Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши дипломатӣ миёни Маскав ва Берлин. Консулгарии Олмон дар Санкт-Петербург баста мешавад

Муассисаи фарҳангии "Гёте" дар Маскав ҳам баста мешавад.
Муассисаи фарҳангии "Гёте" дар Маскав ҳам баста мешавад.

Ҳукумати Русия рӯзи 7 сентябр аз тасмими худ барои бастани консулгарии Олмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, хабар дод.

Маскав ба дипломатҳои олмонӣ дар ин намояндагӣ то 18 сентябр фурсат дод, ки хоки Русияро тарк кунанд. Ин иқдоми Русия дар посух ба дастури ҳукумати федеролии Олмон барои баста шудани консулгарии Русия дар шаҳри Бонн эълон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри баёнияе расман эълон кард, ки иҷозатномаи фаъолияти Консулгарии Олмон дар Санкт-Петербургро лағв мекунад ва ин намояндагии дипломатии Олмон бояд то 18 сентябр ба фаъолиятҳои худ дар ин шаҳр поён диҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамчунин ёддоварӣ кардааст, ки кормандони Муассисаи фарҳангии "Гёте" дар Маскав, ҳам бояд то охири ҳафтаи ҷорӣ, хоки ин кишварро тарк кунанд.

Ҳафтаи пеш Олмон бо муттаҳам кардани Русия ба барномарезии як ҳамлаи паҳподӣ ба фурудгоҳи Лейпсиг, фармони баста шудани консулгарии Русия дар Бонн ва Маркази фарҳангии Русия дар Берлинро содир кард.

Вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, Берлин то поёни моҳи сентябр консулгарии Русияро дар Бонн мебандад ва қарордодро бо Маркази фарҳангии "Хонаи Русия" дар Берлин бекор хоҳад кард. Вазорати умури хориҷии Олмон ҳамчунин сафири Русияро дар Берлин даъват кард.

Иттиҳоди Аврупо ҳам дар робита ба ҳодисаи моҳи август фурудгоҳи Лейпсиг гуфт, "ҳама нишонаҳои терроризм давлатӣ" дар он вуҷуд доранд.

Русия ҳама иттиҳомот дар ин мавридро рад кардааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, Берлинро ба "ҷангталабӣ" муттаҳам кард. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам қаблан, иқдомоти ахири Олмонро "иштибоҳи ҷиддии дигар" хонда буд.

Фурудгоҳи Лейпсиг дар ҳамлу нақли таҷҳизоти низомии Олмон ва НАТО нақши калидӣ дорад ва пойгоҳе барои ҳавопаймоҳои "Антонов"-и Украина аст. Олмон яке аз муттаҳидони аслии Украина ба шумор меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG