Барканории волии Толибон пас аз ноамниҳо дар Бадахшон

Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.

Дар пайи нооромиҳои ахир дар вилояти Бадахшони Афғонистон, волии ин вилоят ва фармондеҳи амнияти он аз мақом барканор ва чеҳраҳои нав ба ҷойи онҳо таъйин шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 25 август дар шабакаи Х навишт, ки бар асоси фармони раҳбари ин гурӯҳ, Мавлавӣ Исмоил Ғазнавӣ, раис ё волии Бадахшон ва Мавлавӣ Абдулбасир Мазҳарӣ, фармондеҳи амнияти ин вилоят аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, бо фармони дигари раҳбари Толибон, Мулло Раҳматулло Наҷиб, ки муовини собиқи вазири корҳои дохилии ҳукумати ин гурӯҳ буд, волии ин вилоят ва Мулло Аҳмадшоҳ Диндӯст, ки қаблан дар мақоми раиси вилояти Сарипул кор мекард, фармондеҳи амнияти Бадахшон таъйин шудаанд.

Тағйир дар сатҳи раҳбарии мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон нишондиҳандаи он аст, ки ҳукумати Толибон дар мавриди амнияти ин вилоят нигаронӣ дорад ва мехоҳад аз афзоиши он пешгирӣ кунад.

Тағйироти нав дар сохтори раҳбарии идорӣ ва амниятии Бадахшон пас аз он сурат гирифт, ки ахиран нигарониҳои сокинони чандин ноҳияи ин вилоят дар бораи вазъияти амниятии минтақаҳои он афзоиш ёфт.

Ҷумъахони Фотеҳ, аз фармондеҳони норозии Толибон дар Бадахшон.

Даргирӣ миёни афроди мусаллаҳи вафодор ба Ҷумъахони Фотеҳ, фармондеҳи норозии Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Толибон дар вулусволии Нусайи Дарвози ин вилоят ва пеш аз он гурӯҳҳои мухолифи Толибон, аз ҷумла, "Сипоҳиёни меҳан", "Ҷабҳаи озодӣ" ва "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ", ки ин вилоятҳо сархати хабарҳои байналмилалӣ сохт, нигарониҳоеро дар бораи амнияти ин вилоят барангехт.

Бар асоси гузоришҳо, гурӯҳи тозатаъсиси "Сипоҳиёни меҳан" беш аз як моҳ пеш ноҳияи Яфталро дар Бадахшон барои чанд соат таҳти назорати худ даровард. "Ҷабҳаи озодӣ" низ мегӯяд, ки фаъолиятҳои худро дар ноҳияи Зебок ҳаммарз бо Покистон ва на чандон дуртар аз марзи Тоҷикистон, афзоиш додааст.

Бо афзоиши чунин ҳодисаҳо дар Бадахшон, ду мақоми баландпояи ҳукумати Толибон дар ин вилоят низ дар натиҷаи ҳамлаҳои алоҳида кушта шуданд.

Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон" дар вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 28-уми июл дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар вулусволӣ ё ноҳияи Баҳорак кушта шуд. Гурӯҳи ДОИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт.

Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон" дар Бадахшон рӯзи 28-уми июл дар як ҳамла кушта шуд.

Чанд рӯз баъд, Абдураҳмон Мансур, шаҳрдори Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, дар як ҳамлаи мусаллаҳона бо муҳофизонаш кушта шуд. "Ҷабҳаи муқовимати миллӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Дар айни ҳол, аз бархе минтақаҳои Бадахшон низ гузоришҳое аз даргирӣ миёни сокинони норозӣ ва нерӯҳои Толибон ва кушта шудани се тан дар ноҳияи Яфтал нашр шуда буд.

Мақомҳои Толибон дар ин рӯйдодҳо Покистонро муттаҳам карданд, ки ба афроди мусаллаҳ иҷозат медиҳад аз минтақаи Читрол ба Бадахшон убур кунанд.

Ба гуфтаи ҳукумати Толибон, шуморе аз ин афрод дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои онҳо кушта шуданд ва шуморе дигар дубора ба Читрол фирор кардаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин марзи муштарак дорад.