Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини тоҷик: Аз Афғонистон то Аврупо ва аз "Калашников" то планшет


Пакули афғонӣ, "Калашников" ва ришу мӯйҳои дароз – ин тасвире аз мухолифини мусаллаҳи Тоҷикистон буд, ки бо хабарҳои доғ аз таҳаввулоти солҳои 90-ум дар сархати матбуоти ҷаҳонӣ қарор дошт.

Ин мухолифин мисли мухолифини пешин нестанд. Мухолифини мусаллаҳе, ки ба онҳо зарурияти муколама ба вуҷуд омада буд, як нерӯи пурқувват буд

Шабехуну маргу мир, таҳдиду террор, миёнҷиву сулҳсоз, давутозҳои дипломатӣ, амалҳои террористӣ – таҳаввулоте, ки исми Тоҷикистон ва мухолифинаш бо инҳо ёд мешуд. Мухолифин – ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон – аз он сӯи марз ба ҳукумат таҳдид мекард, талаб мегузошт ва ба сӯи аскаронаш тир мекушод, то онҳоро ба иҷрои талабҳояш моил кунад.

Пас аз панҷ соли ҷанг, 27-уми июни соли 1997, ҳукумат бо мухолифинаш сари мизи музокирот нишаст ва созиш кард. Ҷанг тадриҷан ба охир расид ва пакулу "Калашников" ба галстуку либоси расмӣ иваз шуд. Ҳукумат 30 дар сади қудраташро ба мухолифини собиқ дод ва одат кард, ки ҳузури онҳоро таҳаммул кунад. Ин созишу таҳаммул ду даҳсола идома дошт ва дар оғози асри 21 ду ҷониби сулҳ боз дар муқобили ҳам қарор гирифтанд.

Насли нави оппозитсия кист?

Насли нави оппозитсия асосан боқимондаҳои мухолифини пешин аст ва нафарони нав, ки аз сиёсати ҳукумат норозӣ шудаанд. Ҷанги ҳукумат бо мухолифинаш асосан дар дунёи маҷозӣ бо “тирпаррони”-и тролҳо, пахши муроҷиатҳои видеоӣ, мақолаҳои бадномкунанда ва бисёр вақт бо таҳқиру тавҳини ҷонибдорони ду тараф ҷараён мегирад.

Муҳаммадсаид Ризоӣ
Муҳаммадсаид Ризоӣ

Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки як бахши аъзами мухолифин дар хориҷро ташкил медиҳанд, паноҳандагӣ дар Афғонистон ва мухолифати мусаллаҳонаро таҷриба кардааст. Ӯ ҳоло дар Аврупо зиндагӣ мекунад ва “сарбози фаъоли ҷанги иттилоотӣ” дар шабакаҳои иҷтимоист. Ризоӣ ду шеваи сангаргирӣ дар муқобили ҳукуматро як амали “маҷбурӣ ва дифоъ аз худ” меномад.

Писари ӯ – Нуриддин Ризоӣ – намояндаи насли нави мухолифин ва фаъоли узви созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” аст, ки бо ҳизби наҳзат ихтилоф дорад. Ихтилофе, ки намояндагони ҳукумат аз он ҳамчун намунаи нотифоқии мухолифин истиқбол карданд.

Чеҳраҳо ва номҳои мустаор ошкор шуданд

Муҳаммадсаид Ризоӣ рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарғибот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло аз роҳҳои аслии расидан ба ҳадаф аст. “Аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳем, мардумро огоҳ кунем. Аз роҳи даъво ба маҳкамаҳои ҷаҳонӣ вазъиятро дигар кардан мехоҳем. Фикр мекунам, нисбат ба онҳое, ки дар дохили Тоҷикистон ноадолатӣ шудааст, бо мо ҳамрайъӣ мекунанд”,-гуфт ӯ.

То як соли пеш онҳое, ки худро мухолифини ҳукумат мешуморанд, бо чеҳраҳои пӯшида ва номҳои мустаор алайҳи ҳукумат шиор медоданд. Дар чанд моҳи охир онҳо чеҳраҳояшонро ошкор ва пахши наворҳои таблиғотиро бештар кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳро расман “экстремисту террорист” меномад ва бештари онҳо таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҷониби ҳукумат мегӯяд, шиорҳои ин гурӯҳ фиреби назар аст.

Сафаров: Дар фикри ба даст овардани ҳукуматанд

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи мухолифин ҳамонҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо андешаашонро тағйир надоданд ва ҳанӯз дар андешаи бо зӯри силоҳ ба даст овардани ҳокимият дар кишвар ҳастанд. Аммо Сафаров бовар дорад, ин гурӯҳҳо дигар барои давлати Тоҷикистон хатар надоранд.

Бахши умдаи мухолифини давлат дар хориҷи кишварро созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳарду ин созмон, яке соли 2014 ва дигар 2015 ифротӣ ва террористӣ эълон шуданд. Намояндагони ин гурӯҳҳо асосан дар Аврупо паноҳгоҳ ёфтаанд ва фаъолиятҳои сиёсӣ пеш мебаранд. Онҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар тамос ҳастанд, бо намояндагони порлумони кишварҳои ғарбӣ мулоқот мекунанд, сиёсати ҳукуматро ба чолиш мекашанд ва ба аъсоби мақомдорон нохун мезананд.

Дар ҳайати мухолифини пешин рӯшанфикрону зиёиён зиёд буданд, ки ҳарфашон таъсир дошт.

Афви онҳое, ки пушаймон шудаанд

Ҳукумат зоҳиран нишон медиҳад, ки парвои ин гурӯҳҳоро надорад, аммо ҳамзамон талош мекунад сафи мухолифинро пароканда кунад. Мақомот мегӯянд, аъзои ин ҳизб, ки бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд буд. Дар чанд моҳи ахир аз чанд нафар мухолифини собиқ филмҳои тарғиботӣ низ нашр шуд, ки аз ҳамоиш бо ин созмонҳо изҳори пушаймонӣ ва барои афв шуданашон ба давлат ташаккур мекарданд.

Сайфулло Сафаров мегӯяд, ин таҷриба нишон дод, ки “агар касе ватандӯст аст ва мехоҳад ба ватан баргаргардад, ҳеҷ мушкил нахоҳад дошт”.

“Аммо вақте мехоҳанд, дар дохилу хориҷ як равияи ҷангандозро ба вуҷуд биоранд ва ин қувва монанди солҳои 90-ум суботро ба ҳам занад, қобили қабул нест”, - хулоса кард ӯ.

Муборизаи баробар?

Талошҳои баргардонидани мухолифин аз хориҷ дар байни ин гурӯҳҳо андешаеро шакл додааст, ки эҳтимол дар солҳои наздик ҳукумат бо ин гурӯҳҳо вориди музокирот шавад.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, ин эҳтимолро дур намедонад, ки оянда ҳукумат дар шакли дигар бо ин гурӯҳҳо вориди музокира шавад: “Дар айни ҳол, ҳукумат дар сатҳи худашон, яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо онҳо мубориза мекунад. Яъне, бархӯрд бо онҳо вобаста ба вазнашон сурат мегирад. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаротар пой гузоштанд, ҳукумат ҳам қадамҳояшро дигар хоҳад кард.”

“Дар ҳайати мухолифини пешин зиёиён буданд”

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф, ки солҳо боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва бо ин гурӯҳҳои мухолиф аз наздик ошност, назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ин гурӯҳҳо бо боз кардани чеҳраҳои худ ва пахши наворҳои таблиғотӣ чеҳраи аслии худро нишон доданд, ки боз ҳам бар зиёни худашон анҷом мешавад.

Додоҷони Атовулло
Додоҷони Атовулло

​"Шабакаҳо мисли як боғу сабзасор буданд, ки онҷо гул мерӯид. Вуруди афроди бефаҳм ин бӯстонро ба вайрона бадал кард. Ҳар рӯз сохтакорона ҳизбе сохта аз худ сиёсатмадор метарошанд. Гумон мекунам, ки политтехнологҳои ҳукумат хеле хуб кор карданд. Онҳо барои мухолифонро шикастан рамзҳо ва шиорҳои мухолифинро шикастанд. Бубинед, одаме, ки аз озодӣ хабар надорад, созмони барои озодагӣ таъсис медиҳад. Инҳо рамзҳоро масхара карданд, ки дигар ҳарфашон ба мардум таъсире намерасонад. Дар ҳайати мухолифини пешин рӯшанфикрону зиёиён зиёд буд, ки ҳарфашон таъсир дошт, вале ҳоло ҳарфи инҳо таъсире надорад", - гуфт ӯ.

“Ҳоло чунин зарурате нест”

Иброҳим Усмонов, мансабдори собиқ, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта як узви ҳайати музокиракунанда бо мухолифиин буд, мегӯяд, “ҷойи баҳс надорад, ки дар замони ҳозира интернет ба сифати як силоҳ кор мекунад”. Ӯ гуфт, таҷрибаи “Баҳори араб” нишон дод, ки истифода аз ин “силоҳ” метавонад нооромиҳоро низ дар пай дошта бошад.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Аммо, ба гуфтаи Усмонов, феълан чунин таҳдидеро дар Тоҷикистон намебинад ва гурӯҳҳое, ки худро мухолиф меноманд, дар сатҳе қарор надоранд, ки бо онҳо вориди музокира шуд.

Ӯ гуфт: “Музокираву гуфтушунид замоне ба вуҷуд меояд, ки буҳроне вуҷуд дошта бошад. Буҳрони амиқи сиёсӣ ваё ҷанги мусаллаҳона. Ҳоло чунин зарурате нест. Ин мухолифин он мухолифини пешин нестанд. Мухолифини мусаллаҳе, ки ба онҳо зарурияти муколама ба вуҷуд омада буд, як нерӯи пурқувват буданд, ки ба осудагии кишвар таҳдид доштанд. Ин таҳдидро ташкилоти байналхалқӣ ва давлатҳои абарқудрат дарк карданд. Хушбахтона. мамлакат осуда ҳаст, ҳеҷ таҳдиде ба оромӣ намебинам. Мо ҳоло ваҳдат дорем. Ваҳдат ин зинаи болотари сулҳ аст. Мардум ба ҳам омадаанд. Мардум дар зиндагии ҳаррӯза бегонагӣ суроғ намекунанд. Лекин ончиро, ки ба даст овардем, бояд эҳтиёт кунем.”

Бо ин ҳол, мухолифони тоҷик дар хориҷа мегӯянд, ки онҳо афроди тасодуфӣ нестанд ва ҳадафашон аз мубориза низ “бозгашт сарбаландона” ба кишвар аст. “Бозгашт ба шарти ҳузур дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон”, - мегӯянд онҳо.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG