Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ зидди "гаппартоӣ"-и мардон гурӯҳи корӣ ташкил кард


Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар мавриди муроҷиати занон оид ба бадрафтори мардону ҷавонон гуфт, воқеан чунин муроҷиат ба онҳо ворид шудааст. Вай афзуд, алакай аз ҳисоби фаъолон ва мақомот гурӯҳи корӣ таъсис шуда, барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрӣ корҳои кор шуруъ шудааст.

Зубайдзода гуфт, бештар аз 200 камера ҳам чунин ҳодисаҳоро назорат мекунад. Вай афзуд, воқеан миёни бархе ҷавонон ҳодисаҳои бадрафторӣ нисбати занон вуҷуд дорад ва гуфт, умедвор аст, ки ин мушкил ҳалли худро меёбад. Мавсума Муинӣ, муовини дигари раиси шаҳри Душанбе гуфт, барои бартараф кардани ин мушкилиҳо, пеш аз ҳама дастгирии ВАО муҳим аст.

Чанд рӯз қабл гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд. Дар муроҷиатномае, ки зери он 50 зану духтари сокини Душанбе имзо кардаанд, пешниҳод шуда буд, ки барои муҷозоти ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон луқмапартоӣ мекунанд, чораҷӯӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:52 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG