Алекс Рауфоғлу, хабарнигори аршади Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Вашингтон
Майк Помпео, вазири пешини умури хориҷии Амрико, мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин барои поён додан ба ҷанг дар Украина ҳеч майл нишон надодааст.
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе ба шаҳри Самарқанд расид ва қарор аст 19-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида, амнияти минтақа ва ҳамкориҳои иқтисодиву стратегиро баррасӣ кунад.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо барномаи густурдаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла бо ҳайате аз раҳбарони ширкатҳои тиҷорӣ, ба Осиёи Марказӣ меравад. Минтақаи иборат аз панҷ кишвар, ки солҳо боз зери нуфузи афзояндаи Русия ва Чин қарор дорад.
Пайомадҳои ҷанги Амрико ва Эрон саросари минтақаи Ховари Миёнаро таҳти таъсир қарор дода, дар ин миён ба гуфтаи Фуод Ҳусайн, вазири корҳои хориҷии Ироқ, кишвараш бо фишорҳои иқтисодӣ ва амниятии афзоянда рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, талошҳои дипломатии худро барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина дубора аз сар гирифт. Дар ин чаҳорчӯб Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер фиристодагони хоси Амрико аввал ба Маскав ва сипас ба Киев рафтанд, то музокиротро аз нав эҳё кунанд.
Норӯшанӣ дар бораи ояндаи тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ва амнияти минтақаӣ боис гаштааст, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба оромӣ пешбиниҳои стратегии чанд даҳаи гузаштаро дар бораи тиҷорату пайвастан ба роҳҳои байнулмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ бознигарӣ кунанд.