Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳгоҳ аз "зулму ситам" дар шифохонаҳои Тоҷикистон


Books and other guidelines on violence against woman in Tajikistan
Books and other guidelines on violence against woman in Tajikistan

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ, дар назди беморхонаҳои кишвар ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ таъсис додааст.

Ин тасмими вазорат барои татбиқ ва амалисозии қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» гирифта шуда, бо ташаббуси Барномаи "Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода" ё PDV ва кумаки молии ҳукумати Швейтсария роҳандозӣ шудааст.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ рӯзи 28 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “алакай дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шуъбаҳои таваллуди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритуc ва Фархор “ҳуҷраҳои тиббию иҷтимоии офиятии занони аз зӯроварӣ дар оила ранҷкашида” таъсис дода шудааст”.

Чаҳор рахти хоб барои модар, дуто барои фарзандонашон

Утоқ ё ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дар бемористони “Истиқлол”, ки хабарнигори Радиои Озодӣ аз он ҷо дидан кард, аз чаҳор рахти хоб барои занон ва ду ҷой барои кӯдакони онҳо иборат аст. Дар ин утоқ барои зиндагии муваққатӣ тамоми таҷҳизоти лозимиро фароҳам оварда шудааст.

Дар як гӯшаи ин утоқ ҳам қонунҳои Тоҷикистон дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шакли китобчаҳо таҳия шуда, ҳамзамон дастурамал ва брошюраҳо, ки ҳуқуқи занон ба забони соддаю дастрас гузошта шудааст.

Занон дар утоқҳои вижа як ҳафта ҳаққи табобатро дошта, дар ин муддат мақомот ва идораи пулис бо хонаводаи онҳо, аз ҷумла шавҳар ва хусуру хушдоман кор мекунанд. Дар сурати ҳосил нашудани созиш миёни зану шавҳар, муҳлати будубоши зан дар ин утоқ баррасӣ мешавад.

Муолиҷаи ройгони тиббиву равонӣ

Шарофат Яхшибекова, мудири шуъбаи модару кӯдаки ин бемористон, ки утоқи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ҳам маҳз дар ҳамин шуъба роҳандозӣ шудааст, рӯзи 28-уми декбар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, заноне, ки дар ин утоқ бистарӣ мешаванд, муддати як ҳафта метавонанд табобати ройгони тиббиву равонӣ бигиранд.

Аз инҳо 76 нафар бо зӯроварии ҷисмонӣ, 35 нафар ба зӯроварии равонӣ, 25 нафар ба зӯроварии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва шаш нафар ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор шудаанд.

Ба гуфтаи Яхшибекова, занони хушунатдида аз тариқи созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин утоқҳо фиристода мешаванд ва ҳангоми бистарӣ шуданашон вобаста ба ҳолати равониву ҷисмонӣ табибон ва равоншиносон ба онҳо кӯмак мерасонанд.

Ҳоло занони хушунатдида тавассути созмонҳои иҷтимоии “Дилафрӯз” дар Кӯлобу Бохтар ва “Фемида” дар шаҳри Душанбе ба утоқҳои махсус фиристода мешаванд, ки ниёз ба кумак доранд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои хуб ба роҳ мондани кор ин барнома моҳи октябр барои 240 нафар кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ давраҳои омузишӣ гузаштанд. Онҳо аз рӯи “Дастурамали вокуниши кормандони тандурустӣ -ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати зуроварӣ дар оила” омӯзиш гирифтанд, ки он аз сӯи гурӯҳи корӣ таҳия шудааст.

Дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар як соли охир 142 зану духтари тоҷик дар пайи хушунати хонаводагӣ дар бемористонҳо бистарӣ шуда, таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд.

Аз латукӯб то ба таҷовуз

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо дар ин вазорат, “аз инҳо 76 нафар бо зӯроварии ҷисмонӣ, 35 нафар ба зӯроварии равонӣ, 25 нафар ба зӯроварии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва шаш нафар ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор шудаанд.

Барои муоина, ҷарроҳӣ ва табобату нигоҳубинии ин занон аз ҳисоби буҷаи бемористонҳо ба таври ройгон ҳудуди 38 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст”. Бар асоси омори расмии мақомот 83 нафар ё бештар аз 60 дарсади занони хушунатдида, ки дар бемористон бистарӣ шуданд, занони аз 21 то 35-сола буданд.

Масъулин мегӯянд, ки қурбониёни хушунат танҳо пас аз он ки натавонистанд дар шароити хона вазъи худро беҳ намоянд, ба бемористонҳо мераванд.

Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон, ҳар рӯз ҳадди ақал ду шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад. Аммо на ҳамеша заноне, ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ваё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки гапи хона набояд ба берун барояд. Вале гоҳе чунин пинҳонкорӣ бо фоҷиа меанҷомад.

Зӯроварӣ як сабаби асосии худкушиҳо

Дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар кишвар 440 нафар ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафари онҳо зан ва тақрибан чиҳил тани дигар духтарони ноболиғ ҳастанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазъи бади иҷтимоӣ ба зиндагии худ хотима додаанд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки таъсиси чунин утоқҳо метавонад мизони худкушии занонро коҳиш диҳад, чун занон дар сурати надоштани ҷойи рафтан ва имкони ором кардани асабонияти худ, баъди хушунату зӯроварӣ ба ҷони худ қасд мекардаанд. Албатта агар ба гуфтаи таҳлилгарон, ин утоқҳо барои намоиш ва ҳисоботи масъулин таъсис нашуда бошад.

Роҳандозии ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои қурбониёни зуроварии хонаводагӣ барои амалисозии қонуни махсуси ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмони Human Rights Watch мегӯяд, ин қонун ки соли 2013 қабул шудааст, ҳанӯз ҳам пурра кор намекунад.

XS
SM
MD
LG