Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҳарамро таҷовуз карданд" Издивоҷи маҷбурӣ: Одат ё ҷиноят?


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон духтареро бо ҳадафи издивоҷи маҷбурӣ рабуданд ва ӯ пас аз таҷовуз шудан дар бемористон бистарӣ гардид. Азиза Абдурасулова, раиси Маркази ҳуқуқи инсони “Қилим шами”, мегӯяд, арӯсрабоӣ яке аз мушкили куҳнаи ҷомеаи Қирғизистон аст ва дар аксари ҳолат духтарон ҳатто шахсият ва исми ҳамсарони худро намедонанд.

Соати дуи шаб ба пулис ариза додем ва танҳо баъди ин тавонистем, ки бо хоҳарам телефонӣ суҳбат кунем.

Ойзодаи 20-сола, хоҳари духтаре, ки дар бемористон бистарист, гуфт, рӯзи 10-уми июн марде ӯро дар минтақаи наздик ба макони зисташон дар маҳаллаи Оқ-Ордаи шаҳри Бишкек дуздид ва ҳамроҳаш ба ноҳияи Ҷумъагули вилояти Норин бурд.

"Гириста гуфт, ки намехоҳад издивоҷ кунад"

Ойзода
Ойзода

Ӯ гуфт, "мо хонаи ҷавонеро ба иҷора гирифта, дар онҷо зиндагӣ мекардем. То замони рабудани хоҳарам ӯ се-чаҳор рӯз дар ҳамин хона зиндагӣ мекард. Рӯзи 10-уми июн хоҳари ин ҷавон аз хоҳари ман хост, ки дар интиқоли баъзе халтаҳо кумак кунад. Падарам дар хона буд ва мо дар кор. Хоҳари маро ба ноҳияи Ҷумъагул хоҳари он ҷавон бурд. Худи ҷавон дарсари чанбараки мошин будааст."

Ойзода гуфт, баъди ин хешовандони писар ба онҳо занг зада гуфтаанд, ки ба шаҳр ба хостгорӣ мераванд. "Мо розӣ нашудем ва онҳо тамоман бедарак шуданд. Соати дуи шаб ба пулис ариза додем ва танҳо баъди ин тавонистем, ки бо хоҳарам телефонӣ суҳбат кунем. Вай гириста гуфт, ки намехоҳад издивоҷ кунад", - нақл кард ӯ.

Аз духтар ном бурда намешавад. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳаждасола аст ва дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бишкек мехонад. Ба иттилои хешовандон, ӯ таҷовуз шуда, ҳоло дар яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкек табобат мегирад. Ойзода дар тасвири вазъи хоҳараш гуфт: "Рагҳои дасташ зер хӯрдаанд, дастонаш кандагӣ, ҳама ҷояш сурху кабуд шудааст. Мегӯяд, ки рагҳояш хеле дард мекунанд. Хоҳарамро таҷовуз кардааст. Бо ин вуҷуд, ки дар утоқи дигар волидони ҷавон менишастанд, касе ба ӯ кумак накард."

Мо талаб дорем, ки хешовандони ҷавон ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

"Як нафар боздошт шудааст"

Котиби матбуотии Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкек Одилбек Оморов гуфт, аз рӯи қазия бар асоси моддаи 55-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, яъне “рабудани зан бо ҳадафи издивоҷи маҷбурӣ” парванда боз шудааст. Илова ба ин, бар асоси натиҷаҳои ташхиси судию тиббӣ, қарор аст, аз рӯи иттиҳоми “таҷовуз ба номус” ҳам парванда боз шавад.

Оморов гуфт, аз рӯи ин қазия шаҳрванд А.Н., соли таваллудаш 1994 боздошт шуда, ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Қазияро шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ленин таҳқиқ мекунад.

Илова ба полис, хешовандони духтари ҷабрдида ба маркази ҳимоят аз ҳуқуқи инсони “Қилим шами” муроҷиат карданд. Азиза Абдурасулова, раиси ин созмон гуфт, аз мақомоти давлатӣ талаб мекунад, ки ин қазия одилона баррасӣ шавад.

Азиза Абдурасулова
Азиза Абдурасулова

“Аз рӯи ин ҳодиса танҳо як ҷавонро боздошт карданд. Вале ин қисса такрори сарнавишти Бурулай аст. Хоҳари ҷавон ҳам дар озодӣ аст. Онҳо боз ҳам аз соҳибони манзили иҷора вобаста шудаанд. Онҳо омаданду гуфтанд, ки хонаро холӣ кунанд. Парвандаи ҷиноӣ дар шаҳри Бишкек боз шудааст, вале худи ҷиноят дар ноҳияи Ҷумъагул рух додааст. Онҷо хонаи волидони ҷавон аст. Мо талаб дорем, ки хешовандони ҷавон ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, - гуфт Абдурасулова.

Сарнавишти Бурулай

Қазияи нав дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз марги духтари 20-солаи донишҷӯ се ҳафта ҳам нагузаштааст. Донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ Бурулай Турдаали-қизӣ рӯзи 27-уми майи имсол дар идораи пулиси ноҳияи Ҷайили вилояти Чуй кушта шуд. Ӯро бо ҳадафи издивоҷи маҷбурӣ дуздиданд. Вақте ӯву рабояндааш ба идораи пулис афтоданд, мард ба ӯ бо корд ҳамла кард. Аз рӯи ин қазия 23 ходими пулис муҷозот шуданд. Аз рӯи моддаи “саҳлангорӣ” тафтишот идома дорад.

Фоҷиаҳои ахир бори дигар доғ будани мушкили арӯсрабоиро дар Қирғизистон ба намоиш гузошт. Баъди куштори духтари донишҷӯ дар идораи пулис дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Қарокӯл намоишҳои эътирозии зидди арӯсрабоӣ баргузор шуд.

Дар давоми се соли охир беш аз 80 духтар ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қирғизистон барои бидуни хоҳиш ва бо ҳадафи арӯсӣ рабуда шудани худ шикоят карданд. Нигаронии фаъолони ҳуқуқи башар аз он аст, ки бисёр парвандаҳо то охир таҳқиқ намешаванд ва аслан то марҳилаи додгоҳӣ намерасанд.

"Нақзи ошкорои ҳуқуқи духтарон"

Фаъолон ин падидаро нақзи ошкорои ҳуқуқи занон арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, расми маъмул дар аҳди қадим бояд решакан шавад ва ҳама гуна издивоҷ бояд бо хоҳиши самимии духтарон барпо шавад.

Дар Қирғизистон шумори заноне, ки дар пайи арӯсрабоӣ оила барпо кардаанд, кам нест. Бархе бонувон мегӯянд, ҳарчанд аз ингуна сурат гирифтани сарнавишти худ омода нестанд, бо гузашти вақт ба шавҳари худ одат карда, зиндагии хушбахте доранд. Вале онҳое ҳам, ки аз зиндагии худ норозӣ буда, шавҳаронашонро мояи бадбахтӣ медонанд, кам нестанд.

Як зане, ки 30 соли пеш дар 19-солагӣ ва дар курсии дувуми донишгоҳ бо фиреби ҷавоне рабуда шуд, мегӯяд, дар ҷомеаи он давра чунин андешае буд, ки гӯё агар духтар хонаи рабояндаи худро тарк кунад, “бадбахт ва беобрӯ” мешавад. “Бо ҳамин андеша ҳам модари ман гуфт, ба баргардондани ту талош намекунам. Модоме ки чунин шуд, тақдират ҳамин будааст”, - гуфт модар.

Ин зан мегӯяд, дар ҳолатҳои монанд ба ин духтарон ночор мешаванд ба сарнавишти ояндаи худ ҷабр карда, зиндагӣ бо шахси дилнокашро идома диҳанд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG