Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси UNDP дар Тоҷикистон: "Бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст" ВИДЕО


Пратибҳа Метҳа
Пратибҳа Метҳа

Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо занонро ҷиноят хонд. Ӯ дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "касе занонро азият мекунад, бояд ҷазои сазовор бигирад".

  • Аз ин пеш Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, низ дар паёме аз давлати Тоҷикистон хоста буд, дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ”-ро пеша кунад. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳукумат ин зуҳуротро нодида намегирад.
Дар баъзе аз кишварҳо ҷунбишҳои мардумӣ шуруъ шудааст ва занон якҷо садо баланд мекунанд. Бисёр хуб аст, ки онҳо садо баланд мекунанд. Агар нафаре ҷиноят ё рафтори ноҷо карда бошад, бояд бидонад, ки подоши онро мепардозад.

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон моҳҳои охир мубориза зидди озору азияти ҷинсиро сахттар карданд ва дар як нишасти Вазорати умури дохилӣ маҳз ҳамин масъала баррасӣ шуд. Назари Шумо ба тадбирҳои мақомоти тоҷик чӣ гуна аст?

Пратипҳа Метҳа: Азияту озори ҷинсӣ дар ҳеҷ ҷой қобили қабул нест, на дар хона ва на дар маконҳои умумӣ ба мисли кӯча, мағоза ё ҷойи кор. Онро набояд дар ҳеҷ макон таҳаммул кард. Мо ташаббуси ҳукуматро, ки азияту озори ҷинсиро на танҳо дар кӯчаҳо, балки ҳама ҷо зери назорат гирифтааст, бисёр истиқбол мекунем. Ба фикри ман, ин як қадами бисёр муҳим аст. Бисёр умед дорем, дар баробари тадбирҳое, ки ҳукумат барои расидагӣ ба ин мушкил меандешад, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи ин масъала ҳам як бахши он мешавад. Муҳим аст, ки ҳукумат муроқиби ин масъала бошад, нақши пулис ва риояи қонуну тартибот бисёр муҳим аст. Муҳимтар аз ин, огоҳии ҷомеа аст, ки бояд аз ҳар навъи азияту озори занон пешгирӣ шавад. Бояд огоҳии писарон, наврасон ва ҷавонон боло бардошта шавад. Мо умед дорем, ташаббусҳои ҳукумат, инчунин, дар иҷрои Қонун дар бораи пешгирӣ бо зӯроварӣ дар оила мусоидат мекунад. Азияту озор бояд дар тамоми ҷой хотима дода шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раиси UNDP: "Бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Радиои Озодӣ: Шояд хабардор бошед, ки мақомоти Тоҷикистон чанд нафарро барои азияту озори занон ҷазо доданд. Ба назари Шумо, ин тадбирҳо дар маҳви ин зуҳурот кумак мекунанд?

Пратипҳа Метҳа: Хушунат бар зидди зан ҷиноят аст ва касе ҷиноят карда бошад, бояд ҷазо бигирад. Ҷазо яке аз бахшҳои расидагӣ ба ин масъала аст. Ин корро метавон ҳамроҳ бо ҷавонону духтарон анҷом дод, то мушкилиро беҳтар дарк кунанд. Чунки вақте духтарону писарон вақте муошират мекунанд, бисёре аз ҷавонону писарон фикр мекунанд, ки рафторашон оддӣ аст, шеваи муносибату рафторашон ба духтарон оддӣ аст. Онҳо фикр мекунанд, табъиз, задану озор додани духтарон дар кӯчаҳо як чизи оддӣ аст. Фикр мекунанд, ки рафторашон оддӣ аст. Дар ин ҳолат ҷомеа ҳам фикр мекунад, ин як чизи оддӣ аст. Мо бояд инро бигӯем, ки чунин рафтор оддӣ нест, балки зишт аст. Задани духтарон, табъизи онҳо рафтори бисёр нодуруст аст. Барои аз байн бурдани ин, огоҳӣ ва тарбия лозим аст. Зарур аст, ки кӯдаконро аз хурдӣ ба шеваи дигар тарбия кунем. Барои аз байн бурдани ин зуҳурот андешидани чораҳои гуногун лозим аст. Дар баъзе аз кишварҳо ҷунбишҳои мардумӣ шуруъ шудааст ва занон якҷо садо баланд мекунанд. Бисёр хуб аст, ки онҳо садо баланд мекунанд. Агар нафаре ҷиноят ё рафтори ноҷо карда бошад, бояд бидонад, ки подоши онро мепардозад.

Радиои Озодӣ: Оё шумо шахсеро, ки ба духтар ё зан дар Тоҷикистон зӯроварӣ мекард, вохӯрда будед, яъне шоҳиди чунин ҳодисаи нангин шудаед?

Пратипҳа Метҳа: Бояд эътироф кунам, ки барои ман душвор аст, чун забонро намефаҳмам ва барои ҳамин намедонам, ки вақте занҳо дар хиёбонҳо мераванд, ба онҳо чӣ гаппартоӣ мекунанд. Вале аз бисёриҳо шунидаам, ки чунин рафтор ҷой дорад. Чизи ғайримаъмул нест, чунин рафтор дар донишгоҳҳо ё ҳангоми аз кӯчаҳо гузаштани занҳову духтарҳо сурат мегирад. Ин рафторест, ки занҳоро нороҳат мекунад, Зан вақте ҷое меравад, бояд худро озод эҳсос кунад. Вай набояд нороҳат бошад, онгуна, ки ҳаст, бояд бошад.

Радиои Озодӣ: Мо дар бораи парвандаи духтаре навишта будем, ки дар кӯча мавриди зӯроварӣ қарор гирифтааст. Гунаҳкорро ҷазо доданд. Аммо баъдан ин духтар зери фишори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бадгӯиҳо аз мо хоҳиш кард, то он қиссаро бардорем. Ӯ гуфт, “ҳеҷ гоҳ дигар шикоят нахоҳам кард, бигзор онҳо ҳар чӣ мехоҳанд, кардан гиранд”. Агар Шумо бо ин духтарак имкони сӯҳбат медоштед, чӣ мегуфтед?

Пратипҳа Метҳа: Қаблан аз ҳама мехоҳам, ӯро табрик кунам, ки ошкоро дар ин бора сухан кард. Барои ин кор ҷасорат ва тавоноӣ лозим аст. Барои ҷасорату иродааш табрик мегуям. Ман аз ин зан барои қаҳрамониаш ҳимоят мекунам, зеро ӯ аз ҷумлаи маҳдуд нафароне аст, ки дар ин бора ошкоро сухан кард. Зеро, ҳар боре, ки мо ин масъаларо дар миён мегузорем, мо мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегирем. Ҳар коре ки бори аввал сурат мегирад, аввал дуруст дарк намешавад ва мавриди интиқод қарор мегирад. Бахусус дар ҳамин масъала мавриди вокуниши манфӣ қарор мегирад, чунки ҷомеа озору азияти ҷинсиро мушкилӣ намеҳисобад. Аммо ӯ набояд хомӯширо пеша кунад. Ҳатто, агар вокуниши ҷомеа манфӣ бошад ҳам, ин зан набояд аз тасмимаш ақиб гардад. Расонаҳо низ бояд дар паҳлӯи вай бошанд ва дар бораи чунин бадрафториҳо бештар матлаб нашр кунанд. Ба занҳо минбаре бидиҳанд, ки онҳо дар бораи бадрафтории мардҳо садо баланд кунанд. Баъзан ҳатто матбуот ақибнишинӣ мекунад, зеро ҷомеа бар зидди он меравад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар матраҳ кардани ин масъала нақши хуб иҷро карданд ва мо умед дорам ин раванд идома мекунад.

XS
SM
MD
LG