Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди паноҳандагон дар Аврупо ду баробар бештар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соли 2016 беш аз 700 ҳазор нафар дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мақоми паноҳанда дарёфт карданд. Ин нишондод дар муқоиса бо соли 2015 ду баробар бештар аст.

Соли 2016 ҳудудан 450 ҳазор нафар дар Олмон паноҳанда шуданд. Ин рақам нисбат ба соли 2015 се баробар афзудааст. Аз рӯи теъдоди паноҳандагон, ба думболи Олмон Шведсия, Италия ва Фаронса қарор доранд.

Биноба иттилои хадамоти омори Иттиҳоди Аврупо, беш аз нисфи ҳамаи онҳое, ки дар соли 2016 ҳақи паноҳандагӣ падо кардаанд, шаҳрвандони Сурия буданд. Ҳудудан 10 дар сади паноҳандагон аз Ироқ ва Афғонистон ба Аврупо омаданд.

Хадамоти омор мегӯяд, ки шаҳрвандони Сурия бештар аз дигарон шонси дарёфти паноҳандагӣ доштанд. Аз ҳама бештар паноҳандагон аз минтақаи Балкан ва Осиёи Ҷанубӣ дар заминаи дархости худ ҷавоби рад гирифтанд.

XS
SM
MD
LG