Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд. ВИДЕО


Пайваста бо эҳсоси тарсу ҳарос зиндагӣ кардан, хоси дастикам 40 дар сади занони тоҷик будааст.

Ҳар қадами Дилороми 40-сола таҳти назорат аст. Телефонаш бояд ягон лаҳза хомӯш набошад, сари вақт ба занг ҷавоб диҳад ва бидуни иҷоза ҷое наравад. Агар мабодо дар соати муайянкардаи шавҳар ба хона нарасид, тарс вуҷудашро фаро мегирад.

“Ҷое бароям агар ҳатман мепурсам, мегӯяд зуд биё, агар ҳолате пеш омаду дертар кардам, мегӯяд дуруғ гуфтӣ. Дигар ҷо рафтӣ, духтур ё хонаи очаат набудӣ. Ман дар куҷое бошам, тарсида, давида-давида то хона меоям. Чанд бор қариб мошин дар роҳ маро мезад” -мегӯяд, ӯ.

Мегӯяд дуруғ гуфтӣ. Дигар ҷо рафтӣ, духтур ё хонаи очаат набудӣ. Ман дар куҷое бошам, тарсида, давида-давида то хона меоям.

Сабаби аслии тарси Дилором на латукӯб, балки таҳдиди талоқи шавҳар аст. Дилором аз хонавайрон шудан метарсад. Барои ҳамин ӯ ахиран барои машварат ба як созмони кор бо занон муроҷиат кард. Мегӯяд, зиндагӣ бо тарсу ҳарос ва фишорҳо ба сиҳатиаш беасар намонд.

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

“Ҳар рӯз гиря мекунам. Ҳар лаҳза фикр мекунӣ, кӣ ҳозир як гап гӯям ҷанг мекунад, чӣ кор кунам, ки ба ман бовар кунад. Сиҳатиам ҳам хуб нест, духтур мегӯяд, зиёд асабӣ нашавам, вале ҳар дақиқа ман асабӣ мешавам. Пайваста мегӯяд, ту телефонатро махсус куштӣ, ту куҷое бо касе гап мезанӣ. Бовар намекунад ба ман” - гуфт, Дилором.

Зуҳуроти тарснок. Тарс аз ҳамдами худ

Аз даҳ 9 нафар ё 90 дар сади занони шавҳардор дар Тоҷикистон мисли Дилором гоҳо ё пайваста аз ҳамсарони худ метарсанд. Ин натиҷаи як пурсиши Оҷонсии омор ва созмонҳои байналмилаллӣ аст, ки муайян кардааст, 39 дар сади занон пайваста ва 51 дарсад гоҳҳо дар ҳолати тарсу ҳарос аз шавҳарони худ қарор доранд.

Ин пурсиш, ки дар доираи таҳқиқоти тибби демографӣ анҷом шуд, 8 ҳазор хонавода аз ҷумла 10 ҳазор занони аз 15 то 49-соларо фаро гирифтааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мавзӯи тарсу ҳароси занон дар бахши хушунати хонаводагии ин пажуҳиши фарогир, дарҷ шудааст ва аксар заноне, ки аз шавҳарони худ метарсанд, гуфтаанд, ҳар амалии оддии онҳо метавонад боиси рашку ғазаби шавҳар мешавад.

Равуои онҳо бо дугонаҳо ҳам шавҳарон хуш надоранд ва аксар ҳолат онҳоро ба бевафоӣ, ё хиёнат муттаҳам мекунанд.

Дарси тарс аз кӯдакӣ

Мадина Низомова, ҳуқуқушиноси созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ” мегӯяд, маъмулан тарс ба дили духтарон ҳанӯз аз хонаи падару модар ва аз хурдсолӣ ҷой карда мешавад ва ин эҳсос ӯро тамоми зиндагӣ думболагир асту дар хонаи шавҳар бештар мешавад.

“Вай аз бародар ва аз падари худ аллакай ҳарос дорад. Дар хонаи шавҳар ин тарс мештар мешавад. Тарси нахусти занон ин аст, ки падару модарро бадном накунем, тарси дигар ин аст, ки агар шавҳарам маро талоқ диҳад куҷо меравам? Тарси дигар ин аст, ки ҷоме маро чӣ тавр қабул мекунад" - меафзояд Мадина Низомова.

Талоқу таҳқир ва лату куб аз омилҳои аслии тарси занон аз шавҳаронашон гуфта мешавад. Беш аз 30 дар сади занон мавриди хушунати ҷисмониву шаҳвонии шавҳарони худ қарор мегирифтаанд.

Талоқ, таҳдид латукӯб барангезандаҳои тарс

Як пажуҳиши созмони Алерт Интернешнл ҳам мегӯяд, шавҳарон бо кӯфтан, шаппотӣ задан, ҳақорату паст задан, беобрӯ кардан ва таҳдид ба талоқу назорати занони худ, мехоҳанд занонро тарбия ва зери итоати худ қарор диҳанд.

Фарзона Шарифзода, равоншиноси тоҷик мегӯяд, таҳти назорати пайваста қарор доштану бо эҳсоси тарс зистан, занонро дар ниҳоят ба ҳолати афсурдагӣ расонида, ба равони зан осеби ҷиддӣ мерасонад.

“Барои чӣ дар оила нофаҳмӣ сар мезанад? Яке аз сабабҳо дар ҳолати стресс қарор доштан аст. Решаашро бубинем агар, сабаби аслӣ тарс аст. Як шахс ба шахси дигар тарсу фишорро раво мебинад, тарс дар дили ӯ ҷой мегирад ва ҳолати равониаш бад мешавад" - афзуд ӯ.

Дигар ин ки чунин ҳолат ба авзои кудакон ва ояндаи онҳо низ таъсири бад мегузорад."Агар иродаи мустаҳкам надошта бошаду бар зидди тарсу фишор мубориза набарад ба афсурдаҳолӣ гирифтор мешавад. Ба кӯдакон дод мезанад. Ин ҳолат ба ондаи кӯдакон ҳам бетаъсир намемонад” - мегӯяд, равоншинос.

Маҳз ҳамин ҳарос аз шавҳар ва ҳам ҷомеа боис, шуда ки ба гуфтаи Фарзона аксар занон аз мушкили худ ва ҳатто зӯроварӣ дар хона ҷое шикоят намебаранд. Ҳатто заноне ҳам, ки аз ҳуқуқи худ огоҳанд, аз тарси лату куб шудан мушкилоти худро аз хона берун намебаранд.

Ба бовари ҷомеашиносон занон бо дарки ҳуқуқу ҷойгоҳи худ дар хонавода бояд тавонанд эҳсоси ҳаросро аз худ дур кунанд ва роҳи дурусти ба роҳ мондани муносибати солим дар хонаводаро пайдо намоянд.

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG