яъне, тасаввур кунед, ки занатон гӯяд, домулло, шумо дарро маҳкам карда, нағз хоб равед ман назди ҷӯраатон рафтам. Чӣ хел қабул мекунед?” Гуфт: “Дилам мекафад.” Ман гуфтам, мо занҳо ҳам дил дорем. Ҳама инсон аст, ба меҳру муҳаббат ба як ҷойгаҳи гарму оилаи обод ниёз дорад.”

Бо вуҷуди ин ҳама, ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, фарзандон аз зани авваланд ё ду ҳуқуқи онҳо бояд ҳимоят шавад. Кӯдаконе, ки аз занони дувум ба дунё меоянд, ҳоло дар Тоҷикистон метавонанд, насаби падари худро бигиранд ва бо муқаррар кардани падарӣ занон имкон доранд, барои ҳаққи онҳо талош кунанд. Аммо занони дувум, ки аз шавҳар талоқ гирифта, бо кӯдакон танҳо мондаанд, мегӯянд, на ҳамеша дар додгоҳҳо ҳаққи кӯдакон ба инобат гирифта мешавад. Мисли Парвина, ки мегӯяд, аз ноогоҳӣ зани дувуми тоҷире шуд ва ҳоло барои як сарпаноҳи танг бо ӯ дар додгоҳ баҳсу кашмакаш дорад.

Барномаро дар Ютуб бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG