Пайвандҳои дастрасӣ

"Таҷовуз карданд... ва гуфтанд, ки лаб во накун, мекушем"


Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор таҳқиқи ҳодисаи дастдарозии эҳтимолии ду ноболиғ ба номуси як духтари 7-соларо шурӯъ кардааст. Гумонбарон пас аз даҳ рӯз ба бозпурсии пулис даъват шудаанд.

  • Дар ин ҳодиса ду хонандаи мактаби рақами 26-и деҳаи Кончии шаҳри Ҳисор гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора ходимони пулиси Ҳисор рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

"Г.Ҷ" (ному насабаш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст), хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114-и ин деҳа, ба гуфтаи волидон, рӯзи 8-уми июн аз хонаи ҳамсоя, ки маъмулан барои бозӣ бо кӯдакон онҷо мерафт, нороҳат ва афсурдаҳол баргашт.

"Дар гулӯяш корд мондааст, ки чизе нагӯяд"

Волидони духтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, маълум шудааст, ки "ҳамсояписари 14-солаи онҳо Г.Ҷ-ро бо роҳи фиреб, яъне бо истифода аз фурсат ба дохили манзили худ бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Бо ин ҳол, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст."

Ниёзбону Ҷабборова, модаркалони “Г.Ҷ” 18-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, набераи хурдсолаш рӯзи фоҷеа -- ҷумъаи 8-уми июн аввал аз тарс ба онҳо чизе нагуфт, фақат баъди ворид шудан ба хона хоб кард. Фардои он рӯз кӯдак ба модар ва бибияш аз дарди зиёди бадан шикоят кард. Баъди пурсукоби зиёд бо шубҳаи таҷовуз шудан ӯро ба беморхона бурданд.

Бигзор нафари мутаҳам дар ин ҷиноят ҷазо гирад. Дар ҳоли нодида гирифтани ин ҳодисаи нангин ба мафкураи дигар ҷавонон таъсир хоҳад расонд

Ташхиси рӯзи 11-уми июн муайян кардааст, ки духтарак мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи кӯдак иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарҳои ҳамсояи рӯ ба рӯ "дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд", ки дар ин бора ба касе лаб накушояд.

"Модари писар вазъияти духтарро бо чашми худ дид"

"Вақте ҳолати кӯдак бад шуд, модараш пурсид, ки куҷояш дард мекунад. Гуфт, ки агар дар бораи ҳодисаи ба сараш омада чизе гӯяд, С.Р. ӯро мекушад. Вақте модараш маҷбур кард, ки гап занад, баъд гуфт, писари ҳамсоя ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Баъд модари ин писарро фарёд кардем, худаш вазъияти кӯдакро бо чашмони худ дид. Ҳоло ҳолаташ беҳтар аст. Дигар намедонам чӣ мешавад. Ҳамаашон барои бозпурсӣ ба шуъбаи милиса рафтанд", - нақл кард модаркалони духтар.

Идораи пулис.
Идораи пулис.

Ба гуфтаи модаркалон, соли гузашта баъди талоқ модари Г.Ҷ. ба хонаи волидон баргашт ва бо ду фарзандаш дар инҷо зиндагӣ мекунад.

Ниёзбону Ҷабборова гуфт: "Модараш ҳамон рӯз духтарашро гуфт, ки берун наравад, вале вай доим барои бозӣ ба хонаи ҳамсоя мерафт. Дигар мисли ҳарвақта аҳамият надодем. Аз куҷо медонистем, ки чунин ҳодиса рух медиҳад. Ё кадом модар мехоҳад, ки фарзандаш ба чунин ҳол гирифтор шавад. Вай ҳам барои бозӣ рафту баъд ин ҳодиса ба сараш омад", - нақл кард Ниёзбону Ҷабборова.

Ҳоло гумонбари аслии таҷовуз ба номуси ин кудаки 7-сола С.Р., сокини 14-солаи деҳаи Кончии Ҳисор ном бурда мешавад. Ҳарчанд мақомот як навраси 15-солаи дигарро ҳам дар ин ҷиноят шарик медонанд, ба гуфтаи ҳарду ҷониб, нафари дуввум Т.Р.-и 15-сола хонандаи дигари мактаби рақами 26 танҳо барои кумак ва ошкор накардани ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

Ҷониби муттаҳам хост, қазия "бузург" нашавад

Волидони С.Р. даст доштани фарзанди хонаводаро дар ин ҷиноят тасдиқ ё рад намекунанд ва мегӯянд талош доранд, ташхис инро дақиқ кунад. Юсуф Раҳимов, бародари С.Р. дар назди идораи пулис дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додараш ҳамроҳ бо модар барои бозпурсӣ даъват шуда, ҳоло аз натиҷаи он чизе гуфта наметавонад. Ба гуфтаи Юсуф, падараш дар муҳоҷират буда, тарбияи онҳо ба дӯши модар аст.

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ даст доштани додари ӯро дар ин кор мушахас накардааст, зеро духтари ноболиғ замоне ба бемористон интиқол ёфт, ки имкони муайян кардани нафари таҷовузкарда вуҷуд надошт". Аммо дар сӯҳбат бо бародари С.Р. маълум шуд, ки онҳо ба ҷониби волидони духтари хурдсол пешниҳоди кумак кардаанд, то ин қазияро бузург накунанд.

Дар ҳоле ки ҷонибҳои гумонбар ва ҳам ҷабрдида дар як ҷинояти номусӣ аз ошкор шудани ҷузъиёти ҳодиса шарм мекунанд, мақомот ва ҳам равоншиносон мегӯянд, ин мавқеъ комилан нодуруст аст ва фош шудани чунин ҳодисаҳо ба фоидаи ҳама аъзои ҷомеа мебошад.

"Мақомот мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд"

Ҳоло дар баробари ин се хонавода мақомот, масъулини мактаб ва маҳалларо ҳам барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Ҷамшед Азизов, раиси маҳаллаи Кончии ноҳияи Ҳисор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарду хонавода ҳам чандон доро нестанд ва зиндагияшон аз пули муҳоҷират пеш меравад.

Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст,

Ӯ гуфт ҳоло мақомоти тафтишотӣ талош дорад, "муйро аз хамир ҷудо кунад". Ба гуфтаи Азизов, "бигзор нафари мутаҳам дар ин ҷиноят ҷазо гирад, зеро дар ҳоли нодида гирифтани чунин ҳодисаи нангин ба мафкураи дигар ҷавонон таъсир хоҳад расонд".

Ин ҳодисаи пурсарусадо аҳолии деҳаро ба шӯр овардааст. Сокинони дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғ анҷом додааст, ҷазо гирад. Як мусоҳиби мо аз ин деҳа гуфт, дар рӯзҳои аввали рух додани ҳодиса, волидон ва мақомоти маҳаллӣ намехостанд қазия расонаӣ шавад, чунки онҳо ҳам барои содир шудани ин ҳодиса бояд ҷавобгар бошанд.

"Қазия набояд пӯшида бимонад"

Аммо Маҳмадраҷаб Шоев, раҳбари мактаби рақами 114, ки духтари ноболиғ дар онҷо таҳсил мекунад, гуфт, ҳеҷ гоҳ намехоҳад қазияи таҷовуз шудани як духтари ноболиғ пӯшида монад. Ӯ аз "Г.Ҷ." ба ҳайси як хонандаи фаъол ном бурда, гуфт, дар як соли таҳсили хуби ин духтари хурдсол ба волидонаш раҳматнома ирсол карда буд. Шоев гуфт, "ман вақте ҳодисаро шунидам, ба хонаводаи духтар рафтам, бо волидонаш суҳбат кардам. Гуфтам, маслиҳат кунеду равед ва ба милиса шикоят кунед"

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши қазия тоза шурӯъ шуда, ҳоло ду навраси гумонбар дар ин ҷиноят рӯзи 18-уми июн бозпурсӣ шуданд. Ҳардуи онҳо дар озодӣ мебошанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта", яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG