Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари чаҳор фарзанд, ки дар Кӯлоб худро оташ зад, даргузашт


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Як ҷавонзан дар Кӯлоб, ки баъд аз моҷарои хонаводагӣ худашро оташ задааст, субҳи рӯзи 13-уми июн даргузашт. Дар бораи марги Олиямо Очиловаи 34-сола, ки шаби 10-уми июн дар дохили ҳаммоми хонаи худ, қасди худкушӣ кардааст, хешовандон ва табибони бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ҷавонзани тоҷикро дар он рӯз бо бадани сӯхта ва дар ҳоли фавқуллода вазнин ба бемористон овардаанд. Анвар Исломов, муовини сартабиби бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб рӯзи 12-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Олияморо 96 дарсади баданаш сӯхтааст, ки аз ин 10-15 фоизашро ҷароҳатҳои дарунӣ ташкил медиҳад.”

Ӯ афзуд, ки табибон тамоми корро барои наҷоти зан анҷом хоҳанд дод, вале зоҳиран ба онҳо муяссар нашудааст, ки модари чаҳор фарзандро аз чанголи марг раҳо кунанд. Сабабҳои аниқи худкушии сокини деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб маълум нест, вале баъзе аз ҳамсоягону афроди наздик ба хонавода мегӯянд, ки зоҳиран Олиямо баъди моҷарое бо шавҳар маводи сӯхтро ба сараш рехтаву худро оташ задааст.

Ҳеҷ яке аз хешовандони ду тараф ҳозир нашуданд, роҷеъ ба ин фоҷиа бо мо сӯҳбат кунанд, аммо ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки додситонӣ дар ин замина парванда боз кардааст ва ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Дар Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, “таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва эҳтимолан як сабаби даст ба худсӯзӣ задани Олиямо муноқишаҳои оилавӣ будааст.”

Ҳамдеҳагон Олиямо гуфтанд, “то ҳол ҳеҷ кас бовар намекунад, ки Олиямо, чаҳор фарзандро гузошта, худро оташ зада ва онҳоро аз модар маҳрум кардааст.” Равоншиносон мегӯянд, ки мисли ҳамеша дар Тоҷикистон аксаран ҷанҷолҳои хонаводагӣ, ё сатҳи пасти зиндагӣ сабаби худкушии занон ва ҳам мардон мешавад.

Дилмонда аз ҳар тараф...

Мадина Низомова, равоншиноси марказе, ки ба занони хушунатдида дар вилояти Хатлон кӯмак мекунад, рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки худкушӣ мекунанд, умедашонро аз ҳама мекананд ва фикр мекунанд, касе нест, ки ба додашон бирасад: “Мо бо чунин ҳолатҳо бисёр дучор мешавем, лекин тайи ду соли ахир чунин ҳодиса нашуда буд. Ба назари ман, вақте ин зан аз ҷиҳати рӯҳӣ бисёр азоб мекашад ва аз ҳама тараф умедашро меканад, баъд даст ба худкушӣ мешанад. Худсӯзӣ як навъи вазнини худкушӣ аст, зеро инсон аз ҳама дилмонда шуда, баъд ба ин кор даст мезанад.”

Бино ба омори расмӣ, солона дар Тоҷикистон то 400 нафар қасди худкушӣ ва ё худкушӣ мекунанд ва сабабҳои аслии он муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ба зан ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳост. Таҳқиқҳои саросарӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз ҳар 10 зани шавҳардор, камаш се нафари онҳо аз шавҳар хушунати ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва ё равонӣ дидааст.

Як назарсанҷие дар соли гузашта бахусус дар вилояти Хатлон нишон додааст, ки тақрибан 50 дар сади занон дар як соли ахир, ҳадди аққал “мушт хӯрдаанд” ва ё ба онҳо зӯроварие сурат гирифтааст. Дар ин назарсанҷӣ наздик ба 80 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои ҳал кардани моҷарое дар хонавода “боке надорад, агар аз хушунат” ва ё ба таъбири дигар аз мушту лагад истифода баранд.

Зӯроварӣ дар хонавода дар Тоҷикистон дар рақамҳо

Аммо яке омилҳое, ки имкон медодааст, ҷабру зулму ба занон ва ҳамингуна худкушии онҳо кам нашавад, “беҷазо мондани онҳоест, ки бо вуҷуди муроҷиати занон ба мақомот" касе дар пайи ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо намешавад. Бештар аз 82 дар сади онҳое, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд, гуфтаанд, ки “дар сатҳи зарурӣ ва ҷазои ҷиддӣ нагирифтани зӯроварон пас аз муроҷиати ҷабрдида ба мақомоти ваколатдор” яке аз сабабҳои асосии зӯроварӣ дар оила аст. Мақомоти интизомии Тоҷикистонро солҳо боз танқид мекунанд, ки ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва зӯроварӣ ба занро “кори аҳли оила ва масъалаи хусусӣ мешуморанд” ва ба онҳо дахолат намекунад.

Давлати Тоҷикистон соли 2014 як барномаи бузурге барои решакан кардани зӯроварӣ дар оила қабул кард, ки дар он ҳам аз афзоиши худкушӣ дар байни занон суҳбат мешавад. Яке аз ҳадафҳои барнома “тағйир додани афкори умум аст”, ки задану ҷазо додани ҳамсару хоҳар, ақидаи кӯҳна ва иртиҷоӣ аст ва бояд аз байн бурда шавад. Аммо онгуна ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон ҳамчун “як расм боқӣ мондааст”, ки ба фоҷиа мерасонад. Ба фоҷиае, ки ба сари Олиямоҳ дар Кӯлоб омад ва чаҳор фарзандашро нимаятим карду волидону наздиконашро мотамзада кард.

XS
SM
MD
LG