Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайриқонунист, вале чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад? ВИДЕО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Айби занҳо ё мардҳост, ки бо вуҷуди ғайриқонунӣ будан сафи занҳои ба истилоҳ дувуму севум дар Тоҷикистон кам намешавад ва мушкили онҳову фарзандонашон низ сол то сол меафзояд. Баъзе аз ин занон чанде пеш ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки фарзандони онҳо насаби падари худро гирифта наметавонанд ва ҳам аз ҳаққи мерос маҳруманд.

Чанде аз корбарон пешниҳод кардаанд, ки ё чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон қонунӣ шавад ва ё занон аз издивоҷу зиндагии пинҳонӣ бо мардҳо худдорӣ варзанд, то дардисар аз ин зиёдтар нашавад. Назарҳои бар хилофи ин ҳам ҳаст.

Аз шарҳи корбаре бо номи Бахтиннисо Темирова шуруъ мекунем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст: "Дар кадом ҳолате набошад, зани дувум шудан даркор нест. Дар аввал зорӣ карда мегиранд, баъд аз уҳдааш намебароянд. Зиндагӣ осон нест."

Баъзеи дигар дар ҳамовозӣ бо ин шарҳ навиштаанд, азбаски қонун чандҳамсариро манъ кардааст, занҳои ба истилоҳ дувум аз нигоҳи ҳуқуқӣ пуштибон надоранд ва аксаран дар кӯча мемонанд.

Лола Аҳмедова, корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук, гуфтааст: "Бисёриҳо зани дуюм мегиранд, баъд аз он ки таъмин карда наметавонанд, мегурезанд. Аввал фикр кунед, ки занҳои якуматон аз чӣ камӣ доранд, кару шал набошанд, шуд."

Барномаро дар Ютюб бинед:

Як гуруҳ аз корбарон гунаҳкорони чунин вазъиятро ҷустаанд. Иддае бовар доранд, айби худи занҳост, ки бо чунин издивоҷу зиндагӣ розӣ мешаванд. Дигарон мардҳоро гунаҳкор донистаанд. Чанд нафар пойи ҳукумат ва мақомотро ҳам ба ин баҳс кашиданд.

Корбаре бо номи Ҷамшед Солиҳов навиштааст: "Ҳамон занҳо мебинанд, ки мард соҳиби оила аст, чаро зиндагии ӯро талх мекунанд? Марди ӯро кашида мегиранд? Боз даъвою даъвобозӣ, ки хона надорам. Медонӣ, ки ҳамон мард зан дорад, чаро мегирӣ?"

Дар ҷавоб Нодира Аминова мардҳоро муқассир хондааст. Шарҳи ӯро мехонем: "Бахшиш, лекин як хел мардҳои шайтонсирате ҳастанд, ки барои дили духтаронро ба даст овардан аз осмон ситора ваъда мекунанд. Зан худаш зудбовар аст, барои ҳамин, мо ҳаққи касеро ҳукм баровардан надорем."

Чанде аз хонандагон ҳам мардҳо ва ҳам занҳоро гунаҳкор кардаанд, ки дар аввал танҳо дар бораи лаззати худ меандешанд, вале баъд аз таваллуди кӯдаку пеш омадани мушкил пушаймон мешаванд. Шарҳи Ҳабибулло Мирзоевро аз Фейсбук мехонем: "Кайф карда мегарданд, ки як вақт мебинанд, се фарзанд дарди сарашон шудааст. Намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Зану марди номард ҳарду сад фоиз гунаҳкоранд."

Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки тарафдори ёфтани роҳи ҳалли мушкил ҳастанд. Агар баъзе барои ҳалли қонунии он таъкид доранд, гуруҳе дигар мегӯянд, занон пеш аз чунин издивоҷҳо ғами худу кӯдаконашонро хӯранд.

Мамлакат Бароталиева дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, "зани дувум шуданӣ бошед, ба ҷойи маҳр ба номатон ақаллан як хонаи якҳуҷраӣ гирад. Баъд ба никоҳаш дароед. Ҳамин, ки хона гирифта диҳад, маълум аст, фикри ҷудошавӣ надорад ё барои кайфу сафо гирифтанӣ нест. Фарзандони Шумо дар кӯча намемонанд. Пеш аз ҳама фикри кӯдакони ояндаи худро кунед. Ишқу муҳаббат як лаҳза, вале фарзандон хор мешаванд."

Чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Ҳоло қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои чандҳамсарӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Бо ин вуҷуд шумори мардоне, ки чанд ҳамсар доранд, дар кишвар кам нестанд.

Баҳс дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ҳанӯз идома дорад. Агар Шумо пешниҳоде доред, сокит набошед ва ба ин шумора (+420) 607 900 808 бифристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорад. То дидор дар барномаҳои дигар!

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG