Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти паноҳҷӯи 49-солаи тоҷик дар Олмон


Акс аз бойгонӣ

Як паноҳҷӯи тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир аз ӯ ном бурда намешавад, дар шаҳри Олсберги вилояти Нордрайн-Вестфален (Nordrhein-Westfalen​) дастгир шудааст. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки паноҳҷӯи тоҷик бояд ба Литва ихроҷ мешуд.

Рӯ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 шурӯъ шуд.

"Дар даст корд дошт"

Амалиёти боздошти шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар маҳалли зисташ сурат гирифта, зоҳиран чанд соат идома кардааст. Ҳолгер Гларемин, намояндаи пулис ба расонаҳои Олмон гуфтааст, "ин мард дар даст корд дошт ва худро дар хона бандӣ карда буд".

Матбуоти Олмон, инчунин, навишт, дар ҷараёни амалиёт роҳҳои атроф ва як бахши мактаби маҳалла муваққатан баста шуд. Дар аксҳо шумораи зиёди нерӯҳои вежаи пулис ва мошинҳои зидди сӯхтору "Ёрии таъҷилӣ" дида мешавад.

Мақомоти Олмон мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон муқаррароти паноҳҷӯиро нақз кардааст. Ба қавли онҳо, ӯ аввал вориди Литва шуда, сипас ба Олмон рафтааст, то дар онҷо кору иқомат кунад. Онҳо мегӯянд, бар асоси созишномаи Дублин, паноҳҷӯи тоҷик бояд то замони дарёфти санади паноҳандагӣ дар кишваре, ки бори аввал тавассути он ба хоки Аврупо ворид шуд, мемонд.

"Як дафъа аз Олмон ронда шуда буд"

"Вай бори аввал соли 2017 аз Литва ба Олмон омада, дархосташ барои будубош рад шуд. Ҳамон вақт ӯро ба Литва фиристоданд. Паноҳҷӯи тоҷик дубора моҳи октябри соли 2018 ба Олмон омадааст”, - мегӯянд мақомоти Олсберг.

Ба нақли онҳо, аввал маъмурони Хадамоти муҳоҷират мехостанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз хонааш дастгир ва ба Литва фиристанд, вале ӯ бо корд таҳдид кардааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ба ёрӣ нерӯҳои пулисро бихонанд.

Ба навиштаи матбуоти Олмон, паноҳҷӯи тоҷик дар ҷараёни боздошт захмӣ шудааст ва аммо маълум нест, дар се рӯзи гузашта нисбат ба ӯ чӣ қароре содир кардаанд. Мақомоти Олсберг ҳанӯз ба суоли хаттии мо дар ин маврид посух нафиристоданд.

Ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дархости паноҳандагӣ мекунанд. Аксари онҳо иддао доранд, ки дар кишвар ба далели мавқеи сиёсӣ ва динии худ мавриди таъқиб ҳастанд.

"То гирифтани санади паноҳандагӣ сабр намекунанд"

Бино ба иттилои вебсайти WorldData дар соли 2017 тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар аксар кишварҳои ҷаҳон барои худ ҷойи амну муносиб кофтаанд. Аз ҷумла, беш аз 1100 нафари онҳо аз Олмон хостаанд, ки барояшон ҳаққи паноҳандагӣ диҳад. Аммо аз ин ҳисоб танҳо беш аз 260 нафар ҷавоби мусбат ва дигарон посухи маъюскунанда гирифтаанд.

Бино ба омори ин вебсайт, бархе дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистону Литва ва Шветсия дархости паноҳандагӣ кардаанд. Парвиз, як паноҳандаи тоҷик, мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон аввал барои ворид шудан ба хоки Аврупо аз роҳҳои наздиктаре чун Лаҳистону Литва ва Эстония истифода карда, баъдан мехоҳанд дар Олмону Австрия ва Фаронса ҷойгир шаванд, ки ба паноҳҷӯён имтиёзи бештар медиҳанд.

"Аммо онҳо ба кишвари аввале, ки тавассути он ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо ворид шудаанд, баргардонда мешаванд. Дар он сурат, парвандаашон “сиёҳ” мешавад ва ҳатто ба баъзеи онҳо эҳтимоли ихроҷ аз ҳудуди Иттиҳоди Аврпуо ва истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Бояд то замони ниҳоӣ шудани дархости паноҳандагии худ сабр кунанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Рӯ ба Аврупо овардани тоҷикон аз баҳри чист?

То соли 2014 дархости паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон як чизи нодир ба ҳисоб мерафт ва дар он сол танҳо 105 нафар хостаанд, ки дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд. Рӯ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 ва баъди мамнӯъ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломӣ шурӯъ шуд.

Дар он сол, баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзатро тарҳрези ошӯбҳо номид ва сипас бо амри Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро мамнӯъ намуд. Аксари онҳое, ки ба Аврупо рӯ овардаанд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳамин ҳизб ва “Гуруҳи 24” ё пайравони ҷараёни дар кишвар мамнӯи “Салафия” ҳастанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз онҳое, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд, муҳоҷирони иқтисодӣ ҳастанд ва дар кишвар таъқиб намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG