Як нафар аз сараш захмӣ шуда, дар бемористон аст. Се каси дигар дар Боздоштгоҳ. Ин натиҷаи занозании як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон (Полша) аст, ки шаби 28-уми феврал дар ноҳияи Воляи Варшава рух додааст.
Пулиси Лаҳистон (Полша) хабар дод, ки се тоҷики аз 25 то 36-соларо дастгир кард. Мақомоти Тоҷикистон шарҳе надодаанд. Мавқеи боздоштшудаҳо ва ангезаи моҷаро рӯшан нест.
Чанд манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми март гуфтанд, сабаби асосии занозанӣ “даҳ ҳазор долларе будааст, ки шахсе бо номи Умар барои гуё таҳияи виза ё раводиди корӣ аз як муҳоҷири тоҷик гирифта, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардондааст”.
Дар наворе, ки Радиои Озодӣ дид, рӯзе пеш аз занозанӣ ду тараф дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ масъалаи баргардондани пулро баҳс кардаанд. Дар навор садои “пуламро баргардон”, “пулатро аз Тоҷикистон аз пулис мегирӣ”, “рақами мошинаамро чаро гирифтӣ?” ва “шумоҳо террорист ҳастед” шунида мешавад.
Ба нақли манбаъҳои Радиои Озодӣ, пулро Фазлиддин ном як муҳоҷири тоҷик ба Умар додааст, то ба воситаи ӯ ба наздиконаш раводиди корӣ бигирад ва гузаштани онҳоро аз сарҳади Беларус ба Полша осон гардонад. “Азбаски интизорияш бароварда нашудааст, Фазлиддин аз Умар талаб мекунад, ки пулашро баргардонад. Ҷанҷол бар сари ҳамин аст,” -- гуфт як ҳамсуҳбати мо дар Лаҳистон (Полша), ки нахост номаш навишта шавад.
Шабакаи “Азда.Тв”, қароргоҳаш дар Лаҳистон, рӯзи 2-юми март навишт, паёмаке дастрас кард, ки тибқи он Умар розӣ шудааст то баргардондани қарз мошинашро ба гарав монад.
“Аммо ду нафар омада, худро кормандони пулиси Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ду мошини “Лексус” роҳро бастанд ва қарздиҳандагонро ба куштор, депортатсия ва интиқом гирифтан аз оилаҳояшон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон таҳдид ва латукӯб карданд. Дар аснои ин ҳодиса дар дохили мошин кӯдаки хурдсоле низ ҳузур доштааст,” – навишт манбаъ. Бо гузашти як рӯз аз нашри хабар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд.
Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Лаҳистон (Полша) низ бозтоб ёфтааст. Аксари онҳо навореро пахшу паҳн карданд, ки як нафар бо сари кафида дар замин хобидааст ва як кас бо чӯбдаст ба мошин мезанаду дигаре ба наворбардор ҳамла мекунад. Наворбардор, ки бо забони тоҷикӣ гап мезанад, тарафи дигарро “террорист аз Тоҷикистон” номида, гоҳе таҳдид мекунад, ки “ҳамаи шумо ба Тоҷикистон бармегардед”. Яке аз ҷавонҳо посух медиҳад, онҳо террорист нестанд.
Баъзе аз шарҳнависон дар Лаҳистон (Полша) хостаанд, мақомот ба ҷойи нигоҳ доштани шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва додани обу нони ройгон, беҳтар аст, қарори ихроҷи онҳоро содир ва даромаданашонро ба ҳавзаи Шенген барои чандин сол манъ кунанд.
Баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон мегӯянд, чунин ҳодиса ба ҳузури онҳо ва ояндаашон бетаъсир намемонад.
Фарҳод Худоёров, яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Варшава, гуфт, “бори аввал нест, ки чунин хушунату занозанӣ байни тоҷикон рух медиҳад. Ин сабаби тангу маҳдуд кардани будубоши тоҷикҳо дар Лаҳистон мегардад. Барои ворид шудан аз марз иҷоза намедиҳанд.”
Лаҳистон ё Полша аз соли 2015 ба ин тараф макони кору иқомат ва паноҳҷӯии садҳо шаҳрванди Тоҷикистон гаштааст. Ин кишвари аврупоӣ то кунун чанд тоҷикистониро, ки бо нияти паноҷҳӯӣ омада буданд, аз қаламрави худ берун кард ва баъзеи онҳо дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд.