Путин гуфт, Русия барои "ҳеч навъ даргирӣ" бо Аврупо омода намешавад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Маскав барои ҳеч гуна даргирӣ бо Аврупо омода намешавад.

Изҳороти ӯ пас аз он садо дод, ки баъзе аз аъзои аврупоии НАТО дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Русия ҳушдор доданд. Инчунин, мақомҳои хадамоти кашфи Аврупо дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Guardian" ин эҳтимолро матраҳ карданд, ки шояд Русия барои озмоиши тавон ва вокуниши НАТО дар ояндаи наздик даст ба иқдоме бизанад.

Путин дар гуфтугӯ бо хабарнигорони расонаҳои Русия дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, "бисёриҳо дар Аврупо аз эҳтимоли ҳамлаи Русия сухан мегӯянд ва ба ҳамин далел, ба ин боваранд, ки худашон бояд барои даргирии низомӣ, барои ҷанг бо Русия омода шаванд". Ӯ афзуд, "ман мехоҳам бори дигар таъкид кунам: "Мо барои ҳеч гуна даргирии низомӣ бо Аврупо омода намешавем".

Нерӯҳои НАТО дар марзи Лаҳистон ва Руминия.

Чандин кишвари аврупоии тарафдори Украина аз эҳтимоли ҳамлаҳои махфиёнаи Русия дар хоки худ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Олмон чанде пеш Русияро ба барномарезӣ барои ҳамлаи паҳподӣ ба фурудгоҳи Лейпсиг дар тобистони имсол муттаҳам кард. Лаҳистон (Полша) низ ҳушдор додааст, ки Русия мумкин аст паҳподу мушакҳоеро алайҳи кишварҳои пуштибони Украина партоб кунад.

ПУТИН: ҲАМАИ ГУЗИНАҲО РӮИ МИЗ ҲАСТАНД

Владимир Путин рғзи 25-уми сентябр гуфт, Русия дар ҳоли баррасии мавзеи худ дар бораи азсаргирии музокироти сулҳ бо Украина, пас аз ҳамлаҳои ахири Киев ба Русия аст.

Ӯ афзуд, "дар мавриди пешниҳодҳои оғози дигарбораи гуфтугӯҳо, бале, ҳамаи онҳо рӯи миз ҳастанд ва ҳама чиз мумкин аст, аммо пас аз тамоми корҳое, ки онҳо анҷом додаанд, мо бо диққат баррасӣ хоҳем кард, ки дар посух чӣ иқдомоте бояд анҷом диҳем".

Путин афзуд, Маскав омода буд пас аз интихоботи порлумонии ҳафтаи гузаштаи Русия музокиротро бо Киев оғоз кунад, аммо Украина ҳамлаҳоеро алайҳи Маскав анҷом дод ва ба марказҳои раъйдиҳӣ зарба зад.

Раисҷумҳури Русия гуфт, ин Украина будааст, ки ҳамлаҳои таҳрикомезро оғоз кард ва афзуд, "бинобар ин бояд посухҳои интиқомҷӯёнаи Русияро эҳсос кунанд ва бифаҳманд, ки ҳеч иқдоми таҳрикомез ё афзоиши шиддат барои ба даст овардани натиҷа таъсирбахш нахоҳад буд. Онҳо фақат вазъиятро барои худашон бадтар мекунанд".

УКРАИНА БА УМЕДИ "ПАТРИОТ"-И АМРИКО АСТ

Ин изҳороти Путин чанд соат пас аз он баён шуд, ки Киев эълон кард, раисҷумҳури Амрико бо тавлиди мушакҳои пешрафтаи системаи ҳавоиии "Патриот" аз сӯи Украина мувофиқат кардааст.

Системаи дифои ҳавоии "Патриот".

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Доналд Трамп дар охирин дидораш бо ӯ гуфтааст, тасмими ниҳоиро гирифтааст ва "Украина иҷозатномаи тавлиди мушакҳои "Патриот"-ро дарёфт хоҳад кард".

Доналд Трамп дар моҳи июл гуфта буд, ки додани иҷозатномаҳои тавлиди мушакҳо ба Украина "бисёр олӣ" хоҳад буд, аммо сипас аз мавзеи худ ақибнишинӣ кард ва гуфт, ки Амрико бояд пеш аз судури чунин иҷозатномаҳо, "бисёр эҳтиёткор" бошад.

Мушакҳои пешрафтаи дифои ҳавоии "Патриот" аз коромадтарин силоҳҳо дар муқобила бо мушакҳои баллистикӣ ба шумор мераванд ва Украина дар ҷанг бо Русия бо камбуди шадиди ин мушакҳо рӯбарӯ аст.

Зеленский ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки Украина барои сипарӣ кардани зимистон ба панҷ дарсад аз захираҳои мушакҳои раҳгири "Патриот"-и Амрико ва барои нобудии ҳама мушакҳои баллистикии Русия, ба 10 дарсад аз ин захираҳо ниёз дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши Украина тайи моҳҳои ахир ҳамла ба зерсохтҳои энержии Русияро афзоиш дода ва аз сӯи дигар, Маскав низ ҳамлаҳои маргборе ба пойтахт ва дигар шаҳрҳои Украина анҷом додааст.