Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани милиса ба иттиҳоми қатли ҳамсараш 19 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон ба парвандаи пурсарусадои капитани пулиси ноҳияи Вахш, ки дар куштори ҳамсараш гумонбар дониста мешуд, нуқта гузошт.

Дар ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, ки рӯзи 28-уми январ содир шуд, капитани милиса Набиҷон Аминҷонов, ки ба ҳайси таҳлилгари идораи пулиси ноҳияи Вахш кор мекард, дар куштори ҳамсараш Турсуной Аминова бо истифода аз туфангчаи хизматии тамғаи "Макаров" айбдор эълон шуда, ба мӯҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар ҷараёни мурофиа Аминҷонов гуфтааст, ки дар куштори занаш даст надорад, вале "хунукназарӣ ба силоҳ"-ро эътироф кардааст.

Дар пайи ин ҳодиса, Аминҷонов аз вазифааш барканор шуд. Маҳкумшуда дар сухани охиринаш гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва иттиҳоми куштори ҳамсарашро дар моҳи сентябри соли 2018 рад кардааст. Аминҷонов ҳукми додгоҳро "ноодилона" арзёбӣ кардааст.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси ин парванда рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки капитани милитсия Набиҷон Аминҷонов барои куштори ҳамсар айбдор дониста шуд.

Ӯ гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ хост, ки Аминҷонов ба 21 соли зиндон маҳкум шавад, вале дар қарори додрас ду сол аз ин ҳукм поин оварда шуд. Бойзода гуфт, ки вакили дифои Аминҷонов ҳақ дорад аз рӯи ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят барад. Ҳанӯз маълум нест, ки маҳкумшудаву вакилаш аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд ё на.

Нишонаҳои ду тир аз туфангчаи корӣ дар ҷисми Турсуной

Набиҷон Аминҷонов шаби 8 ба 9-уми сентябри соли 2018 бо гумони қатли ҳамсараш Турсуной Аминова боздошт шуд. Тафтишот гуфт, ки ин зан бо туфангчаи "Макаров" аз ноҳияи сараш ду тир хӯрдааст.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси ин парванда.
Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси ин парванда.

Темур Бойзода гуфт, хулосаи ташхис ин аст, ки тир аз туфангчаи тамғаи “Макаров” шиллик шудааст. Дар ҷараёни тафтишот ду фарзанди Аминҷонов дар ҳузури равоншиносон ва намояндагони тафтишот гуфтаанд, ки шоҳиди саҳнаи моҷарои волидон ва ба сари модар тир кушодани падар шудаанд.

Бойзода гуфт, "писари ноболиғи ҳамин мард мегӯяд, ки падараш модарашро куштааст. Ҳамсоя, ки корманди барқ будааст, садоро шунида омада дидааст, ки корманди пулис дар назди ҷасади ҳамсараш будааст".

Дар ҷараёни тафтишот ва ҳам сухани охираш дар мурофиаи додгоҳӣ Набиҷон Аминҷонов гуфтааст, ки дар ҳодисаи шоми 8 сентябр гӯё ӯ туфангчаро ба дасти ҳамсараш дода, гуфтааст, ки ба сари замин меравад, вале вақте садои тирро шунидааст, омада ҷасади ҳамсарашро пайдо кардааст.

Наздикони Аминҷонов аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастанд

Сироҷиддин Маҳмадалиев, вакили Набиҷон Аминҷонов гуфт, ки онҳо аз ин ҳукм бо машварати наздикони собиқ корманди пулис шикоят хоҳанд бурд, вале ҳоло тасмимашон ниҳоӣ нашудааст. Вакили дифоъ ҳам таъкид кард, ки зерҳимояаш ба бегуноҳии худ пойфишорӣ мекунад. "Гуфт, ки ин корро накардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз назди ҳамсараш дур шуда, садои тирро шунида, ӯро мурда пайдо кардааст",-афзуд ин вакили дифоъ.

Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.
Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки фарзандони ноболиғи ин корманди собиқи милиса дар назди равоншиносон гуфтаанд, ки модарашонро падарашон паррондааст ва онҳо ин саҳнаро дидаанд. Ба қавли мақомот, ба хотири осеб нарасонидан ба равони кӯдакони ноболиғи Аминҷонов, ширкати кӯдакон дар мурофиаи додгоҳӣ иҷоза нашуд.

Як мақоми додгоҳ гуфт, ки ба хотири ҳимояти кӯдакон исму синну соли онҳоро зикр намекунад, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо ноболиғ ҳастанд. Писари калонии ин Аминҷонов дар синфи панҷум мехонад.

Чаро фоҷеа сар зад?

Дар ҳоле, ки ҷузъёти бештари сабабҳои сар задани фоҷеа маълум нест, тафтишот қазияро ҳамчун як моҷарои хонаводагӣ баррасӣ кардааст. Дар ҷараёни таҳқиқ маълум шудааст, ки капитани милитсия бо як зани дигар ҳам ҳамзистӣ доштааст ва ҳамин мавзӯъ боиси сар задани моҷароҳои хонаводагӣ дар хонаи Аминҷонов мешуд.

Мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаби 8-уми сентябр Аминҷонов баъди баргаштан аз тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни истиқлолият дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш, бо туфангчаи дасташ ҳамсараш Турсуной Аминоваи 30-соларо ба қатл расонидааст.

Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш гуфт, ки бархе ҳамсояҳо шоҳидӣ доданд, ки дар равобити ҳамсарон мушкил вуҷуд дошт ва "робитаи Аминҷонов бо зани дигар тасдиқ шуд".

Исмоилзода афзуд, "ҳамин корманди собиқи милитсия боре ба ҳамсари дуюмаш низ гуфтааст, ки ӯро мекушад. Боре дар пешониаш туфангча монда будааст. Ҳамсари дуюм, хушдоман аз ҳамсари дуюмаш ва кӯдаки ӯ низ пурсида шудааст".

Дар ҷараёни мурофиа Аминҷонов гуфтааст, ки дар куштори занаш даст надорад, вале "хунукназарӣ ба силоҳ"-ро эътироф кардааст.

Турсуной муаллима буд

Дар ҳоле, ки тарбияи ду фарзанди Аминҷонов баъди марги ҳамсар ва зиндонӣ шудани падар ба масъулияти хешовандонашон мегузарад, дар мактаби миёна марги муаллима Аминоваро сахт қабул карданд.

Басгул Қосимова, мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 дар ноҳияи Вахш аз Турсуной Аминова, ки муаллимаи фанни адабиёт ва забони тоҷикӣ буд, ҳамчун омӯзгори касбиву меҳрубон ва мавриди эҳтироми ҳамкорон ва шогирдон ёд кард.

Чанде баъд аз рух додани ин ҳодиса, сардори идораи пулиси ноҳияи Вахш Рустам Аҳмадзода аз мақомаш барканор шуда буд.

Ҳодисаҳои қатли ҳамсар аз сӯи шавҳар дар Тоҷикистон

Солҳои охир қатли зану шавҳар ба дасти якдигар дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳо дар рӯзи рӯшан ва дар пеши чашми мардум сурат гирифта, баҳонаи чунин бархӯрд асосан бевафоиву рашк ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар соли гузашта беш аз 10 ҳолати куштор аз сӯи шавҳарон ё мардони хона дар Тоҷикистон сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад ва ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG