Эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба Эрон аз назари коршиносон «бисёр зиёд» аст

Киштии ҳавопаймобари Амрико USS Abraham Linkoln

Ҷобаҷогузории нерӯҳои Амрико дар саросари Ховари Миёна ин ҳадсу гумонҳоро ба вуҷуд овардааст, ки афзоиши нерӯҳо ва размоишҳо метавонанд, барои омодагӣ ба ҳамла алайҳи Эрон бошанд. Агарчӣ Вашингтон таъкид дорад, ки то ҳол дар бораи ҳамла тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, вале таҳлилгарон ба ҷобаҷоии нерӯҳову аслиҳа, афзоиши танишҳо ва хатарҳои минтақавӣ ҳамчун нишонаҳои ҳамлаҳои эҳтимолӣ ишора мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, Иёлоти Муттаҳида бо фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ ва як киштии ҳавопаймобар бо ҳазорон сарбоз ба Ховари Миёна таниш бо Эронро шиддат бахшида ва эҳтимоли ҳамлаи низомиро бештар кардааст.

Пас аз он ки мақомоти Эрон эътирозҳои зиддидавлатиро бо бераҳмӣ саркӯб карда ва ҳазорон нафарро куштанд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико таҳдид кард, ки ба зидди раҳбарони Эрон ҳамла анҷом медиҳад. Трамп баъдан андаке аз ин гуфтаҳояш андаке ақибнишинӣ кард, ҳарчанд ҳамла ба Ҷумҳурии Исломиро комилан рад накардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, таҷаммӯи нерӯҳо ва машқҳои низомии қарибулвуқуи баҳрии Амрико дар минтақа, фишорро бар Эрон бештар карда ва дар сурати тасмими Вашингтон барои ҳамла, имконот ва гузинаҳои бештари низомиро барои он фароҳам меорад.

Паём ба Эрон

Фарзин Надимӣ, пажӯҳишгари аршади Пажӯҳишгоҳи Вашингтон барои сиёсати Шарқи Наздик ба Радиои Фардо гуфт: «Ин метавонад паёме ба Эрон бошад, ки мо омода ҳастем, имкониятҳои мо омода аст.. Надимӣ бо ишора ба тақвияти «таҳрикомез»-и нерӯҳо дар Халиҷи Форс афзуд, ки эҳтимоли зарбаҳои Амрико ба Эрон «бисёр боло» аст.

Киштии ҳавопаймобари «USS Abraham Lincoln» ва се киштии ҷангии ҳамроҳаш бо беш аз 5000 сарбоз ба самти Ховари Миёна дар ҳаракатанд. Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико низ хабар дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-15E Strike Eagle дар минтақа мустақар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Неруҳои ҳавоии Амрико рӯзи 25-уми январ эълон карданд, ки як машқи низомии чандрӯзаро дар саросари Ховари Миёна оғоз мекунанд, то «тавоноии истиқрори босуръат ва ҳифзи қудрати ҷангии ҳавоӣ» дар минтақаро ба намоиш гузоранд.

Ин ҳаракатҳо шабеҳи иқдомоти соли гузашта аст, ки Иёлоти Муттаҳида пеш аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ва сипас ҳамлаи худи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, ҷангафзорҳои худро ба минтақа оварда буд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух сатҳи омодабошии худро боло бурда ва аз гурӯҳҳои мусаллаҳи дастнишондаи худ дар Ироқ, Лубнон ва Яман хостааст, ки ба Эрон кӯмак кунанд.

Роҳи пурхатар

Гузоришҳои расонаҳои амрикоӣ ҳокист, ки Трамп гузинаҳои низомиро алайҳи Эрон баррасӣ мекунад, сар аз амалиёти густурдаи ҳавоӣ, ки метавонад ҳафтаҳо ё моҳҳо тӯл кашад, то ҳамлаҳои маҳдуд ва бештар рамзӣ ба нерӯҳои амниятии Эрон. Гузориш низ ҳаст, ки имконоти ғайринизомӣ, аз ҷумла таҳримҳои иловагии иқтисодӣ низ баррасӣ шудаанд.

Айни замон коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар гуна иқдоми низомии Амрико метавонад, тамоми минтақаро ба оташ кашад. Раҳбарони Эрон қасам хӯрдаанд, ки ба пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс ва ҳамчунин ба Исроил, ҳампаймони калидии Иёлоти Муттаҳида зарба хоҳанд зад.

Меҳрдод Хонсорӣ, дипломати собиқи эронӣ, ба Радиои Фардо гуфт: «Баҳое барои иқдом мепардозанд, ғайриқобили пешбинӣ аст, аз интиқоми Эрон аз ҳампаймонҳои Амрико ва ҳамла ба киштиҳо дар Халиҷи Форс. Шарикони минтақавӣ намехоҳанд, чунин қиматеро пардохт кунанд».

Кишварҳои минтақа дар паёмҳои хусусӣ аз Вашингтон хостаанд, ки хештандорӣ нишон бидиҳад, зеро нигаронанд, муноқишаи Амрикову Эрон ба ҷанги минтақавӣ табдил меёбад.

Хонсорӣ муътақид аст, ки танҳо амалиёти ҳавоӣ, бидуни ҳуҷуми заминӣ, боиси тағйири низом нахоҳад шуд. Ҳамлаи заминӣ ба Эрон, бузургтарин ва сераҳолитарин кишвари Ховари Миёна, аз назари бисёре аз коршиносони низомӣ номумкин ва иҷроношуданӣ аст.

Ҳамла чӣ гуна сурат мегирад?

Надимӣ мегӯяд, тамринҳои низомии тарҳрезишудаи Амрико дар рӯзҳои оянда метавонанд ҳамчун «пӯшиш» барои амалиёти воқеӣ хидмат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида метавонад, аз ҷанги электронӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ барои аз кор андохтани радарҳо ва шабакаҳои иртиботии Эрон истифода кунад. Сипас, ҳавопаймоҳои ҷангии дар радарҳо ноаён метавонанд, системаи дифои ҳавоиро рахна карда, марказҳои фармондеҳӣ ва системаи мушакиро ҳадаф қарор диҳанд.

Акс дар маркази Теҳрон. Киштии Амрико зери "бомбборони Эрон"

Вале Эрон ҳам дар сурати муноқиша бо дастони баста нахоҳад буд. Теҳрон дорои мушакҳоест, ки метавонанд, киштиҳои ҷангии Амрикоро дар Халиҷи Форс ҳадаф бигиранд. Ҳамчунин мушакҳои баллистикие дорад, ки метавонанд, пойгоҳҳои минтақавиро нишон бигиранд. Эрон рӯзҳои истироҳати гузашта дар як майдони Теҳрон лавҳи бузургеро овехт, ки дар он киштии ҳавопаймобари Амрико зери борони мушакҳо тасвир шудааст.

Фарзин Надимӣ мегӯяд, ҳатто агар Вашингтон ба як ҳамлаи рамзӣ даст занад, Эрон эҳтимолан ба ҳамон шева посух хоҳад дод.