Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

101 гули Сурайё зидди хушунати занон дар Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС


Сурайёи Шуҷоат
Сурайёи Шуҷоат

“Беҳтарин силоҳи рафъи хушунат ва дилозории занон – як дона гул аст”, - мегӯяд журналисти шинохтаи тоҷик Сурайёи Шуҷоат. Ӯ рӯзи 5-уми декабр бо ҳамсараш – журналист Ҷумъаи Мирзо – дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба раҳгузарон якдонаӣ гул тақдим карданд, то онҳо ба хонаҳояшон рафта, дили модару хоҳар ва ҳамсарони худро ба даст биоранд.

Мо бо якдигар қаҳрӣ карда будем ва ҳоло ин гулро барои ӯ мебарам. Агар як тараф меҳрубонӣ кунад, тарафи дигар ҳам посухи мусбат хоҳад дод

Бастаи гули садбарг зидди хушунат

Сурайёи Шуҷоат мегӯяд, ин иқдомро бо умеде роҳандозӣ кард, ки битавонад зеҳни ҳадди ақал 101 марди тоҷикро дигар кунад ва онҳоро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо хушунати занон водор намояд. Ӯ рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин саҳми оилавии ӯ дар маъракаи “16 рӯзи мубориза бо хушунати занон” дар Тоҷикистон аст.

Ҳангоми тақдими ҳар дона садбарги навъи ҳолландӣ Сурайёи Шуҷоат ва ҳамсараш ба мардон мегуфтанд, изҳори муҳаббатро ба ҳамсари худ фаромӯш накунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

101 садбарги Сурайё зидди хушунати занон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Чаро садбарг?

Сурайёи Шуҷоат мегӯяд, фикри тақдими гул ба мардони раҳгузар тасодуфӣ нест ва дер боз дар сари ӯ мечархид: “Аввал бояд бигӯям, ки ин идея аз куҷо пайдо шуд. Номи модарам Сабдарг буд ва мо дар ҳавлӣ 12 гули сабдарг доштем, ки то зимистон мешукуфт. Модарам ин гулҳоро дӯст медошт. Вақте модарам 15 сол бемории бистарӣ буд, ҳамеша болои сараш гулҳои садбарг буданд. Вақте се соли пеш модарам аз дунё гузашт, ман мехостам ба хотири ӯ чунин як иқдомро роҳандозӣ кунам ва ин имкон танҳо имрӯз ба ман фароҳам шуд”.

Сурайёи Шуҷоат ва ҳамсараш ба раҳгузарони ношинос гулеро тақдим кард, ки чандон арзон нестанд. Дар бозор қимати чунин гул ҳудудан 20 сомонӣ ва дастаи 101 дона гул дар маҷмӯъ беш аз 200 долларо ташкил медиҳад. Вале ӯ мегӯяд, барояш ин муҳим нест, муҳим ин аст, ки битавонад ба ҳайси як сокини Тоҷикистон саҳми худро дар беҳбуди муҳити хонаводагии даҳҳо зани тоҷик гузорад.

Имтиҳони муносибати мардони тоҷик ба занон

Тақдими садбаргҳои сурх барои Сурайёи Шуҷоат як имтиҳон ҳам буд – имтиҳони муносибати мардони тоҷик ба занҳои хонаи худ. Ӯ гуфт, дар давоми тақрибан як соате, ки онҳо бо раҳгузарҳо дар тамос буданд, шоҳиди он шуд, ки на ҳама мардон омода буданд, гули бепул вале пур аз пайғомро бо худ ба хона бубаранд. Ӯ мегӯяд, аз ин таҷриба дарк кард, ки тақдими гул ба бонувони хонавода ҳанӯз ҳам ба як фарҳанг табдил нашудааст.

Хушбахтона, ба гуфтаи Сурайё Шуҷоат, шумори мардону ҷавонписароне, ки аз ин иқдоми онҳо пуштибонӣ карданд, бештар буд. Онҳое, ки ба гирифтани як дона садбарг розӣ мешуданд, ҳатман аз ӯ суол мекарданд, ки чаро даст ба ин иқдом зад. Хонум Шуҷоат кӯтоҳ посух медод, ки “ба зан, модар ва дӯстдухтари худ ин гулро тақдим кунед ва танҳо бигӯед ки “дустат дорам! Баъд бубинед як дона садбарг чӣ гуна дар оила хушбахтӣ меорад”.

"Шояд рафтори инсонҳоро дигар накунад, вале шодӣ мебахшад"

Дар баробари мардони тоҷик, ба хориҷиён ҳам ки дар хиёбонҳо гаштугузор доштанд, гул ҳадя шуд. Зоир Бобоназар, донишҷӯи афғоне, ки дар Душанбе таҳсил мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳандозии чунин иқдом дар Афғонистон ҳам хеле натиҷаи хуб медод. Ӯ мегӯяд, як гул рамзи сулҳу муҳаббат аст ва метавонад боис ба хатми хушунату даъво шавад.

Марди дигаре, ки бо хурсандӣ садбаргеро аз дасти журналист гирифт, гуфт, ҳарчанд як гул наметавонад хулқу рафтори инсонҳоро тағйир диҳад, ҳадди ақал метавонад дили модар, ҳамсар ва хоҳарро шод кунад.

Ҷавоне, ки худро Исо муаррифӣ кард, гуфт, ин гулро барои оштӣ кардан бо дӯстдухтараш мебарад: "Мо бо якдигар қаҳрӣ карда будем. Ҳоло инро барои ӯ мебарам. Агар меҳрубониву бахшиш аз як тараф бошад, ҷониби дигар ҳам ҳатман ин корро мекунад."

"Агар имкон медоштам, садҳо гул ҳадя медодам"

Ин зани журналист мегӯяд, агар имкону тавоноии зиёдтар медошт, ҳатман барои таблиғи тақдими гул садҳо чунин иқдомро низ пиёда мекард ва бо ин роҳ баҳонаеро барои барҳам додани хушунати хонаводагӣ фароҳам месохт. Ӯ мегуяд таблиғи фарҳанги тақдими гул аз сӯи мардон ба занону модарон метавонад таваҷҷуҳи садҳо нафари дигарро ҷалб кунад ва кумаке дар боло бурдани фарҳанги оиладорӣ миёни зану шавҳар бошад.

Ҷумъаи Мирзо, ки 33 сол аст бо Сурайёи Шуҷоат зиндагӣ мекунад, бо ифтихор гуфт, ҳамеша ба ҳамсараш гул туҳфа кардааст ва ба ҳамин хотир ҳам дар ин рӯз дар канори хонумаш ба бегонагон ин одати худро талқин мекард. Ӯ гуфт, таҷрибаи зиндагии ӯ ин аст, ки як гул метавонад деворҳои сахту сангини пеши роҳи зиндагии хушбахту пур аз меҳрро бишканад.

XS
SM
MD
LG