Муфаттишон дар Украина даст доштани Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русияро ба камияш дар панҷ куштор ва инчунин латукӯбу шиканҷа, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардум дар шаҳри Буча ошкор кардаанд. Ин гӯшаи Украина соли 2022 як муддат зери тасарруфи сарбозони рус буд. Муфаттишон мегӯянд, дар бораи “корнома”-и Артем Дементйев далелҳои зиёде доранд, аз ҷумла навори дурбинҳои назоратӣ, нақли шоҳидон ва як таҳқиқоти пешинаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
"Агар касе ба шумо тир занад, шумо ҳам фаромӯш намекунед"
Константин Шевченко, сокини шаҳри Буча, рӯйдодҳои баҳори соли 2022-ро ба ёд меорад. Замоне ки ин минтақаи наздик ба пойтахти Украина зери ишғоли нерӯҳои Русия қарор дошт. Шевченко мегӯяд, баъди рӯ ба рӯ шудан бо як сарбози рус ба таври муъҷизаосо зинда монд.
"Ба қафо баргашта, ба ӯ нигаристам. Фикр кардам, ки миёни мо гуфтугӯе мешавад, аммо ягон суолу ҷавоб нашуд. Вай ба поям тир зад. Худоро шукр, ки устухон нашикаст. Танҳо гӯшт осеб дид, вагарна дар ҳамон ҷо нақши замин мешудам," – гуфт ӯ.
Ин сокини Буча афзуд, сарбози рус, ки дар дасташ "Винторез", туфанги вижа ва бесадо дошт, дар ҷойи ҳодиса монд: "Вақте ҳамроҳонаш ин манзараро дида, гуфтанд, "лаънатӣ, ин чӣ буд?" Ӯ посух дод, ки “чӣ интизор доштед? Нуҳ миллиметр аст, охир.”
Дертар Шевченко ин тирандози русро аз рӯйи аксҳо шинохт. Вақте муфаттишон аз ӯ пурсиданд, ки "ӯро бо ҳамин қотеият мешиносед?” Посух дод, ки "агар касе ба шумо тир занад, шумо ҳам шояд ӯро фаромӯш намекунед."
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина ин сарбози русро “Қассоби Буча” номидаанд. Ӯ Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русия аст.
Бори аввал Радиои Озодӣ ҳангоми муқоисаи наворҳои Буча бо санадҳои ҳарбии Русия ва аксҳои нишонзан шахсияти Дементйевро муайян кард. Дертар ташхиси чеҳрашиносӣ ҳам ҳувияти ӯро тасдиқ намуд. Ҳоло муфаттишони украинӣ Артём Дементйевро ба даст доштан дар қатли дастикам панҷ сокини Буча ва даҳҳо мавриди шиканҷа, латукӯб, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардуми одӣ гумонзад медонанд.
"Доду фарёди даҳшатнок шунида мешуд"
Аммо парвандаи зидди ӯ танҳо бар пояи баёноту нақли шоҳидон асос наёфтааст. Муфаттишон моҳи декабри соли 2024 маконеро таҳқиқ карданд, ки дар он ҷо Артём Дементйев ҳангоми тирпаронӣ аз туфанги "Винторез" наворбардорӣ шуда буд. Як тири задаи ӯро аз дохили девори бетонӣ пайдо карданд.
Муфаттиш Олександр Побйеднов мегӯяд, "ин ҳамон тирест, ки аз туфанги вижаи "Винторез" паронда шудааст." Ӯ ва ҳамкоронаш инчунин маҳалли кушта шудани сокини дигари Буча, Андрей Матвийчукро таҳқиқ карданд. Навори дурбинҳои назоратӣ нишон додаанд, ки сарбозони рус Матвийчукро ба қароргоҳи худ бурдаанд. Андрей Хомяк, дӯсти хонаводагии Матвийчук, мегӯяд, ҳангоми боздошт ба ӯ занг зад ва аз он тараф садои ҷонгудозе шунид.
"Касе гӯширо бардошт. Доду фарёди даҳшатнок шунида мешуд. Ин ҳолат ҳамагӣ чанд сония давом кард, вале ман ҳеч гоҳ аз ёд бурда наметавонам. Ин фарёди ноумедӣ буд. Ӯ дарди бисёр ҷонкоҳ мекашид," – нақл кард Андрей Хомяк.
