Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнагунии Кобул. Рӯзе, ки "Толибон" Афғонистонро зери даст гирифт

Фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021
Фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021

15-уми августи соли 2021. Дар ҳоле ки беруншавии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳанӯз ба поён нарасида буд, ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротгарои “Толибон” кохи раёсати ҷумҳурӣ ё Аргро дар Кобул тасарруф карданд ва бори дигар назоратро ба ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст гирифтанд.

"Рӯзи сиёҳе дар таърихи Афғонистон"

Он рӯз ошуфтагӣ ва ваҳшату изтироб дар фурудгоҳи Кобул ҳукмфармо буд. Ҳазорон сокини ноумед худро ба ҳар кӯю дар мезаданд, то кишварро тарк кунанд.

“15-уми августи соли 2021 рӯзи сиёҳе дар таърихи Афғонистон буд. Ман он рӯзро бо ғаму андуҳи тоқатфарсояш ба ёд дорам. Рӯзе, ки миллионҳо ҷавони афғон умеди худро аз даст доданд. Миллионҳо духтару зани афғон ноумед гаштанд,” – гуфт Фозил Фазлӣ, мушовири пешини раисҷумҳури Афғонистон.

Фозил Фазлӣ он замон мушовири раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ буд. Ашраф Ғанӣ, вақте “Толибон” шаҳри Кобулро гирифтанд, бидуни ҳеч огоҳӣ кишварро тарк кард.

“Мақомҳои амниятӣ ба ин хулоса расиданд, ки амнияти раисҷумҳур зери хатар аст. Ҳатто дар дохили қаср. Ҳалқаи амниятие, ки берун аз кох вуҷуд дошт, фурӯ пошида буд,” – гуфт Фозил Фазлӣ.

Фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021
Фурудгоҳи Кобул, моҳи августи 2021

Кобул, аз он чи бисёриҳо гумон мекарданд, хеле зуд сарнагун шуд. Ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз он, раисҷумҳури вақти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден эълон карда буд, ки берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то 31-уми августи соли 2021 поён хоҳад ёфт. Ҷое, ки низомиёни амрикоӣ тақрибан 20 сол ҳузур доштанд.

Ҷим ДеҲарт, дипломати амрикоӣ, мегӯяд, ҳамлаи ҳамоҳангшудаи “Толибон” бисёриҳоро ғофилгир кард: "Он вақт беш аз ҳама маро ҳамоҳангӣ ва пайванди миёни нерӯҳои “Толибон” ба ҳайрат овард. Мо дидем, ки Толибон кишварро бисёр зуд ишғол карданд ва хеле зуд Кобулро гирифтанд. Дар бисёре аз мавридҳо ҳатто бе ягон тир задан пеш мерафтанд, зеро дар роҳ ба сӯйи минтақаҳои гуногуни кишвар созишу муомила мекарданд.”

"Шароит ниҳоят сангин буд"

ДеҲарт бо дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида ба баъзе аз ҳампаймонони афғонистонии худ барои тарки кишвар ёрӣ карданд. Дар ду ҳафта беш аз 120 ҳазор афғонистонӣ, шаҳрвандони Амрико ва кишварҳои дигар аз Афғонистон берун оварда шуданд, аммо теъдоди зиёди дигар дар онҷо монданд.

"Кори бисёр сахте буд. Бо доду фарёди мардум дар он сӯйи девор, тирпаронии пайваста ва радёбҳои болои сар шароит ниҳоят сангин буд. Одамон ба дохил меомаданд. Офтоб чеҳраҳояшонро сӯзонда буд. Онҳо мегиристанд. Воқеан, осеби равонӣ дида буданд. Сипас, маъмурони консулии мо маҷбур буданд тасмими сарнавиштсозе бигиранд, ки оё онҳо ба талабот посухгӯ ҳастанд ва оё метавонанд бимонанд ё не," – нақл кард Ҷим ДеҲарт.

Фозил Фазлӣ мегӯяд, фурӯпошии ҳукумати Афғонистон чанд моҳ пештар, замоне ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эътилофи байнулмилалӣ пойгоҳҳои низомиро тарк мекарданд ва таъминоти артиши Афғонистонро коҳиш медоданд, оғоз шуда буд.

Кобул, моҳи августи 2021
Кобул, моҳи августи 2021

Чанд сабақ

Ӯ гуфт: “Қатъи якбораи ҳимоят аз тамоми нерӯҳои амниятӣ оқибатҳои фавқулода хатарнок дошт. Нуктаи муҳим ин аст, ки мо барои сохтани кишвари худ набояд пуштибонии сиёсӣ ё низомии хориҷиёнро чашмдор бошем.”

Ҷим ДеҲарт ҳам мегӯяд, аз шитобкорона берун шудани Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон ва фурӯпошии босуръати ҳукумат дар Кобул метавон сабақ гирифт.

“Ба назари ман, мо бояд андеша ва баррасӣ кунем, ки дар 20 соли ҳузури худ дар Афғонистон дар равиши низомӣ, дипломатӣ ва сиёсатҳои худ чӣ хато кардем. Дар зимн, ин масъулияти танҳо як ҷониб нест. Масъулият ба дӯши ҳар ду ҳизби асосӣ аст,” – шарҳ дод ӯ.

Аз ҳукуматдории гурӯҳи “Толибон” панҷ сол гузашт. Дар ин муддат занону духтарон аз ҳаққу ҳуқуқи зиёде маҳрум гашта, қатъи бахше аз ёриҳои хориҷӣ буҳрони шадиди башарӣ ва иқтисодиро дар ин кишвар сахттар кард.

Пайомади он рӯзҳои бесарусомонӣ дар моҳи августи соли 2021 тамом нашудааст ва ҳамчунон ба зиндагии миллионҳо афғонистонӣ таъсир мегузорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Рӯзи сиёҳ дар таърихи Афғонистон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG