Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши дархостҳои тоҷикон барои паноҳандагӣ дар Лаҳистон


Марзбони лаҳистонӣ ҳангоми тафтиши шиноснома дар марз бо Украина.
Марзбони лаҳистонӣ ҳангоми тафтиши шиноснома дар марз бо Украина.

Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба онҳо барои ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кардаанд афзоиш ёфтааст.

Хадамоти кор бо хориҷиёни Лаҳистон бо нашри омори тоза дар бораи теъдоди паноҳҷӯён гуфт, ки дар 9 моҳи имсол 121 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаққи паноҳандагӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 дар сад зиёд аст.

Дар миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо дархости паноҳандагӣ ба Лаҳистон рафтаанд, Тоҷикистон пас аз Русияву Украина дар мақоми саввум қарор дорад. Аммо дар ин муддат мақомоти Лаҳистон фақат ба 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ дода ва дархости 45 нафарро рад кардаанд.

Беш аз сад муроҷиат, вале 7 ҷавоби мусбат

Дар тамоми соли гузашта фақат 154 шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Лаҳистон рафта ва гуфтаанд, ки дар кишвар барои ақоиди динӣ ва сиёсӣ таъқиб мешаванд ва барои ҳамин мехоҳанд, ба онҳо ҳаққи паноҳандагӣ бидиҳанд. Аммо дар он сол фақат 7 шаҳрванди кишвар чунин мақомеро соҳиб шудаанд.

Рӯ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 ва баъди мамнӯъ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломӣ шурӯъ шуд.

Дар он сол, баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзатро тарҳрези ошӯбҳо номид ва сипас бо амри Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон карданду фаъолияташро мамнӯъ намуданд.

Аксари онҳое, ки ба Аврупо рӯ овардаанд, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанд.

Соли 2015 541 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Соли 2016 теъдоди паноҳҷӯён аз 800 нафар ҳам гузашт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки бисёре аз онҳое, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд, муҳоҷирони иқтисодӣ ҳастанд ва дар кишвар таъқиб намешаванд.

Мақомот мегӯянд, онҳо паноҳҷӯ нестанд

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, “ҳадафи паноҳҷӯии шаҳрвандони кишвар дар Аврупо, бахусус Лаҳистон "на дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ, балки фақат роҳ ёфтан ба ин кишварҳост". Ба қавли ӯ, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."

Масъалаи паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистонро рӯзи 19-уми сентябр намояндагони вазорати умури дохилӣ бо ҳайате аз мақомоти интизомии Лаҳистон дар Душанбе баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи вазорат, зимни вохӯрӣ “ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи барқарорсозии механизмҳои муайянкунии шаҳрвандони хориҷие, ки худро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, расмиёти баргардонидани чунин шахсон ба кишвари иқомат ва пурзӯр намудани иқтидори хадамоти муҳоҷират ва сарҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.

XS
SM
MD
LG