Расонаҳои Беларус аз сафари ҳайати Толибон хабар доданд ва акси онҳоро нашр намуданд. Вале пас аз чанде ҳамаи ин хабарҳо ва аксҳо пок карда шуданд.
Чанде аз ин аксҳо сафари мақомоти Толибонро ба корхонаи панири Слутс дар маркази Беларус дар рӯзи 21-уми август нишон медоданд. Аз боздиди ҳайат ҳамчунин сомонаи Академияи миллии илмҳои Беларус хабар дод ва чанд аксро нашр кард, ки дар онҳо таваҷҷуҳи аъзои ҳайати толибҳо ба тарзи пухтани панир дида мешуд. Аммо пас аз соате ҳам хабар ва ҳам аксҳо аз ин сомона "рӯфта" шуданд.
Ҳайати Толибон дар корхонаи маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон дар Беларус
Дар ин байн пазироӣ аз толибҳо дар Беларус таваҷҷуҳи расонаҳои мухолифони ҳукумати президент Александр Лукашенкоро ба худ кашид. Корбарони зиёде ба он ишора карданд, ки Минск намояндагони расмии ҳукуматеро меҳмондорӣ кардааст, ки дар поймол кардани ҳуқуқи занону духтарон ва камшуморони миллӣ шуҳрат дорад. Духтарону занон дар Афғонистони зери султаи толибҳо аз таҳсил ва кор маҳруманд. Ахиран режими толибҳо қоидаҳои шадиди либоси занон ва бе мардинаи маҳрам ба кӯча баромадани онҳоро низ манъ кард.
Раҳбари мухолифони Беларус, Светлана Тихановская, ки ба хориҷа ронда шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин аксҳо инчунин "дурӯягӣ"-и мақомоти кишварашро ошкор мекунанд.
"Аз як тараф, режим рӯзноманигорон, фаъолон ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандии Беларусро "экстремист" ва "террорист" эълон мекунад. Аз тарафи дигар, он орому оҳиста намояндагони Толибонро истиқбол мекунад ва бо онҳо ҳамкорию тиҷоратро машварат", - гуфт ӯ.
Намояндагони Толибон ҳангоми боздид аз корхонаи истеҳсоли хӯрокворӣ дар Беларус
Ба ақидаи Тихановская, даъвати толибҳо ба Минск баёнгари дилсардии васеътари ҳукумати Лукашенко дар самти сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои дипломатист. "Беларусҳо мебинанд, ки Лукашенко киро ҳамчун дӯстони Беларус интихоб мекунад. Онҳо танҳоиро интихоб намекунанд. Онҳо шарикӣ бо Толибон, Куриёи Шимолӣ ё дигар диктатураҳоро дуруст медонанд", - гуфт ӯ.
Дар ҳоле ки расонаҳои Беларус бо шитоб акси Толибонро аз сафҳаҳои худ мерӯбанд, Толибон сафари ҳайаташро ба ин кишвар бо сарусадо таблиғ мекунад. Чанде аз расонаҳои афғон ба нақл аз баёнияи Вазорати кишоварзии толибҳо дар бораи ин сафар хабар додаанд.
Хабаргузории “Ориёно” онро сафари "ҳайати баландпояи Афғонистон" барои шиносӣ ва омӯзиши "фанновариҳои муосири истеҳсолӣ"-и Беларус номида, гуфтааст, ки 13 мансабдори баландрутбаи толибҳо дар ин сафар панҷ рӯз меҳмони беларусҳо будаанд.
Дар расонаҳои Афғонистон аксҳое истифода шудаанд, ки дар онҳо танҳо мардон дида мешаванд.
Узви ҳайати Толибон бо як масъули ширкати БелАЗ-и Беларус
Баъзе аз беларусҳо гуфтаанд, ки сарулибоси меҳмонон онҳоро ба ёди муҷоҳидини замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон андохааст. Даҳҳо ҳазор белорус дар он ҷанг ширкат карда, зиёда аз 700 нафари онҳо дар Афғонистон кушта шудаанд.
"Ман фикр мекунам, сарбозони шӯравие, ки дар Афғонистон ҷангидаанд, каме ҳайратзада шудагистанд", - гуфт яке аз шореҳон. Дигаре суоли танзомез кард: "Оё онҳоро ба гулгузории зери ҳайкали ҷанговари интернатсионалист мебаранд?"
Ҳайати Толибон дар дохили корхонаи БелАЗ
Моҷарои боздиди толибҳо аз Беларус пас аз тӯфони сиёсӣ дар Молдова рух дод. Ҳайати Толибон аввали моҳи август ба Молдова сафар кард. Кобул иддао намуд, ки ҳукумати Молдова онҳоро расман ба Кишинёв даъват кард, то "масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва фаннии байни ду кишварро баррасӣ кунад".
Аммо ба зудӣ Вазорати корҳои хориҷии Молдова эълом дошт, ки "ҳеч гуна тамосҳои расмӣ ё дидорҳои дуҷониба бо толибҳо" баргузор нахоҳад шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, дарёфти визаи сафари афғонҳо мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.
Русия дар ҳоли ҳозир ягона давлатест, ки ҳукумати Толибонро ба расмият шинохтааст ва чанд кишвари дигар, аз ҷумла Чин, Қазоқистон ва Узбекистон бе эътирофи расмии ҳукумати Толибон бо онҳо додугирифти густурда доранд.