Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мушкили иҷтимоиву иқтисодиро ҳал мекунад." Дар Қирғизистон баҳси чандҳамсарӣ бархост


Дар Қирғизистон бори дигар пешниҳод кардаанд, ки ба чандҳамсарӣ ҷомаи қонунӣ пӯшонда шавад. Ин дафъа ин пешниҳод аз тарафи ҳизби "Келечек" садо дод, ки талош дорад вориди Маҷлиси шаҳри Бишкек шавад. Номзади он, Назира Абдуқаюмова, рӯйирост гуфт, ки ​"ҳизб тарафдори қонунӣ кардани чандҳамсарист".

"Бо сабаби мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари мо никоҳҳо ва кӯдакони ғайриқонунӣ афзудаанд. Ин мушкили ҷиддӣ барои миллати мост. Ҳизби "Келечек" ҷонибдори қонунӣ кардани дузанагист ва ин чанд мушкил, аз ҷумла мушкили иҷтимоиву иқтисодиро ҳал хоҳад кард", – эълон дошт сиёсатмадор дар навори таблиғотие, ки бо ҳиҷоб зоҳир шуд.

Дар пайи ин, ба зидди ҳизби "Келечек" ба Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон шикоят кардаанд. Яке аз аҳзоби рақиб гуфтааст, ин пешниҳод мухолифи қонун аст, чун Кодекси ҷиноӣ чандҳамсариро манъ кардааст. Амалан дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чандҳамсарӣ вуҷуд дорад.

Тарафдорони ин пешниҳод далел меоранд, ки чандҳамсариро Қуръон иҷозат додааст. Ва барои он ки аз чанголи қонун бигурезанд, танҳо бо никоҳи динӣ иктифо мекунанд.

Шикоят ба Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон чизеро ҳал накард. Дар ин ниҳод гуфтаанд, ки дар суҳбатҳои Абдуқаюмова поймолшавии қонуни интихоботро наёфтанд ва машварат додаанд, ба милиса муроҷиат шавад.

Дар ҳизби "Келечек" гуфтанд, ки аз роҳи худ пас гаштанӣ нестанд. Раҳбари он Чингиз Макешев мегӯяд, пешниҳоди ҳамҳизбашро дастгирӣ мекунад, ҳарчанд худаш зани дувум гирифтанӣ нест.

"Ман як ҳамсар дорам, ки бо ӯ дар замони донишҷӯӣ издивоҷ кардам. Чаҳор фарзанд дорем. Нақшаи издивоҷи дувумро надорам. Намехоҳам", – гуфт Макешев. Вай айни замон ишора кард, ки дар ҳизби онҳо демократия ҳукфармост ва бино бар ин номзадҳо бидуни маслиҳат бо раҳбари ҳизб метавонанд ҳаргуна изҳорот бидиҳанд.

"Назира Абдуқаюмова беш аз ҳафт сол ба корҳои хайрия машғул буд. Ҳама мушкилҳои иҷтимоиро бо чашми худ дидааст. Аз ҷумла, издивоҷҳоеро, ки мардон бо занон танҳо никоҳи динӣ карда, сипас ҳамсару кӯдакони худро танҳо мегузоранд. Баъзан танҳо тавассути паёмак се бор талоқ мефиристанд. Зан дар ин ҳолат куллан беҳимоя мемонад", -- афзудааст ӯ.

Ҳамзамон мухолифони чандҳамсарӣ дар Қирғизистон кам нестанд. Яке аз роҳгузарон дар Бишкек ба телевизиони «Настояшее Время» гуфт, ки «бояд бо як зан зист. Қонунӣ кардани чандҳамсарӣ нодуруст аст.»

"Чӣ гуна ду зан гирифтан мумкин аст? Мо ҳаргиз чунин қонунҳоро ҷонибдорӣ намекунем. Магар чунин зистан мумкин аст? Чунин шахсоне низ ҳастанд, ки як занро хӯрондаву пӯшонда наметавонанд, вале ҳамсари дувум мегиранд», -- гуфт як ҷавон.

Дигаре гуфт: "Дар кишвари мо ҳуқуқи занон поймол мешавад. Агар зани дувум ҷудо шавад, ҳимоят намешавад. Пештар бар асоси қонун ҳақ дошт, дар сурате ки шавҳараш алимент надиҳад, ба додгоҳ муроҷиат кунад. Ҳоло ин банди қонунро бекор кардаанд."

"Ҳар кас дар интихоби худ озод аст. Агар ду нафар тасмим гирифтанд ва марду зан розӣ ҳастанд, пас, чаро не?" - мегӯяд ҷавоне айнакдор. Аммо худаш илова мекунад, ки "ман зани дуюм намегирифтам."

"Агар тавонад, бигзор 5-6 зан гирад", -- мегӯяд марди дигар.

Бисёре аз рақибони Назира Абдуқаюмова чунин ақида доранд, ки бояд чандҳамсарӣ набошад.

"Бо таблиғи бисёрзанӣ, ҳизб занонро табъиз мекунад ва ба мардон бартарӣ медиҳад", -- таъкид мекунад Урман Насиқулов, номзад ба вакили Маҷлиси шаҳри Бишкек.

Вакили мудофеъ Атир Абдураҳматова чунин мешуморад, ки Кумисюни марказии интихобот метавонад, видеои Абдуқаюмоваро ғайриқонунӣ эътироф кунад, зеро мазмуни он хилофи Конститутсия аст.

Баҳси қонунӣ кардани чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон низ сари чанд вақт дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбати рӯҳониён садо медиҳад, вале расман манъ аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG