Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар мақомоти Эрон ба қатли эътирозгарон шурӯъ кунанд, Иёлоти Муттаҳида ба зидди онҳо"иқдомҳои хеле ҷиддӣ" меандешад.
Ӯ дар ин бора ҳангоми сафараш ба шаҳри Детройт бо шабакаи телевизионии CBS сӯҳбат кард, вале ҷузъиёте надод. Вақте хабарнигор аз раиси ҷумҳури Амрико дар бораи вокуниши Вашингтон ба гузоришҳо дар бораи эҳтимоли ба дор кашидани эътирозгарон пурсид, ӯ гуфт, дар ин бора чизе нашунидааст, вале афзуд: "Агар онҳо ба чунин кор даст зананд, мо вокуниши хеле сахт нишон медиҳем."
Вақте аз Доналд Трамп пурсиданд, ки ҳадафи ниҳоиаш дар Эрон чист, ӯ гуфт: "Ҳадафи ниҳоӣ пирӯз шудан аст. Ман пирӯзиро дӯст медорам." Ӯ дар ин замина ба сарнавишти Абӯбакр Бағдодӣ, раҳбари кушташудаи ДОИШ, ва Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла ва ҳамлаҳои ахир ба таъсисоти атомии Эрон ишора кард.
Доналд Трамп дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: "Мо намехоҳем, шоҳиди он чизе бошем, ки ҳоло дар Эрон мегузарад. Агар онҳо мехоҳанд, эътироз кунанд, як чизи дигар аст. Вале вақте ба куштани ҳазорон нафар шурӯъ мекунанд ва шумо дар бораи ба дор кашидан мегӯед, хоҳем дид, ки оқибаташ барои онҳо чӣ мешавад. Ин оқибати хубе нахоҳад дошт."
Ҳушдорҳои Трамп дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз эҳтимоли судури ҳукмҳои қатл барои тазоҳургарон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин гурӯҳҳо, аз ҷумла созмони "Ҳуқуқи башари Эрон", қароргоҳаш дар Норвегия, бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки ҳукми қатли Ирфон Султонии 26-сола рӯзи 14-уми январ ва шаш рӯз пас аз боздошт, иҷро хоҳад шуд. Ӯро ба "муҳориба" ва ё ба таъбири дигар "ҷанг бар зидди Худо" муттаҳам кардаанд.
Ба таъбири рӯҳониёни Эрон, онҳое, ки ба зидди низоми исломӣ эътироз мекунанд ва ё меҷанганд, гӯиё ба зидди Худо меҷанганд. Созмони ҳомии ҳуқуқи HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи чоршанбе гуфт, ки шумори қурбониёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон аз 2400 нафар гузаштааст.
Пештар аз ин Доналд Трамп дар рӯзи сешанбе аз эътирозгарон дар Эрон хост, ба тазоҳуроти худ идома диҳанд ва гуфт, ки "кӯмак дар роҳ аст". Вақте хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, ки манзураш чист, Трамп гуфт, ки "худ хоҳед фаҳмид". Ӯ афзуд, ки ҳамлаи низомӣ яке аз гузинаҳо барои муҷозоти раҳбарони Эрон дар робита ба саркӯби хунини эътирозгарон боқӣ мемонад.
Доналд Трамп аллакай барои воридоти маҳсулот аз кишварҳое, ки бо Эрон додугирифти тиҷоратӣ доранд, 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст. Чин, ки харидори асосии нафти Эрон аст, ин тасмимро фавран маҳкум кард.
Аз сӯи дигар, мақомоти Эрон Амрико ва Исроилро ба барангехтани нооромиҳо муттаҳам карда, масъулияти кушторҳоро ба дӯши "гумоштаҳои террористӣ" вогузор кардаанд, ки ба қавли онҳо аз хориҷ дастур мегиранд.
Рӯзи сешанбе як мақоми эронӣ шумори кушташудагонро тақрибан 2000 нафар эълон кард. Ва ин нахустин бор буд, ки мақомоти расмӣ омори умумии қурбониёни нооромиҳои ду ҳафтаи ахирро эътироф мекунанд.
Эътирозҳо рӯзи 28-уми декабр дар пайи беқурбшавии пули миллии Эрон риёл оғоз ёфтанд ва сипас ба намоишҳои густурдаи сиёсӣ ба зидди ҳукумати рӯҳониён табдил ёфтанд. Тазоҳурот бузургтарин чолиш барои ҳокимони Эрон дар се соли охир дониста мешавад.