Пайвандҳои дастрасӣ

830 дархости паноҳандагии тоҷикон дар Лаҳистон


Истгоҳи Брест-Тереспол дар

Соли гузашта 830 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд. Ба ибораи дигар соли 2016 рӯзона аз ду то се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳукумати Лаҳистон гуфтаанд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд ва аз ин рӯ мехоҳанд, ба онҳо паноҳ бидиҳад.

Евростат, муассисаи омори Иттиҳодияи Аврупо омори тоза дар бораи дархости паноҳандагӣ дар қаламрави кишварҳои узвро нашр кард ва дар он омадааст, 8 дар сади онҳое, ки аз Лаҳистон хостаанд, ба онҳо дархости паноҳандагӣ бидиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

То соли 2014 дархости паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон як чизи нодир ба ҳисоб мерафт ва дар он сол танҳо 105 нафар хостаанд, дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд.

Оғози раванди паноҳҷӯӣ

Рӯ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 ва баъди мамнӯъ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломӣ шурӯъ шуд.

Дар он сол, баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзатро тарҳрези ошӯбҳо номид ва сипас бо амри Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон карданду фаъолияташро мамнӯъ намуданд.

Аксари онҳое, ки ба Аврупо рӯ овардаанд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанд. Аммо маълум нест, ки ҳукумати Лаҳистон ба чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ додааст.

Паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар истгоҳи Брест
Паноҳҷӯёни эҳтимолӣ дар истгоҳи Брест

Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон, ки масоили паноҳҷӯёнро таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳо дифоъ мекунад, мегӯяд, ки аз миёни 650 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд. Баъзе аз онҳо ба Олмон рафтаанд, вале онҷо ҳам посухи мақомот ба дархосташон манфӣ будааст.

Посухҳои манфӣ ба аксарияти дархостҳо

Сабур, яке аз паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон, ки рӯзи 11-уми июн бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ соли 2016 аз тариқи Литва ба Олмон омад ва ҳаққи паноҳандагӣ хост, вале ҷавоби гирифтааш маъюскунанда буд:

“Худам дархости паноҳандагӣ кардам, вале ду моҳ пеш рад карданд, ба ман гуфтанд, ки ту аз Литва омадӣ, бояд ба ҳамонҷо рафта аз онҳо дархости паноҳандагӣ кунед.”

Сабур, ки сокини Хатлон аст ва 23 сол дорад, мегӯяд, ҳамроҳи ӯ онҷо даҳҳо нафари дигар ҳаст, ки “паноҳандагони сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ” мебошанд. Ӯ худро паноҳандаи сиёсӣ номид ва сабаби фирораш аз Тоҷикистонро чунин шарҳ дод:

“Ман риш доштам, милисаҳо маро дар назди муҷассамаи Сомонӣ дастгир карданд ва гуфтанд, ки ингуна риш мумкин нест. Гуфтанд, агар 200 сомонӣ надиҳӣ, ба шӯъбаи умури дохилӣ мебарем, ҷарима месупорӣ ва парванда боз мекунем. Ман фирор кардам. Ман ҳуқуқшинос ҳастам ва медонам, ки агар шумо аз дасти кормандони милиса гурезед, шубҳа мекунанд ва шуморо ҷинояткор мешуморанд. Шояд маро ба терроризм айбдор мекарданд” – гуфт ӯ ва афзуд, барои ҳамин аз тарс Тоҷикистонро тарк кард.

Ба қавли Сабур дар рӯзҳои аввали омаданаш ба Олмон, ҳамроҳи онҳо тақрибан 50 нафар аз Тоҷикистон буданд, аз ҷумла хонаводаҳое, ки се чаҳор кӯдак ҳам доштаанд.

Сабур мегӯяд, дархости паноҳандагии 99.9 дар сади онҳое, ки ба Олмон омадаанд, рад мешавад ва ӯ шунидааст, ки як паноҳҷӯи тоҷик дар ӯрдугоҳи паноҳандагон дар шаҳри Дюсселдорф аз ноумедӣ худро дор кашидааст, аммо саривақт аз ин амали ӯ хабардор шуда, наҷоташ додаанд.

Қасди худкушӣ дар урдӯгоҳ

Яке дигар аз паноҳҷӯёни тоҷик Абдулҳай Халифаев, ки соли 2015 ба Олмон омада ва имсол ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ аз ҳодисаи талоши худкушии ҷавони тоҷик хабар дорад, аммо ба гуфтаи ӯ, "ин ҷавон, ки дар Тоҷикистон дилдода доштааст, дар фироқи ӯ қасди худкушӣ кардааст." Айни замон гуфт Абдулҳай Халифаев, инро ҳам шунидааст, ки ин ҷавон пас аз гирифтани посухи рад ба дархосташ қасд ба ҷони хеш кардааст.

Худам дархости паноҳандагӣ кардам, вале ду моҳ пеш рад карданд, ба ман гуфтанд, ки ту аз Литва омадӣ, бояд ба ҳамонҷо рафта аз онҳо дархости паноҳандагӣ кунед.

Ба гуфтаи Абдулҳай Халифаев, ҳукумати Олмон ба 25 ё 26 нафар ва бахусус баъзе аз аъзои шинохтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24 ҳаққи паноҳандагӣ додааст, вале ҳоло бисёре аз дархостҳоро рад мекунад.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ мақомоти Олмон ба он паноҳҷӯёне, ки дархосташон рад мешавад, огаҳӣ мефиристад, ки қаламрави кишварро тарк кунанд, аммо маҷбуран онҳоро ихроҷ намекунанд.

Бисёре аз ин афрод аз тариқи қатор аз ҷумҳурии Белорус ва ё Украина ба Лаҳистон сафар мекардаанд, вале марзбонони Лаҳистон бисёре аз онҳоро иҷоза намедодаанд, ба қаламрави кишвар ворид шаванд ва ҳаққи паноҳандагӣ тақозо кунанд.

Даъвати созмонҳо барои кӯмак ба паноҳҷӯён

Ҳюман Райтс Вотч моҳи марти ҳамин сол бо нашри гузорише дар бораи паноҳҷӯён дар марзи Лаҳистон навишт, ки бо чанде аз онҳо аз ҷумла як зани тоҷике бо номи Осия сӯҳбат кардааст, ки дар муддати се моҳ 29 дафъа дар марзи Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карда, вале посухи манфӣ гирифтааст.

Ба навиштаи созмон Осия ҳамроҳи шавҳараш бо худ се фарзанди ду, панҷ ва ҳафтсолаашро бурдаанд ва мехоҳанд, ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд. Ба гуфтаи ин созмон, дар ду соли гузашта мақомоти Тоҷикистон, аъзои нерӯҳои мухолифи давлатро боздошту зиндонӣ ва шиканҷа карданд ва аз ин рӯ теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик ҳам зиёд шудааст.

Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки бисёре аз онҳое, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд, муҳоҷирони иқтисодӣ ҳастанд ва дар кишвар таъқиб намешаванд. Аммо ба гуфтаи Вензел Михалски, як намояндаи Ҳюман Райтс Вотч, агар паноҳҷӯён дар Тоҷикистон рӯзи хуш медоштанд, ба Лаҳистон намеомаданд.

“Мардум бо ин андеша ба Лаҳистон намеоянд, ки инҷо кишвари дӯстдоштанӣ аст. Мардум барои он мехоҳанд, ба Лаҳистон биёянд, ки паноҳҷӯ ҳастанд ва зиндагиву озодиашон дар хатар аст. “

Чизе, ки ба гуфтаи Сабур, касе шунидан намехоҳад ва бовар намекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG