Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ зери сақфи масҷид. Келинҳо хусуру "хушдоман"-ро аз хона ронданд


Марди нафақахӯре, ки баъди издивоҷи дуюм ва фарзанддор шудан аз хонаи худ ронда шуд, ҳоло зери боми як масҷиди собиқ ба сар мебарад.

Моҷаро аз куҷо сар шуд?

Моҷаро дар хонаи Маҳмадюсуф Назарови 64-сола, як сокини бознишастаи деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон баъди он сар шуд, ки дар пайи марги ҳамсари аввал, дигарбора издивоҷ кард ва ҳамсарони писарҳои калонӣ дигар ҳамзистӣ бо оилаи ҷавони падарарӯсро таҳаммул накарданд.

Дар гузашта дар бархе манотиқи Тоҷикистон мақомот масҷидҳои "ғайриқонунӣ"-ро ба сарпаноҳи қишри бебизоати мардум табдил доданд.

Маҳмадюсуф Назаров панҷ соли пеш баъди марги ҳамсари аввалаш тасмим гирифт, ки издивоҷ кунад. Бо ҳамсари 35-солааш соҳиби ду фарзанд шуданд - яке чор ва дигаре яксола. Вале писарҳову ҳамсаронашон бо далели ин, ки хона барои ҳамаи онҳо танг шудааст, падару оилаашро аз хона берун карданд.

Мард барои гирифтани порчаи замин муроҷиат кард, вале бо тасмими мақомот, оилаи чорнафариро дар масҷиди маҳаллӣ ҷой карданд. Маҳмадюсуф Назаров мегӯяд: "Шароит набуд. Ду келин дар як хона. Дигар ҷой набуд ва шароити замингирӣ ҳам надоштем. Маро мақомот ҳамчун як ниёзманд ба масҷид оварда, гуфтанд, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунам. Барои келинҳо хонаи бехусур хуб аст. Мо ҳам дар масҷид зиндагӣ мекунем, бад нест".

Зиндагии Назаровҳо фақирона мегузарад -- ӯ дар ҷое расман кор намекунад, нафақаи бознишастагӣ дар ҳаҷми 214 сомонӣ барои зиндагии чаҳорнафараи онҳо танҳо даромад асту бас. Ӯ мегӯяд, замоне, ки дар хонаи худ ва бо оилаи пешинааш зиндагӣ мекард, ҳама чиз хуб буд.

Хонаро дар ҷавонӣ бунёд карда, ба ҳамин ҷо ҳам барои ду писар келин овард. Вале баъди сари ҳамсараш ва барпо кардани оилаи нав, ба гуфтааш, келинҳо дигар зиндагии муштарак бо оилаи нави ӯро қабул накарданд. Мегӯяд, ҳамеша сари фарзандони хурдсолаш даъво мешуд ва ниҳоят онҳо пушти дар шуданд. Ҷангу даъво баъди он авҷ гирифт, ки шумори аъзои ин хонавода дар ҳудуди 10 сотих замин ба 17 нафар расид.

"Дар хонаи Худо аст ӯ, хонаи худаш нест ҳоло"

Келинҳои Маҳмадюсуф Назаров намехоҳанд бо матбуот дар ин бора сӯҳбат кунанд. Танҳо яке аз писарҳо - Фатҳиддин Назаров иқрор шуд, ки ҷангу даъво дар хонаи падар аз ҳад зиёд шуд. "Хайр, барои замин ариза навиштанд, ки фоида накард. Худи мо - чаҳор фарзанд, ду келин, мо ҳам фарзанд дорем. Дар як хона се оила зиндагӣ мекунем. Кӯдакҳо ҷанг мекунанд, баъд муносибатҳо бад мешавад. Хайр, ҳоло падарам дар масҷид аст. Зиндагиаш хуб нест, дар хонаи Худо аст ӯ, хонаи худаш нест ҳоло."

Худойназар Азимов, раиси маҳалаи Сарбанд, ки аз даъвоҳои хонаводаи Назаровҳо огоҳ аст, гуфт, ба хотири ин, ки ин марди пиронсол дар кӯча намонад, мақомот тасмим гирифтанд, барои ӯву оилааш дар масҷиди деҳа ҷой диҳанд.

Вай гуфт, азбаски масҷиди деҳа мақом ва санадҳои расмӣ надорад ва намозгузорӣ дар ин ҷо расман иҷозат нест, тасмим шуд онҳоро дар зери боми ин макон ҷой диҳанд. Айни замон, бо сабаби набуди масҷид дар ин деҳа, боз ҳам бархе сокинон барои адои намоз ба ҳамин ҷо меоянд. Назаров иқрор мешавад, ки оилаи онҳо ҷои намозгузоронро танг кардааст.

Масҷидҳои "ғайриқонунӣ" -- паноҳгоҳи хонаводаи бесарпаноҳ

Зимнан, мақомот дар ҳадди аққал ду ноҳияи - Хуросону Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар чанд соли охир 30 хонаводаи ниёзмандро дар зери боми масҷидҳои ғайрирасмӣ ҷой карданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти масҷидҳои бидуни муҷаввиз иҷозат нест ва бисёр маконҳое, ки бо ташаббуси сокинони деҳу рустоҳо барои намозгузорӣ бунёд шуда буд, баста ва холӣ шуданд.

​Дар бархе манотиқи Тоҷикистон мақомот аз ин ҳолат истифода карда, масҷидҳои собиқро ба сарпаноҳи қишри бебизоати мардум табдил доданд. Бархе мегӯянд, ки ин тадбир боиси коҳиши таниш ё хушунат дар ин хонаводаҳо шудааст.

Амонҷон Муҳиддинов, як сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, ин тасмим метавонад мушкили хонаводаҳои дучори мушкилро муваққатан ҳал кунад. Ӯ гуфт: "Хушунат, зӯроварӣ ва моҷароҳое, ки ба ҷинояткорӣ ё қатлу хунрезӣ мерасонад, гоҳо бо сабаби баҳси хона ва манзил аст. Вале агар мақомот талош мекунанд, ки бо ҷой додани ин мардум дар масҷид ё ҷойиҳои дигар мушкил ҳал кунанд, хуб аст. Албатта, ин мушкил муваққатан бартараф мешавад".

Чандин хонаводаҳои дигар низ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар масҷидҳои "ғайриқонунӣ" ҷой дода шудаанд.
Чандин хонаводаҳои дигар низ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар масҷидҳои "ғайриқонунӣ" ҷой дода шудаанд.

Дар як ҳодисае, ки дар шаҳри Кӯлоб соли гузашта рух дод, тасмими мақомот барои ҷой кардани хонаводаи зани бебизоати гирифтори сил зери боми масҷиди собиқ, бо мухолифати сокинони маҳалла рӯбарӯ шуд.

Ин сокинон гуфтанд, ки барои бунёди масҷид ва истифодаи намозгузорон аз он пул ҷамъ карда буданд, вале дар ихтиёри як хонаводаи бебизоат додани ин муассиса, ки аз назари давлат ғайриқонунӣ аст, ҳуқуқи онҳоро пеши по мезанад.

"Дар масҷид ҷой кардани Назаров роҳи ҳалл нест"

Дар деҳаи Сарбанд ҳам бархе ба ин ақида ҳастанд, ки дар ихтиёри оилаи Назаровҳо вогузор кардани масҷиди собиқ роҳҳали масъала нест. Ислом, як марди сокини ин деҳ мегӯяд, ҳоло дар сурати даргузашти як ҳамдеҳае барои сокинони маҳаллӣ дар анҷоми маросими дафн маконе барои ҷаноза вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, манъ будани фаъолияти масҷид ва дар ихтиёри хонаводаи бебизоат гузоштани он ҳам дуруст нест.

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, омори дақиқи хушунати хонаводагӣ ва камбуди манзилро надоранд, аксари кулли аризаҳои ба унвонии ҳукуматҳои маҳаллӣ воридшаванда бо дархости соҳиб шудан ба порчаи замин ба хотири бунёди манзил мебошад.

Айни замон, дар Хатлон мақомот гузориш медиҳанд, ки 561 масҷид "самти фаъолияташро дигар кардааст". Тибқи маълумотҳои расмӣ, ҳамаи ин муассисаҳо бо қарори раисони шаҳру навоҳӣ ба китобхона, макони хаётӣ барои занон, бунгоҳҳои тиббӣ ваё утоқҳои кории раисони ҷамоатҳо табдил шудаанд.

XS
SM
MD
LG