Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Тоҷикистон озори ҷинсии занонро нодида намегирад"


Кӯчаи марказии шаҳри Душанбе
Кӯчаи марказии шаҳри Душанбе

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як паёме аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ”-ро пеша кунад. Гуттереш гуфтааст, созмон омода аст, ки дар ин замина ба Тоҷикистон кумак кунад.

Озору азияти ҷинсӣ аз тарафи ҳар кас ва дар ҳар ҷой ғайри қобили қабул ва нобахшиданӣ аст

Дар паёми расмии дабири кулли созмон, ки ба идораҳои СММ дар Тоҷикистон фиристодаанд, омадааст: “Озору азияти ҷинсӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде фарогир аст, ки онро як ҷузъи маъмулии зиндагӣ мешуморанд ва “масъалаи бузург намешуморанд”.

Дар ин паём аз рӯзи 3-юми сентябр гуфта мешавад, “муддати тӯлонӣ озори ҷинсиро (дар Тоҷикистон) пинҳон медоштанд ва онҳое, ки ҷасорати гуфтани онро доштанд, таҳдид мешуниданд. Барои ҳама маълум аст, ки аксари озордиҳандагон мардон ва аксари ҷабрдидаҳо зан ҳастанд.”

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милал, дидани тақсими нобаробари “қудрат дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ” дар Тоҷикистон ғамангез аст”.

Антонио Гуттереш
Антонио Гуттереш

Дар паём омадааст, 17 муассисаи тобеи Созмони Милал, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ҳеҷ гуна “озор ва табъизи ҷинсӣ”-ро дар ҷойи кор таҳаммул намекунанд ва Созмони Милал ба ин бовар аст, ки агар касе ба чунин муносибат дучор шудааст, бояд натарсад ва ошкоро масъаларо дар миён бигузорад.

Созмони Милал мегӯяд, Тоҷикистон мисли тамоми дигар кишварҳои дунё аҳд додааст, ки ба ҳаргуна зӯроварӣ ва табъиз нисбат ба занон то соли 2030 хотима медиҳад. Бар иловаи иҷрои барномаҳо барои баробарии ҳуқуқи зану мард, ба гуфтаи Созмони Милал, зарур аст, то дар Тоҷикистон ҳам занону ҳам мардон кӯшиш кунанд, ки бовару пешқазоватҳо нисбат ба зан дар хонаводаву ҷомеа ва ҷойи кор тағйир ёбад.

  • “Бояд фазое фароҳам шавад, ки ҷабрдидагон нотарсида ва бидуни бадном шудану танбеҳ гирифтан барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ шикоят кунанд ва итминон дошта бошанд, ки ҷавоби зуд ва одилона мегиранд.”

Созмони Милал гуфтааст, “мо давлати Тоҷикистонро ташвиқ мекунем ва омодаем ба он кумак расонем, то сиёсати сахтгирона ба зидди озори азияти ҷинсӣ дар ҳама ҷойҳои корӣ, дар маконҳои ҷамъиятиро пеш гирад.”

Дар паём аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, иқдомоте биандешад, ки дигар касе озору азияти ҷинсиро пинҳон надорад ва ҳар фарде, ба ин кор даст мезанад, ҷазо бигирад. Бар илова ҳукумат нишон бидиҳад, ки “озору азияти ҷинсӣ аз тарафи ҳар кас ва дар ҳар ҷой ғайри қобили қабул ва нобахшиданӣ аст”.

Паёми Созмони Милал ба давлати Тоҷикистон барои решакан кардани озору азияти ҷинсӣ тақрибан якуним моҳ баъд аз он нашр шуд, ки гуруҳе аз бонувони сокини Душанбе аз раиси шаҳр хостанд, барои пешгирӣ аз озору азияти ҷинсӣ ва лафзии занон дар пойтахти Тоҷикистон чора биандешад. Дар муроҷиатномаи 50 зану духтар пешниҳод шудааст, писарону мардоне, ки ба бонувону духтарон гап мепартоянд ҷазо бигиранд. Дар Тоҷикистон барои озору азияти ҷинсӣ ҷазо муқаррар шудааст. Гунаҳкорро барои ин кор ё ҷарима ва ё то ду сол аз озодӣ маҳрум мекунанд.

Мақомот: Мо озори ҷинсиро нодида намегирем

Мақомоти расмии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки паёми дабири кулли Созмони Милал воқеиятҳоро инъикос мекунад, вале ҳукумат, ба ин зуҳуротро нодида намегирад.

Як мақом дар Кумитаи занон ба Радиои Озодӣ гуфт, “Бо ҳадафи аз байн бурдани тасаввурҳои ғалат дар бораи нақши занон дар хонавода ва ҷойи кор, таъмини баробарии ҳуқуқи занҳо дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа таблиғот мебарем ва барои ин кор расонаҳои давлативу ғайридавлатиро ҷалб кардаем.

Танҳо дар соли 2017 кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила 200 барнома дар бораи ин масоил ва баробарии ҳуқуқи зану мард омода карда ва дар телевизионҳои марказӣ ва минтақавӣ намоиш додаанд.

Омори такондиҳанда аз зӯроварӣ ба занон дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳарчанд шикоятҳои хос дар бораи озору азияти ҷинсӣ камтар мерасанд, чун занон аз тарси бадном шудан, ин мавридҳоро пинҳон мекунанд, аммо бар асоси шикояти занон аз рафтори мардон дар хонавода зиёд аст.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли 2017 мақомоти интизомии Тоҷикистон, бештар 996 аризаи шикоятӣ аз мардон гирифтаанд, ки ба навъе ҳамсарон, ё занони дигарро озор додаанд. Яъне рӯзе се зан аз рафтори марде ба мақомот шикоят кардаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ мисол овард, ки соли 2016 дар Тоҷикистон 44 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва дар 6 моҳи соли 2017-ум 26 мавриди таҷовуз сабт шудааст ва дар ин миён 16 таҷовузшуда, духтарони хурдсол будаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, барои таъмини ҳуқуқи занон ва кӯмак ба онҳое, ки шоҳиди озору азияти ҷинсӣ ва дигар зӯроварӣ шудаанд, дар Тоҷикистон 33 маркази бӯҳронӣ барои бонувон фаъолият мекунанд ва ҷабрдидагон метавонанд, барои гирифтани кӯмак равонӣ ва ҳуқуқӣ ба ин марказҳо муроҷиат кунанд.

Озору азияти ҷинсӣ бар Тоҷикистон зуҳуроти нав нест, вале солҳои ахир ба гуфтаи бонувон зиёдтар шудааст. Кишварҳои хориҷӣ ҳам ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳанд, зимни сафар дар Тоҷикистон озору азияти ҷинсӣ ва озори лафзии мардонро ба инобат бигиранд, зеро “дар Тоҷикистон озору азияти ҷинсӣ ба занон ва ҳатто таҷовуз ба номус дар рӯз ба қайд гирифта шудааст.”

XS
SM
MD
LG