Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, талошҳои дипломатии худро барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина дубора аз сар гирифт. Дар ин чаҳорчӯб Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер фиристодагони хоси Амрико аввал ба Маскав ва сипас ба Киев рафтанд, то музокиротро аз нав эҳё кунанд.
Аммо пас аз гуфтугуҳои ҷудогона бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина як суоли асосӣ бепосух мемонад ва он ҳам ин ки оё мавзеъгирии Маскав то он ҳад тағйир ёфтааст, ки расидан ба як созишро имконпазир созад? Агар бо назардошти баёнияи яке аз дастёрони наздики Путин хулоса кунем, посухи суол манфист.
Се сафири собиқи Амрико дар Украина низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ нишонае аз гузашт кардани Кремл намебинанд. Охири ҳафта Уиткофф ва Кушнер пас аз мулоқот бо Путин дар Маскав, ба Киев омада, бо Зеленский гуфтугу карданд.
Уиткофф, ки то кунун ҳашт бор бо Путин мулоқот доштааст, суҳбатҳоро «созанда» хонд ва гуфт, ки Вашингтон аз Маскав «идеяҳои нав» шунидааст. Кушнер гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯи як «барномаи васеъи сулҳ» кор мекунад.
Зеленский мулоқот бо намояндагони Амрикоро «муҳим ва пурмӯҳтаво» номид ва гуфт, ки Украина барои музокироти сеҷониба бо ҳузури намояндагони Киев, Вашингтон ва Маскав омода аст. Дар бахше аз музокироти Киев мушовирони амнияти миллии Бритониё, Фаронса ва Олмон низ ҳузур доштаанд.
Ин ҳаракатҳои дипломатӣ аҳамияти бузург доранд, аммо сафирони собиқи Амрико мегӯянд, ки набояд ин ҳаракатҳоро аломати пешрафт донист. Вилям Тейлор, ки ду дафъа сафири Амрико дар Украина буд, сафари намояндагони Амрико ба Киевро «хабари хуш» номид, аммо гуфт, ки озмоиши асосӣ дар ҷойи дигар аст.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Мушкили аслии дипломатӣ дар Киев нест. Мушкили аслӣ дар Вашингтон ҳам нест. Мушкили аслии дипломатӣ дар Маскав аст.»
Вилям Тейлор афзуд, ки аз Кремл ҳеч садое нашунидааст, ки нишон диҳад, Путин аз талабҳои сахти худ даст кашида бошад. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия шоми 6-уми сентябр гуфт, Путин ба Уиткофф ва Кушнер аз расидани Русия ба аҳдофи худ изҳори боварӣ ва ба зарурати ҳалли «сабабҳои аслии низоъ» таъкид кардааст.
«Сабабҳои аслӣ» ибораест, ки маҷмӯаи иддаоҳои Русияро аз давраи пеш аз ҷанги соли 2022 дар бар мегирад, аз ҷумла ин иддаоро, ки Зеленский раиси ҷумҳури қонунӣ нест ва ҳукумати Украина ба русзабонон зулм мекунад. Ва инро нишонаи он медонанд, ки мавқеи Маскав бетағйир мондааст.
Ҷон Ҳербст, ки пеш аз Вилям Тейлор дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш сафир буд, арзёбии монанд дорад. Ӯ гуфт, талошҳои кунунӣ шояд муҳимтарин иқдоми дипломатии Амрико дар чанд моҳи охир бошад, зеро аз моҳи январ инҷониб чунин фаъолиятҳо кам буданд. Ӯ гуфт: «Савол ин аст, ки оё ин ҷо чизи ҷиддие ҳаст? Ва посух ин аст, ки маълум нест.» Ӯ афзуд, ин номуайянӣ, эҳтимолан дар марҳилаи баъдии дипломатия ҳоким хоҳад буд.
Ҷеффри Пайетт, сафири Амрико дар Украина дар солҳои 2013-2016, низ аз таваҷҷӯҳи дубораи Амрико ба низоъ истиқбол кард, аммо гуфт, ки монеаи асосӣ ҳанӯз ҳам то куҷо омода будани Русия ба коҳиши шиддати ҷанг аст.
Ҳалқаи гумшуда
Муҳимтарин ва ҷолибтарин иддаое, ки пас аз ин сафар садо дод, суханони Уиткофф буд, ки гуфт дар Маскав «идеяҳои нав» шунидаанд. Аммо на ӯ ва на Кушнер ошкоро нагуфтанд, ки ин идеяҳо чист. Барои Вилям Тейлор, озмоиши ҳақиқӣ коҳиши амалии шиддати ҷанг аст.
Ӯ гуфт, ризоияти Русия ба оташбас дар хатти кунунии ҷабҳа, таваққуфи ҳамлаҳо бо мушакҳои дурбурд, хатми ҳамлаҳо ба зербунёдҳои энергетикӣ ва созиш дар мавриди киштиронӣ метавонад тағйири воқеӣ дар мавзеъгирии Маскав бошад. Бе чунин қадамҳо, калимаи «нав» танҳо ҳамон талабҳои кӯҳнаи Русия хоҳад буд.
Ҷон Ҳербст низ ба собиқаи умедҳои пуч ишора кард. Мақомоти амрикоӣ қаблан ҳам ҳадс мезаданд, ки Маскав ба созиш омода аст, аммо дар амал он гузаштҳо номаълум монданд, ё аслан амалӣ нашуданд. Ин таҷриба тафсилоти мулоқотҳои охири ҳафтаро боз ҳам муҳимтар мекунад.
Як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико, ки аз тафсилоти сафар огоҳ аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вашингтон омода аст ва ба имкони даври навбатии музокирот миёни Москва ва Киев хушбин мебошад.
Ин мақом афзуд, ки ҳукумат аввал бо арзёбии натиҷаи мулоқотҳо қадамҳои мушаххаси баъдиро муайян мекунад ва ҳафтаҳои оянда барои таҳияи «нақшаи роҳ» муҳим хоҳанд буд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ инчунин ҷаласаи қарибулвуқӯи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро, имконияти хуб барои идомаи талошҳо хонд ва гуфт, ки ин фурсат метавонад, ба тарафҳо имкон диҳад «кори оғозкардаи Ҷаред ва Стивро идома диҳанд».
Қаламрав ва амният, масъалаҳои калидӣ
Ишораи Кушнер ба «барномаи васеътари сулҳ» ин саволро ба миён меорад, ки чунин барнома чиро дар бар мегирад. Посухи сафирони собиқ ба ду масъалаи асосӣ рабт мегирад, яке ҳудуд ва дигарӣ амнияти ояндаи Украина.
Мавзеъгирии Русия ва Украина дар масъалаи қаламрав фарсангҳо аз ҳам дуранд. Маскав аз Украина гузаштҳоеро талаб дорад, ки Киев онҳоро рад кардааст, дар ҳоле ки Украина заминҳои ишғолиро қаламрави худ медонад.
Вилям Тейлор як роҳи ҳалли эҳтимолиро пешниҳод кард. Ӯ гуфт, Украина ва шарикони ғарбии он метавонанд назорати Русия бар тақрибан 19 фоизи қаламрави Украинаро эътироф кунанд, аммо ин назоратро қонунӣ, ё доимӣ нахонанд.
Дар чунин чаҳорчӯб, масъалаи қаламрав ба ҷои ҳал шудан, амалан "яхбаста" мемонад. Русия назорати амалиро нигоҳ медорад, аммо аз талаби эътирофи байналмилалии соҳибихтиёрии худ бар ин қаламравҳо даст мекашад.
Аммо Вилям Тейлор таъкид кард, ки ҳеч нишонае аз омодагии Путин барои қабули ин пешниҳод вуҷуд надорад. Худи Зеленский гуфтааст, ки масъалаи қаламрав бидуни ҳал мондааст ва дар ниҳоят тасмимгириро дар сатҳи олии сиёсӣ талаб мекунад.
Ҷон Ҳербст бар он аст, ки аҳдофи Путин танҳо бо қаламрав маҳдуд намешавад. Ба андешаи ӯ, Кремл мехоҳад, назорати ҷиддиро бар қаламрав ва самтгирии сиёсии Украина ба даст орад ва ин аҳдофест, ки бо созиши пойдор бар пояи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Украина созгор нестанд.
Оташбас ҳанӯз сулҳ нест
Тафовут миёни хатми ҷанг ва ҳалли ниҳоӣ бештар аҳамият пайдо мекунад. Вилям Тейлор гуфт, ки қадами аввал ба сӯи созиши пойдор бояд оташбаси фарогир дар замину ҳаво ва баҳр бошад.
Ҳербст низ ба оташбас дар хатти кунунии ҷабҳа, ҳамроҳ бо кафолатҳои амниятӣ ва талошҳо барои бозсозӣ таъкид кард, то Украина аз назари иқтисодӣ ва низомӣ тавони дифоъ аз худро дошта бошад. Масъалаи амният метавонад дар ниҳоят аз масъалаи қаламрав ҳам муҳимтар шавад.
Киев пайваста кафолатҳое мехоҳад, ки ба қадри кофӣ қавӣ бошанд ва монеи ҳамлаи дубораи Русия пас аз ҳар гуна созиш гарданд. Тейлор гуфт, ки як механизми боварибахш метавонад, ҷойгир кардани нерӯҳои аврупоӣ дар Украинаро дар чаҳорчӯби эътилофи кишварҳои хоҳишманд фаро гирад, ки бо нируи ҳавоӣ, иттилооти истихборотӣ ва дигар имкониятҳои Амрико дастгирӣ мешаванд.
Ӯ инчунин ба узвияти ояндаи Украина дар Иттиҳоди Аврупо ва дар ниҳоят НАТО ҳамчун унсурҳои дарозмуддати амнияти он ишора кард. Ин аз Ғарб ӯҳдадориҳои ҷиддиро талаб мекунад ва он ҳам дар даврае, ки Вашингтон барои қабули уҳдадориҳои низомии дарозмуддат майли зиёд нишон намедиҳад. Бинобар ин, барои Украина оташбаси бидуни кафолат метавонад, танҳо як таваққуфи кӯтоҳ пеш аз ҷанги дигар бошад. Барои Русия бошад, чунин кафолатҳои Ғарб маҳз ҳамон чизест, ки Москва мехоҳад пешгирӣ кунад.
Аврупо ба мизи музокирот наздиктар мешавад
Иштироки мушовирони амнияти миллии Бритониё, Фаронса ва Олмон дар музокироти Киев яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ин охири ҳафта буд. Уиткофф гуфт, ки ҳузури онҳо нишон дод, ки «ҳамкорӣ барои расидан ба созиш ҳаётан муҳим аст».
Тейлор таъкид кард, ки иштироки Аврупо зарур аст, зеро кишварҳои аврупоӣ эҳтимолан кафили асосии ҳар гуна созишномаи амниятӣ барои Украина хоҳанд буд. Аврупо ҳамчунин манбаи аслии кӯмакҳои молиявӣ ва низомӣ ба Киев мебошад.
Ҳоло ба назар мерасад, ки аврупоиҳо бештар ба машваратҳо ҷалб шудаанд, на ин ки нақши расмии музокиракунандаро дошта бошанд. Оё ин вазъ тағйир меёбад ё не, бештар аз он бастагӣ дорад, ки Вашингтон чӣ пешниҳодеро рӯи миз мегузорад ва Маскав чиро мепазирад. Ин дипломатия дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷанг идома дорад ва дар баъзе ҷабҳаҳо дубора шиддат гирифтааст. Агар Маскав ва Киев ҳатто дар ҷараёни музокирот натавонанд хештандорӣ нишон диҳанд, расидан ба созиш дар мавриди оташбаси фарогир ба маротиб мушкилтар хоҳад шуд.
Озмоиш дар Москва аст
Украина то кунун аломат додааст, ки барои мулоқоти дигари сеҷониба омода аст. Зеленский гуфт, Киев мехоҳад, тамоми талошро кунад, то чунин музокирот бо ширкати Украина, Амрико ва Русия баргузор шавад. Путин гуфтааст, ки чунин мулоқот танҳо пас аз таҳияи созишнома метавонад сурат гирад. Вилям Тейлор гуфт: «Он чизе, ки мо бояд шунавем, калимаи бале аст».
Ишораи равшани ӯ ба Путин ё Кремл аст, ки бигӯянд, Маскав барои мулоқот бо Зеленский ва президенти Амрико омода аст. Ҳербст афзуд, ки аввалин озмоиш дар рӯзҳои наздик ин хоҳад буд, ки оё тафсилоти он чӣ дар Маскав ва Киев муҳокима шуд, ошкор мешавад ва Вашингтон, Киев ва Маскав ба онҳо чӣ гуна посух хоҳанд дод.