Сарбозони рус Матвийчукро тақрибан ним соат нигоҳ дошта, аввал бо тир дасту пояшро маҷрӯҳ кардаву сипас ба сараш тир задаанд. Муфаттишони украинӣ аз тирезаи биное, ки Матвийчук кушта шудааст, тири 9-миллиметрӣ ёфтанд. Ва онро бо тире муқоиса карданд, ки нишонзан Дементйев зада буд. Дар ниҳоят, ба хулосае расиданд, ки ин ду тир аз як туфанг ва он ҳам "Винтероз" паронда шудаанд.
"Ӯ танҳо зиндаҳоро шикор мекард"
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Украина мегӯянд, далелҳо ва як таҳқиқоти Радиои Озодӣ ба онҳо имкон дод, то муайян кунанд, ки Артём Дементйев бо туфанги "Винторез"-и худ Матвийчукро куштааст. Матвийчук 38 сол ва ҳамсару духтар ва як писари хурдсол дошт.
"Ба назари ман, шахси тирандоз миёни сарбоз ва ё мардуми одӣ фарқе намегузошт. Ӯ танҳо зиндаҳоро шикор мекард," – гуфт муфаттиш Олександр Побйеднов.
Муфаттишон Дементйевро ҳамчунин ба куштори дигаре дар як бинои истиқоматӣ дар Буча гумонзад медонанд. Арсен Шеперов, сокини Буча, мегӯяд, ин сарбози рус ба хонаи ӯ низ даромада, оташ кушод.
Ӯ афзуд: “Бале, ин худаш аст. Ҳамоне, ки дар хонаи ман тир зад. Пурсид, ки "шумо кистед?" Ман гуфтам, "шаҳрвандони одӣ". Сипас ӯ ба ин мазмун гуфт: “Ҳамаи шумо, украинҳоро тирборон мекардам. Агар ихтиёр ба дасти ман мебуд, ҳар яки шуморо мекуштам.”
Пулиси Украина мегӯяд, се тире, ки аз он хона пайдо шуд, бо тирҳои ёфтшуда дар ҷойҳои дигари ҷиноят, ки ба Дементйев рабт дода мешаванд, мутобиқат доранд.
"Аз дигарон бо бераҳмияш фарқ дошт"
Муфаттишон дар ошёнаи болоии ин бино ҷасад ё пайкари Владимир Ковтуни 54-соларо пайдо кардаанд. Ба рӯйи ӯ тир зада буданд.
Муфаттиш Иван Дулкай гуфт, "ин тирҳо аз туфанги “Винторез” паронда шудаанд. Баъд аз ташхиси баллистикӣ муайян кардем, ки нишонаҳои онҳо бо тирҳое, ки пештар аз силоҳи Дементйев холӣ шуда буданд, мувофиқат доранд. Ковтун бо силоҳе кушта шудааст, ки Дементйев онро истифода мебурд ва дар ихтиёр дошт. Ин бозгӯйи даст доштани мустақими ӯ дар куштори ин мард аст."
Артём Дементйев ягона сарбози рус нест, ки дар куштори сокинони Бучаи Украина гумонзад аст, аммо ба гуфтаи муфаттиш Иван Дулкай "ӯ бо бераҳмияш аз дигарон фарқ дошт".
Дементйев баъд аз тарки Буча ба фаъолияти низомии худ идома дода, тибқи таҳқиқот, рутбаи афсарӣ гирифтааст. Пас аз шаш моҳи рӯйдодҳои Буча, аксҳои ӯ ҳангоми ҷашнгирии зодрӯзи духтараш нашр шуданд. Моҳи августи соли 2025 як мактаб дар минтақаи Ростови Русия дар таъзияномае навишт, ки ӯ ҳангоми иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина "қаҳрамонона ҳалок шуд". Дар он матлаб Дементйевро "марди далеру меҳрубон ва содиқ" тасвир карда буданд.
Вале сокини Буча Константин Шевченко мегӯяд, "ман ӯро шахси комилан дигар, як тарсу ва разил, дар хотир дорам. Агар инҳо дар Русия қаҳрамон бошанд, пас фикр мекунам он ҷо чунин “қаҳрамонҳо” зиёданд."
Тибқи маълумоти мақомоти Украина, дар замони дар Буча будани нерӯҳои Русия беш аз 550 мардуми одӣ кушта шудаанд.
Шахсияти 38 ҷасад ё пайкар то ҳол муайян нашудааст ва 15 ғайринизомӣ ҳамоно бедарак ба шумор мераванд. Дастикам 29 мард то ҳол асир ҳастанд ва ду нафар дар боздоштгоҳҳои Русия ҷон бохтаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Гуфтугӯ