Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон расман ҷиноят эълон мешавад


Ин акс аз як барномаи вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ҷабру зулм ба як модар аст.

Баъд аз муроҷиатҳои батакрори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милал мақомоти Тоҷикистон дар ниҳоят зӯроварӣ дар оиларо ба унвони ҷиноят ба тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ворид кардаанд.

Дар сурати қабули ин тарҳ мумкин аст, марде, ё ҳар узви дигари оиларо, ки ба ҳамсар, хоҳар, ё хеши дигараш ҷабру зулм мекунад, то ба 7 соли зиндон маҳкум кунанд.

Дар тарҳи кодекси нав, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар моддаи 153-уми кодекс бо номи “Зӯроварӣ дар оила” ҷазоҳои гуногун, аз ҷумла кори маҷбурӣ ҳам таъйин шудааст. Бар асоси ин модда, мумкин аст, ҳар узви оиларо, ки бо истифода аз нотавонӣ ва ё пойбандии узви дигар ӯро латукӯб мекунад, осеб мерасонад ва ё аз имконоти иқтисодӣ маҳрум мекунад, аз 120 соат, то 6 моҳи кори маҷбурӣ ва ё 40 то рӯз ба зиндон маҳкум кунанд.

Дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба дар оила бахусус ба занону духтарон ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ба як “расм” табдил ёфтааст ва мақомоти расмӣ ҳам ба ин масъалаи доғ аз паси панҷа менигаранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон, аз ҳар 5 зан яке аз онҳо ба зӯроварӣ дучор мешавад ва солҳои ахир ҳам хушунат ба ҳамсар ва ё хоҳару дигар аъзои оила зиёд шудааст. Муаллифони тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ пешниҳод кардаанд, ки агар фарде ба чанд узви оила ҷабру зулм кунад ва агар хушунатро ба зани ҳомила ва дар ҳузури ноболиғе раво бинад, бояд ҷазои сахттар бигирад.

Бар тибқи пешниҳод, ингуна афрод бояд то ба се соли зиндон маҳкум шаванд. Дар банди саввуми моддаи 153 омадааст, ки агар зӯроварӣ боиси худкушӣ, сахт осеб дидани касе ва ё марги бештар аз ду нафар шавад, ҷазои омили зӯроварӣ бояд на камтар аз 7 соли зиндон бошад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ворид кардани моддаи махсус барои зӯроварӣ дар оила як қадами дигар барои решакан кардани ин зуҳуроти бад дар ҷомеа аст. Бино ба омори расмӣ, танҳо аз соли 2016 то соли 2020 мақомоти интизомӣ 489 парвандаи зӯроварӣ дар оиларо сабт кардаанд, ки аз ин миён 151 қатли зан ё узви дигари оила ва 161 парвандаи ба худкушӣ расонидан будааст.

Ду сол пештар Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ бо нашри як гузориши махсус дар бораи зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон гуфт, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, "вале ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад".

Дар ин гузориш зери номи “Хушунат дар сари ҳар қадам” намунаҳои тарсноки ҷабру зулм ба занон омадааст ва баъзе аз бонувон гуфтаанд, шавҳар, ё дигар марди хонавода онҳоро “таҷовуз мекунанд, бо хишт, ё дарзмоли доғ онҳоро мезананд ва ё аз обу ғизо маҳрум месозанд.

Ворид кардани моддаи махсус барои мубориза бо зӯроварӣ дар оила зоҳиран як саъйи давлати Тоҷикистон барои иҷрои тааҳудоти байналмилалиаш аст, ки ваъда додааст, барои ҳимоят аз ҳуқуқи зан ва боло бурдани мақоми ӯ дар ҷомеа талош хоҳад кард.

Кумитаи маҳви табъизи занон дар Созмони Милал борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки барои решакан кардани табъизу зӯроварӣ ба зан қабули қонунҳоро суръат бахшад ва барои тамоми анвои зӯроварии ҷинсӣ, аз ҷумла латукӯб дар хона, таҷовузи ҷинсии ҳамсар ҷазо таъйин кунад.

Вакилони порлумони Тоҷикистон чанде пеш дар бораи тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ суҳбат карданд, вале ҳоло маълум нест, тарҳ кай дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Маълум ҳам нест, ки ин пешниҳод, ки солҳо боз ҳомиёни ҳуқуқи зан барои қабули он саъйу талош доштанд, аз тарафи порлумоне, ки аксарияташ мардон ҳастанд, қабул мешавад, ё не.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG