Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо на гул, балки ҳуқуқи баробар мехоҳем" ВИДЕО


Рӯзи 8-уми март, дар Рӯзи байналмилалии занон ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар Покистону Афғонистону Эрон, Украина ва дигар гӯшаҳои дунё хоҳони ҳуқуқи баробар шуданд ва табъизу зӯроварӣ ба занро маҳкум карданд.

Бино ба гузоришҳо дар шаҳри Теҳрон ҳангоми кӯшиши занон барои таҷаммӯъ дар назди вазорати кор даҳҳо нафар дастгир шуданд.

Гурӯҳе аз занони фаъоли Эрон аввали ҳафта бо нашри баёнияе гуфтанд, “Дар ин як рӯз дар тамоми сол мо занони ин кишвар бояд битавонем, ки ин шаҳрҳоро аз худамон кунем, бе онки устухонҳои моро бишкананд, дар кӯчаҳо биистем ва дар поёни рӯз ба хонаҳои худ баргардем”

Садҳо зан дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон ва шаҳри Лоҳур бузургтарин шаҳри кишвар бо раҳпаймоӣ азияту озори занонро маҳкум карданд. Дар ин кишвар солона тақрибан 1000 занро хешовандони наздикашон барои ба истилоҳ “иснод овардан ба обрӯи оила” мекушанд.

Шаҳид Хоқон Аббосӣ, нахуствазири Покистон дар як ҳамоише ба занони Покистон қавл дод, ки ҳимояти комили ҳуқуқи онҳоро таъмин мекунад.

Занони покистонӣ зимни тазоҳурот мегуфтанд, ки баъди ба истиқлол расидани Покистон дар соли 1947 онҳо аз ҳуқуқи зиёдашон маҳрум шуданд.

Раҳпаймоӣ барои ҳуқуқи занон дар се кишвар дар ин видео

Орзуи занон дар рӯзи ид. Мо на гул, балки ҳуқуқи баробар мехоҳем
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:29 0:00

Дар шаҳри Карочӣ як зане, ки дар натиҷаи пошидани туршӣ ба рӯяш осеб дидааст, дар раҳпаймоӣ ширкат кард ва занони фаъол ба ӯ аҳсан гуфтанд. Ин зан айнак пӯшида буд, то сурати сӯхтааш намоён набошад.

Садҳо зани мусулмон ва насронӣ ҳангоми пайвастани ин зан ба тазоҳурот ба ӯ арзи эҳтиром карданд. Дар Покистон баъзе аз мардон ба рӯи заноне, ки дархости онҳо барои издивоҷро рад мекунанд, туршӣ ва ё кислота пошида ва ба ҳамин васила аз онҳо “ниқор мегиранд,” Чунин занон аксаран аз ширкат дар гирдиҳамоиҳо парҳез мекунанд.

Мо мехоҳем, ҳуқуқи мо дар ҷойи кор риоят шавад. Мо намехоҳем, озору азияти ҷинсӣ бубинем.

Дар Косово ҳам садҳо зан бо тазоҳурот дар кӯчаҳои кишвар алайҳи нобаробарӣ дар миёни марду занҳо эътироз карданд. Онҳо мегуфтанд, ки дар Косово мардон нисбат ба занон ба кор ва манзил дастрасии бештар доранд ва занон дар хонавода ҷабри мардонро мекашанд.

Дар шаҳри Приштина баъзе аз занон дар даст чунин шиорҳо доштанд. “Мо на ид, балки раҳпаймоӣ мекунем”, “Ба мо кор бидиҳед.”

Лулйета Алиу, намояндаи созмони ғайриҳукуматии “Адолат ва Баробарӣ” гуфт, ки “Мо ҳамчун зан барои ҳуқуқи худ мубориза мебарем. Мо мехоҳем, ҳуқуқи мо дар ҷойи кор риоят шавад. Мо намехоҳем, озору азияти ҷинсӣ бубинем.”

Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, садҳо зан бо раҳпаймоӣ ба мақомот гӯшзад карданд, ки барои таъмини ҳуқуқи занон, таҳсили муносиби онҳо ва ҳимояти онҳо аз зӯроварии афзоянда кори зиёде мондааст, ки анҷом бидиҳанд.

Симо Самар, раиси Кумиссиёни Мустақили Ҳуқуқи Башар дар Афғонистон ба заноне муроҷиат кард, ки дар ниҳодҳои амниятӣ кор мекунанд. Ӯ гуфт:

“Амнияти шумо, маънии амнияти тамоми занони афғонро дорад” ва аз онҳо хост, агар аз раҳбаронашон озор бубинанд, ба кумиссиён муроҷиат кунанд.

Бо вуҷуди беҳтар шудани ҳуқуқи зан дар Афғонистон дар як даҳсолаи гузашта ва бахусус дар шаҳрҳо, вазъ дар рустоҳои дурдаст зиёд тағйир наёфтааст. Занон дар инҷо бисёр табъизу хушунат мебинанд.

Афғонистон дар Шохиси Баробарҳуқуқии Занони Созмони Милал дар соли 2015 дар миёни 158 кишвар дар зинаи 154-ум қарор дорад.

Дар Арабистони Саудӣ, як кишвари муҳофизакор гурӯҳе аз занон аз он хушҳолӣ карданд, ки ба онҳо ҳақ доданд, “дар кӯчаҳо бидаванд”.

Занони саудӣ ҳаққи варзиш дар кӯчаҳоро пайдо карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:16 0:00

Само Кинсоро, яке аз онҳое, ки дар кӯчае дар Риёз давид, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки “Ин фақат оғози инқилобе барои занон дар Арабистони Саудӣ аст. Зиндагии мо, кори мо, ҷомеаи мо ва ҳамачиз барои занони Саудӣ тағйир мекунад”.

Дар шаҳри Мосули Ироқ, ки фақат соли гузашта аз дасти гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” озод шуд, гурӯҳе аз занон ҳам дар як дави рамзӣ, озодии худро таҷлил карданд.

Баъзе онҳо чунин шиоре дар даст доштанд: “Ман ҳаққи озодона сухан гуфтан дорам.”

Дар Тоҷикистон, ки даҳҳо барнома барои беҳбуди ҳуқуқи зан ва боло бурдани мақоми ӯ дар ҷомеа қабул шудааст, нобаробарӣ байни зану мард ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Зӯроварӣ ба зан як расм аст, бештар аз 60 дар сади донишҷӯён мардон ҳастанд ва бекорӣ дар байни занон, назар ба мардон ба маротиб зиёд аст. Созмони Милал ҳам борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки зӯроварӣ нисбат ба занонро хотима дода ва барои боло бурдани мақоми бонувон кори бештар анҷом бидиҳад.

Дар Тоҷикистон, ки раҳпаймоӣ мамнӯъ аст, дар остонаи рӯзи байналмилалии занон як осорхонае бо номи Занони Барҷастаи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки мардумро бо дастовардҳои занони фаъол тоҷик ошно мекунад.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед.

Аввалин зани тоҷик, ки фаранҷиашро кашид, кӣ буд? Нахустин милисаи зан чӣ?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:21 0:00

Рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон маҳз ба хотири занон Рӯзи истироҳат эълон кардаанд, занони зиёдеро дар бозорҳо мебинед, ки машғули кори вазнин ҳастанд, то хонаводаи худро таъмин кунанд.

Гузориш дар бораи яке аз онҳоро инҷо бубинед.

Барои он дар бозорам, ки бачаам азоб накашад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:11 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG