Пайвандҳои дастрасӣ

"Вақте фаҳмидам кӯдакамро таҷовуз кардаанд, дунё дар назарам тор шуд..."


Падаре дар як деҳаи ҷануби Тоҷикистон чанд моҳи охир талош дорад, озордиҳандаи писари 8-солааш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Писари ӯ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи падар, ки аз назари ахлоқӣ намехоҳад исму маҳалли зисташ ошкор шавад, ин ҷиноят аз ҷониби як хатмкардаи мактабе содир шудааст, ки дар ҳамин деҳа ба сар мебарад.

Дар баробари ин падар, боз ду хонаводаи дигар бо айни чунин шикоят аз болои ҳамин ноболиғ ба додситонӣ муроҷиат кардаанд. Ҳодиса моҳи июн рух дод ва озордиҳанда моҳи сентябр мавриди боздошт қарор гирифт.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли охир 48 ҳодисаи таҷовуз ба номуси кӯдакон сабт шудааст.

Ҳодисае, ки оромиши як хонаводаро аз байн бурд

Падар наметавонад дарди фарзандашро орому беасабоният нақл кунад. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми сентябр ӯ гуфт, ин ҳодиса зиндагии хонаводаро дар як рӯз дигар кард. Баробар бо азияти рӯҳии ҳамагон дар хона, кӯдаки шӯху беғамаш ба як тифли тарсуву одамгурез табдил шуд. Вай мегӯяд, баъди таҷовуз озордиҳандааш кӯдакро боз латукӯб ва ҳам таҳдид кардааст, ки ба касе лаб накушояд.

Афзоиши озори ҷинсии кӯдакон як мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст. Додситонии кулли кишвар дар соли 2013 аз афзоиши озори ҷинсии кӯдакон нигаронӣ карда буд.

"Табобат кардем, дуо хондем, аммо ҳоло ҳам шаб аз хобаш тарсида мехезад. Болои ин, пас аз ин кор писарамро латукӯб карда будааст, ки кӯдак мегӯяд, сарам дард мекунад. Маълум аст, вақте мебинед аз чеҳра намоён аст, ки кӯдак мисли пешина нест. Рангу рӯяш парида, чашмонаш аз чизе тарс доранд"-нақл кард ин падар.

Бо ваъдаи нишон додани заргӯш...

Падар мегӯяд, дар тамоми ин гирудорҳои охирашон посухи падари озордиҳанда ҳеҷ гоҳ аз хотираш намеравад. Падари ҷавони боздоштшуда гуфтааст: "Дар ҷавонӣ ҳар кор мешавад, беақлӣ мекунанд". Ҳоло танҳо орзуи хонаводаи кӯдак ин аст, ки адолат тантана кунад ва ҷинояткор сазои корашро бубинад.

Аз рӯи нақли тифл ва кӯдакони озордидаи дигар, ҷавон бо ваъдаи нишон додани заргӯшҳо, онҳоро савори велосипед ба як деҳаи ҳамсояи дигар бурда, таҷовуз кардааст. Мисли ин падар, волидони дигари кӯдакони озордида ҳарос доранд, ки осеби ҷисмониву равонии фарзандонашон тамоми умр дар зиндагии онҳо таъсиргузор мешавад.

Дар додситонии маҳаллӣ вуҷуди ин парвандаи ҷиноиро ба Радои Озодӣ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, феълан дар ҷараёни тафтишот аз шарҳи матбуотии он худдорӣ мекунанд.

"Таҷовуз карданд ва ба об андохтанд"

Модари панҷ фарзанди дигар Саломат мегӯяд, тифли панҷсолааш ду сол пеш дар шароити ҳамсон аз ҷониби ду ноболиғи ҳамсояашон, таҷовуз шудааст. Баъди таҷовузи тифл дар як алафзоре соли 2015, зоҳиран ба хотири рӯйпӯш шудани ҷиноят, кӯдакро ба об мепартоянд. Вале тасодуфан ӯ зинда монда, ба хона бармегардад. Модар мегӯяд, ду сол аст, ки осори таҷовузро дар тани кӯдак табобат мекунад, вале ин муолиҷаҳо ҳам бино ба тангдастии хонавода, мунтазам ва саривақтӣ сурат намегирад.

“Ман вақте писарамро дар ин ҳолат дидам, фикр кардам оббозӣ кардаасту ғарқ шудааст, вале баъди он, ки назди духтурон бурдам ва натиҷаи ташхисро дидам, дунё дар назарам тор шуд. Вале ман дигар коре карда наметавонистам, чун як модари танҳо ҳастам”, - афсӯс мехӯрад ин модар.

Худдорӣ аз шикоят бинобар таҳдидҳо

Ба фарқ аз қиссаи аввал, ин модар ба ҷое шикоят накардааст. Ба нақли ин модар, таҷовузгарон бо истифода аз мазлуму танҳо буданаш ӯро таҳдид кардаанд, ки агар сирашон ошкор шавад, ҳолаш аз ин бад хоҳад шуд.

Дар бораи ҳодиса дар ин хонавода ҳоло фақат як созмони ҷамъиятӣ дар Бохтар огоҳӣ дорад. Ба ин созмон ҳам модар аз ночорӣ барои дарёфти кӯмаки молӣ ҷиҳати табобати писараш муроҷиат кардааст. Масъулони ин созмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба хотири амнияти ин хонавода ва хоҳиши ин модар, қазия то ба додгоҳ кашонда нашудааст.

Паёмадҳои озори ҷинсӣ дар ҳаёти кӯдакон

Волидони қурбониёни хурдсоли озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон, мегӯянд, ин кӯдакон баъди ин ҳодисаҳо тарсуву хеле нобовар ва одамгурез шудаанд. Волидон аз он нигаронанд, ки таъсири ин ҳодиса абадан дар зиндагии онҳо нақш хоҳад гузошт. Бо мушоҳида аз чунин ҳодисаҳо ва ҳам ин ду сарнавишт, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам, афроди барои кӯдакон шиносу ҳамсоя ба онҳо дастдарозӣ кардаанд, равонпизишкон мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо ҷиноятҳои марбут ба таҷовузи кӯдакон аз сӯи афроди барои кӯдак шинос содир мешавад, ки кӯдак ба онҳо эътимод дорад.

Қонунҳои Тоҷикистон педофилия ё озори ҷинсии кӯдаконро ҳамчун ҷинояти сангин арзёбӣ мекунад ва барои муҷримон аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Равоншиносон мегӯянд, кӯдакони таҷовузшуда дар баробари озори ҷисмонӣ, осеби шадиди равонӣ мебинанд ва бархе як умр таҳти таъсири ин ҳодиса мемонанд.

Равоншинос: "Ин кӯдакон бовариро аз даст медиҳанд"

Равоншинос Шерзод Мусрифшоев мегӯяд, ин кӯдакон худбовариро аз даст медиҳад ва худро ҳамеша дар зиндагӣ як шахси ҳақиру озурда ва беэҳтиром эҳсос мекунад: "Дар баробари мушкили равонӣ, кори меъдаву рӯдаи афроди озори ҷинсидида нуқс пайдо мекунанд. Озори ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон як захме барои онҳо хоҳад буд, ки тамоми умр бардошташ барояшон гаронӣ мекунад."

Шерзод Мусрифшоев
Шерзод Мусрифшоев

Равоншиносон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои сангин, ба қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ тавсия медиҳанд, ки ба ҷои сукуту пинҳонкорӣ, баръакс бояд ба пулис ва созмонҳои офиятрасон муроҷиат кунанд, то педофил ё озордиҳандаи кӯдак, ҳатман ҷазо бинад. Вагарна хатари осеб дидани кӯдакони дигар бештар мешавад.

Афзоиши озори ҷинсии кӯдакон як мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст. Додситонии кулли кишвар дар соли 2013 аз афзоиши озори ҷинсии кӯдакон нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи мақомот, дар 15 соли охир мизони ҷиноятҳои ахлоқӣ дар кишвар 100 фоиз афзудааст. Ба таъкиди мақомот, танҳо дар ду соли ахир 48 ҳолати зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон сабт шудааст. Ин мавзӯъ дар нишасти ахири СММ дар Женева бо ширкати вазири адлия ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак баррасӣ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG