Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҷазо барои "таҷовузи заношӯӣ" дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои “таҷовузи заношӯӣ” ва дигар навъҳои бадрафторӣ ва зӯроварӣ ба занҳо ҷазо таъйин кунад.

  • Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузорише, ки Созмони Милали Муттаҳид онро ба зудӣ баррасӣ мекунад, гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба зан қонун бояд "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва Кодекси ҷиноиро ислоҳ кунад, то онҳое, ки ба занону духтарон дар хонавода ҷабру зулм мекунанд, ҷазои сазовор бигиранд.
Ҳамон лаҳза ба шавҳарам занг зад ва гуфт, ки инҷо ҳастам. Ва аз ман хост, ки рост ба хона равам, ҳама чиз хуб мешавад.

Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, рӯзи 15-уми октябр нашр шуд. Дар гузориш достонҳои занони тоҷике гирдоварӣ шудааст, ки аз шавҳарону хешовандонашон ҷабру ситам дидаанд, вале ҳеҷ кас дар мақомоти интизомӣ ба додашон нарасидааст.

Гузоришро бар асоси суҳбат бо занони дучори хушунатшуда, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомоти интизомӣ омода ва моҳи сентябри имсол такмил кардаанд.

Муроҷиат бо сару рӯи хунолуд ба додситонӣ

Зебо яке аз мусоҳибони Ҳюман Райтс Вотч, достони талхи зиндагиаш ва беэътиноии мақомотро ба зӯроварӣ дар хонавода дар Тоҷикистон нақл кардааст.

"Рӯзе баъди латту кӯби бераҳмонаи шавҳарам бо сару рӯи хунолуд ва захмҳои тоза барои шикоят ба додситонии Шаҳритус рафтам. Вақте ҳодисаро нақл кардам, муфаттиш гуфт, худат гунаҳкор нестӣ. Мо чӣ гуна шикояти туро қабул мекунем. Ҳамон лаҳза ба шавҳарам занг зад ва гуфт, ки инҷо ҳастам ва аз ман хост, рост ба хона равам, ҳама чӣ хуб мешавад."

Зебо гуфтааст, ки баъд аз чаҳор соли табъизу зӯроварӣ ва таҷовузи шавҳараш ба дари додситонӣ рафта ва чунин посух гирифтааст. Ба гуфтаи Зебо, баъди тарки додситонӣ ба дари додгоҳи Шаҳритус рафтааст ва дар онҷо ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки “рост ба хона баргардад”, чун масъалаи хонаводагӣ аст ва касе ба он дахолат карда наметавонад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, дар Тоҷикистон мисли Зебо занони зиёде чунин зиндагии талх доранд. Теъдоди заноне, ки аз хушунату зӯроварӣ дар хона ранҷ мекашанд, маълум нест, зеро ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ин масъаларо муназзам назорат намекунад. Созмони мазкур бо такя ба гуфтаи мусоҳибонаш дар ниҳодҳои ҳукуматӣ, вакилони мудофеъ ва намояндагони марказҳои кумак ба занон дар Тоҷикистон навиштааст, занон дар ҳар саввумин хонавода хушунат мебинанд.

"Агар шуморо зада бошад, гирифта ба назди милиса оред"

Худи занон ва вакилони мудофеъ гуфтаанд, мақомоти интизомии Тоҷикистон аксар вақт аз таҳқиқи мавридҳои зӯроварӣ худдорӣ мекунанд, ҳатто агар гунаҳкор қасди куштани зан доштааст, ӯро бераҳмона латту кӯб ва пайваста таҷовуз кардааст. Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, агар чунин ҳодисаҳо дар рустоҳои дурдасти Тоҷикистон сурат бигирад, маъмурони милиса ба ҷабрдидагон мегуфтаанд, ки “гунаҳкорро худашон ба шӯъбаи умури дохилӣ биёранд”.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар воқеият дорад ва масъалаи зӯроварӣ дар оила ҳамчунон доғ боқӣ мемонад. Масалан, фақат ба як созмони ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Истаравшан дар камтар аз 2 соли гузашта бештар аз якуним ҳазор нафар шикоят кардаанд ва садҳо нафари онҳо барои он муроҷиат кардаанд, ки шавҳар ва ё хушдоман онҳоро азоб медиҳад.

“Дар соли 2017 ба ҳуқуқшиносони мо 600 нафар ва ба равоншиносони мо 400 нафар муроҷиат кардаанд. Дар 9 моҳи соли 2018 ба ҳуқуқшиносон 355 ва ба равоншиносон 202 нафар муроҷиат кардаанд", – гуфт Бахтиёр Насруллоев, раиси созмони “Занон зидди зӯроварӣ” рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Ба гуфтаи ӯ, шикояти занон асосан на аз дасти бегонагон, балки худи аъзои хонавода аст. Бахтиёр Насруллоев афзуд, занон бештар аз дасти аъзои хонаводаи шавҳар шикоят мекунанд, “аз дасти хушдоман, худи шавҳар, амакаш, мисол хоҳарони шавҳар, вале бештар аз дасти шавҳар.”

Мезананд ва аз хона пеш мекунанд

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мезананд, аз хона пеш мекунанд, зӯроварии маънавӣ, ҳақорату таҳқир мекунанд. Дар ҳамин масъалаҳо бештар шикоят мекунанд.”

Ба қавли ӯ, баъзе аз занон аз таҷовузи ҷинсӣ шикоят мекунанд ваё худи равоншиносон онро ҳангоми суҳбат мефаҳманд, вале "бисёре аз заноне, ки таҷовуз шудаанд, аз тарси бадномӣ, онро пинҳон медоранд."

Моҳираро шавҳараш дар назди ду кӯдакаш бераҳмона кушт.
Моҳираро шавҳараш дар назди ду кӯдакаш бераҳмона кушт.

Дидбони Ҳуқуқи Башар айни замон мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои маҳви зӯроварӣ ба зан пешрафт кардааст ва қабули Қонун дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода яке аз ин пешрафтҳост. Боло рафтани огаҳии мардум доир ба масъала, ҷалби созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ барои аз байн бурдани ин зуҳурот баёнгари он аст, ки ҳукумат, саъй мекунад, аммо на ба ҳадди кофӣ.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Қонун дар бораи пешгирӣ аз хонавода, ки соли 2013 қабул шуд, барои гунаҳкорон фақат ҷарима пешбинӣ кардааст, ки ҷазои сабук аст ва барои он бояд ҷазои сахт таъйин кард. Бар асоси ин қонун зӯроварӣ ҷиноят ҳисоб намешавад ва ҷазо барои он маъмурист. Дигар инки қонун онҳоеро, ки фақат бо никоҳи мусулмонӣ издивоҷ кардаанд ва ё аз шавҳар ҷудо шудаанд, ҳимоят намекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки зӯроварӣ дар хонаводаро ҷиддӣ мегиранд ва барномаҳои зиёде барои маҳви он қабул кардаанд. Яке аз онҳо Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 аст, ки иҷрояш идома дорад.

Барои боло бурдани огаҳии мардум дар бораи зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон беш 100 маркази машваратӣ ва ҳуқуқӣ таъсис додаанд ва танҳо дар соли 2016 ба онҳо беш аз 20 ҳазор зан ва баробар ба аҳолии як ноҳия муроҷиат кардаанд. Даҳҳо мардро ҳам барои латукӯб ва ё бераҳмӣ нисбат ба зан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Кор беҳтар шудааст, чун ба манфиаташон аст

Ба қавли Бахтиёр Насруллоев, дар воқеъ, кори мақомоти давлатӣ дар ин самт дар муқоиса бо солҳои қаблӣ беҳтар шудааст, чун аз онҳо талаб мешавад, ки бигӯянд, барои иҷрои Қонун дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила чӣ кор кардаанд. “Баъди қабули ин қонун, мақомоти интизомӣ ҳам милитсия ва ҳам прокуратура доир ба муроҷиати шаҳрвандон бояд омор ва ҳисобот диҳанд. Бинобар ин, манфиатдоранд ва ин масъалаҳоро нодида намегиранд. Ба мо муроҷиат мекунанд ва ё назди мо мефиристоданд ва мо якҷоя ин масъалаҳоро мебинем”, – гуфт Бахтиёр Насруллоев.

Мусоҳиби мо ки худаш вакили мудофеъ аст, мегӯяд, дар муқоиса ба 8-10 соли пеш, ки мақомот ҳеҷ шикояти зӯроварӣ дар хонаводаро қабул намекарданд, ҳоло вазъ комилан дигар шудааст.

Зимнан рӯзи 31-уми октябр ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Женева дар нишасти Кумитаи маҳви тамоми анвои табъизи Созмони Милали Муттаҳид ба зидди занон ширкат мекунад ва мегӯяд, ки чӣ коре барои решакан кардани зӯроварӣ дар кишвар анҷом додааст.

Зуҳуроте, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳанӯз ҳам дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон дар байни ҳама табақа вуҷуд дорад ва мисли Зебо, сокини Шаҳритус ҳар рӯз даҳҳо зану ҷабру ситам мебинанд.

XS
SM
MD
LG