Як мард аз деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод бо гумони қатли ҳамсари собиқаш, Ҷавҳарбии Давлатшоҳи 27-сола дастгир шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, ҳодиса 16-уми декабр рӯй дода, гумонзад 28-сола аст ва ҳодиса бар пояи хусумату рашк "бо бераҳмии махсус дар назди фарзандони ноболиғ сурат гирифт". Мақомот номи гумонзадро нагуфтанд.
Як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ бо шарти фош нашудани номаш 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мард ҳамсари собиқи худро "бо 11 зарби корд куштааст".
Вай афзуд: "Баъди ҳодиса дар ҷангал пинҳон шудааст. Сипас аз як мағоза сирко гирифтааст, то эҳтимол худкушӣ кунад. Фурӯшанда ба милиса хабар медиҳад ва ӯро қабл аз нӯшидани сирко дастгир кардаанд."
Як ҳамсуҳбати дигари мо дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб гуфт, алайҳи мард бар асоси қисми дуи банди 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне одамкушӣ, парванда боз шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ҳодиса дар хонаи падари Ҷавҳарбии Давлатшоҳ рӯй додааст, ки дар ҳамсоягии якдигар қарор доранд: "Онҳо як ҳафта пеш аз ҳодиса аз ҳам ҷудо шуда будаанд. Мард ҷанҷол бардошта, бо корд ёздаҳ бор ба сару рӯйи зан мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад."
Аз Ҷавҳарбии Давлатшоҳ ду тифл ятим мондааст. Ҷасади ӯро баъд аз ташхиси тиббиву додгоҳӣ дафн кардаанд. Ба ҳамсари собиқи ӯ аз 15 то 25 сол зиндон таҳдид мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як занро бо бел зада, дигареро дар назди гаҳвораи тифлаш нафасгир кардаандДар Тоҷикистон омори алоҳидае дар бораи занкушӣ нест. Ҷустуҷӯи кӯтоҳи Радиои Озодӣ фақат дар вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ нишон дод, ки дар соли гузаштаву даҳ моҳи имсол зиёда аз даҳ мавриди занкушӣ сабт шудааст. Ин танҳо мавридҳоест, ки вазорат дар бораи онҳо расман хабар дода, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар баёнияҳо гуфта шудааст, ки занони тоҷикро ё шавҳаронашон, ё мардони хешованд ва ё ҳамсарони собиқашон куштаанд. Шеваҳои қатли ҳамсарон ҳам воқеан бераҳмона будаанд. Масалан, модари 52-соларо шавҳари 58-солааш дар шаҳри Истаравшан бо бел зада кушта, ҷавонзани 32-солаи дигарро ҳамсараш то мурдан бо калтаки оҳанин задааст. Модари дигареро ҳам падари тифли навзодаш дар назди гавҳораи ҷигарбандаш нафасгир кардааст ва то ба ҳадде, ки дертар ҷон додааст.
Хушунат дар оила дар Тоҷикистон, ки аксаран нисбат ба занон сурат мегирад, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, як кори маъмулист. Дар 6 моҳи соли 2025 қариб 1800 нафар аз зӯроварӣ дар оила ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, дар тақрибан 75 дарсади мавридҳо занони ҷабрдида лаб боз намекунанд ё ба касе барои кумак муроҷиат намекунанд, ки пайомади он гоҳо ҳамон занкушӣ ва ё худкушии духтар ва ё зане аст.